Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:39

Маркази қонунгузории назди президент: Гуфтаҳои Қуръон бояд ба инобат гирифта шаванд

31 июл 2013, 18:39

Маҳмад Раҳимов, раиси Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон дар мавриди манъи никоҳи хешутаборӣ дар кишвар мегӯяд, бояд тамоми паҳлуҳои ин масъала, аз ҷумла гуфтаҳои Қуръони маҷид, ҷанбаи тиббӣ, иҷтимоӣ ба инобат гирифта шаванд.

Раҳимов, имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки ҳоло сари масъалаи никоҳи хешутаборӣ гурӯҳи корӣ ва худи масъулини марказ кор карда истодаанд: «Вобаста ба манъи никоҳи хешутаборӣ нафарони зид ва ҷонибдор ҳам зиёданд. Худи ман ҳоло гуфта наметавонам, ки зид астам ё ҷонибор, чун ҳоло ин мавриди омузиш қарор дорад. Сари ин масъала бетараф ҳам буда наметавонам. Хулосаи ниҳоиро дар мавриди пешниҳодҳо ҷиҳати манъи никоҳи хешутаборӣ танҳо гурӯҳи корӣ, ки барои омӯзиши ин масъала таъсис ёфтааст, гуфта метавонад.»

Ахиран вакили Маҷлиси Намояндагон, Саодат Амиршоева, пешниҳод кард, ки никоҳи хешутаборӣ аз роҳи қонун манъ гардад. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш гуфт, никоҳҳои хешутаборӣ сабаби бо нуқс ба дунё омадани атфол мегарданд. Ин пешниҳоди хонум Амиршоева аз тарафи вакилон хуб истиқбол ёфта, ҳоло барои таҳияи тарҳи ислоҳот ба Кодекси оила дар ин замина гурӯҳи корӣ ташкил шудааст.

Аммо бо ин пешниҳод дар Тоҷикистон на ҳам розиянд. Аз ҷумла Қобилҷон БОЕВ, собиқ раиси шӯъбаи фатво дар Шӯрои уламо дар шарҳи далелҳои ин пешниҳод ба “Озодагон” гуфт, “ин хости Худост, ки фарзанди солим медиҳад, ё носолим. Издивоҷҳои хешутаборӣ аз замони паёмбар роиҷ буд, ки духтари худро ба Алӣ (с) писари амакашон доданд. Агар хешутаборӣ намешуд, пайғамбар манъ мекард ва Худо мегуфт, ки духтаратро ба хешутабор насупор. Ҳастанд оилаҳое, ки духтари амак, тағо ва хола гирифтаанду фарзандонашон солим аст. Яке донишгоҳи исломӣ тамом кард, яке дигараш донишгоҳи миллӣ. Ҳастанд оилаҳое, ки зан аз дигар минтақа асту худаш аз минтақаи дигар, вале фарзандонашон носолиманд. Паёмбар гуфтааст, ки аз бегона низ гиред.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фачтарин ақида. Шумо кори дигар надоред? Кор аз мӯи саратон бисёр аст. Аввал шумо ҳамон вазифаҳоятонро дар назди халқу Ватан иҷро кунед, баъд ба ҷои хоби мардум чашм ало кунед. Аз барои Худо, ин чӣ шармандагист! Ё намедонед чӣ кор карданатонро? Агар надонед, монед ҳамин миллат худаш сари калобаашро ёбад. Сатҳи зиндагии мардум дар кадом ҳолат асту инҳо боошанд, фикри манъи никоҳи хешутаборӣ доранд. Гардам аз донишатон. О, китоб хонед, китоб! Дар ҷаласаҳо мардумро ба китобхонӣ даъват мекунед. Чаро худатон намехонед? Ман рости гап дигар намедонам, ки чӣ гӯям. Барои фаҳмидани ин мавзӯъ ақли ҷавони 14-15 сола кофист. Рафту ман духтари амакамро дӯст медорам. Чӣ шумо дӯст доштанро ҳам манъ мекунед? Мардуми рӯи ҷаҳон механданд ба шумо.
Посух додан
  • Хакикат

  • 1 август 2013 01:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дустони азиз фаромуш набояд кард ки аксари мо мусалмонем ва дар ин масъала низ бояд назари динро дар мадди аввал карор дихем зеро Худовандие ки мо ва шуморо ба дунё овард худ хубтар медонад ки чи барои бандагонаш зарар дорад ва чи фоида!!!
Посух додан
  • сайф

  • 1 август 2013 08:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оре дуруст кайд карданд ,ки харчи бояд Куръон гуяд хамон шавад.Мо шахсан мардуми як нохияи кухистон зиёда аз 400 нафар хешу табор авлод хама кариб 100 солахо мешавад,ки бо хамдигар хешу табои ,келину домоди мебошем. Ман шахсан таткикот бурдам ва хамаи авлодро медонам 2 нафар маъюб хаст аз 400 нафар хешу табор.Хаминхам бо илати бемории якеаш аз падар дар Чернобиль. Пас маълум мешавад хама и ин дар хешу табори нест.Ба гуфти Амршоева дар ин кухистони мо аз бегонахо ки омада келин мекунад шояд худашон осаколи биёянд. Дар кухистон бехтарин духтархои паричехра ва писарони бокувват умр ба сар мебаранд. Метарсам,ки мардуми шахр кишлокихоро келин намекунанд , пас духтарони кухистон интизори кашида шинанд,кай дар аспи сафед шохписари бегона меояд. Агар депутатхои мо ин конунро кабул кунанд аз имруза дида боз сафи духтарони бе шахвар зиёд мешавад,ки ана баъд мачбур мекунед,ки хоричихо омада хамаро бурда ё дар хамин ватани худамон то мудати буданашон кайфу сафо кунанду партофта раванд. ЯК БОРИДИГАР ТАХЛИЛ КУНЕД ДЕПУТАТХО,ТО КИ ОКИБАТИ МИЛЛАТ ЧИ МЕШАВАД!!!!!!!!!!!!!!!! Ташакур ба Шумо акои Махмад Рахимов .(Шумониз акидаатонро низ аник кунед, ки розиед ё не )
Посух додан
  • Пурдил

  • 1 август 2013 10:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин гуна маньи никох аз нигохи дини насроият гирифта шудааст вагарна ягон хочат ба ин нест аз ин дида проблемахои калон яьне аз зино тавалуд шудани фарзанд зиедтар аст аммо хама хомуш
Посух додан
  • мухочир

  • 1 август 2013 15:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз бекори каду кори.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!