Бахшҳо
01 авг 2013 16:24Тоҷикистон / Сиёсат

Баҳси пойгоҳи 201, боҷ ва муҳоҷирон дар гуфтугӯи Раҳмону Путин

Рӯзи 1-уми август дар Маскав мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Владимир Путин баргузор шуд.

Ба гуфтаи масъулони дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, низомӣ ва ҳарбию техникӣ, таҳкими амнияти минтақаӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энержӣ, муҳоҷират, маориф, илму техника ва фарҳанг баррасӣ гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, Владимир Путин дар ин суҳбат бо қаноатмандӣ изҳор доштааст, ки “аз ҳаҷми умумии ҳамкории тиҷоратии хориҷии Тоҷикистон 21 фоизаш саҳми Русия аст”. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, “ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.”

Оқои Путин ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маориф баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор доштааст, ки “наздики 5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик ҳоло дар Русия таҳсил мекунанд ва танҳо соли гузашта 500 нафар аз ҳисоби буҷети Русия ба таҳсил дар мактабҳои олӣ қабул карда шуд”. Эмомалӣ Раҳмон низ дар навбати худ ба Владимир Путин барои даъват ба Маскав арзи сипос карда, изҳори боварӣ намудааст, ки зимни ин мулоқот доир ба масоили гуногуни ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, муҳоҷирати корӣ, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ тавофуқоти зарурӣ ҳосил мегарданд.

Гуфтугӯ доир ба муҳлати ба тасвиб расондан ва татбиқи санадҳое, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии Валадимир Путин дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд, низ сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ояндаи наздик ин масоил бояд ҳалли ниҳоии худро ёбанд. Ба гуфтаи манбаъ, баррасии дурнамои авзои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Осиёи Марказӣ пас аз соли 2014, яъне пас аз ихроҷи нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз ин кишвар аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат будааст. Ҷонибҳо алоқамандии худро ба густариши робитаҳои анъанавии ҳамшарикии стратегӣ таъкид доштаанд.
Мӯҳр
Аҷиб аст ки ин гуна "густариши равобити дуҷониба" пешопеши интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон зикр мегардад. Шуд, тамом. Акнун барои "дастгирии" Путин дивизияи истилоъгари рус дар хоки мо боз ба 490 соли оянда боқӣ хоҳад монд. Аз он ҷумла яке аз полкҳои ин дев изия ҳамагӣ дар 5-6 километрии қасри президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

бародар ту сиёсатро намефахми доим дар фикри танкид кардани тибки тахкикотхо ин пойгох назар ба армияи Точ 10баробар пуркуваттар аст))дар шароити хозир буданашон лозим аст вале на то соли 2042 )кишвархои хамсояи мо фурсат мечуянд махз аз хамин пойгох метарсанд дар мавриди интихобот бошад аз Рахмон дида кадри пуркуват надорем албата чандон мувафак хам нест вактхои охир вале кучост номзади арзанда ки бо овози баланд садо барорад кани барномахояшон ?!онхо дар 1мох мондан зинда мешаванд чунки метарсанд ба покиашон ки дар сурати номзадиаш мумкин хукумат ягон чинояташро ошкор мекунад ва баъди шикаст дар интихобод онхо боз ба хоб мераванд то интихоботи навбати мо хаминкадар мухолифин дорем аниктараш ба хамин сатх расидаем

фирдавс комилов,

Магар мурдани мардуми тоҷик беҳ нест ки қувваи низомии хориҷии дар хокаш буду бошдошта, "даҳ маротиба аз артиши Тоҷикистон пурқувваттар аст". Пас он пулҳои ҳангуфте ки ҳамасола аз буҷаи бе ин ҳам хароби кишвар ба суратҳисоби Вазорати мудофиа мераванд, ба кадом мақсадҳо истифода мешаванд?

Дуввум инки, кӣ бовар мекунад, дар ҳолати "таҷовузи" кишвари хориҷӣ ба хоки Тоҷикистон ин дивизияи рус синаи худро барои мо сипар мекунад ва қурбони тоҷику Тоҷикистон мешавад? Оё модарони он қурбониён дар Русия хомӯш мешинанд? Русҳо тоҷикҳо барин нестанд, ки ҳама чизро хамӯшона таҳаммул кунанд. Ва иловатан, наметарсед, ки афсарони ин дивизия "дар ҳолати лозима" ҳар гуна бандит ва қувваҳои иртиҷоию ҷудоиталабро махфиёна мусаллаҳ хоҳанд кард? Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон метавонанд инро контрол ва пешгирӣ кунанд? Ин саволро ба худ додаед? Русҳо солҳои навад яроқфурӯшӣ карда, таҷриба ҳосил карда буданд

Ва саввум, дар мавриди номзад ба вазифаи президенти кишвар. Оё дар як мамлакати 8 миллиона ғайр аз Раҳмон дигар номзади шоиста нест? Ин тавр бошад, вой ба ҳоли ин халқу ин миллат!!!!! Худо нигаҳ дорад, агар ба Раҳмон ягон кору ҳол шавад, шумо президенти навро аз хориҷи кишвар меоред, "зеро дигар номзади арзанда миёни тоҷикҳо нест!"? Ту ки сиёсатро "мефаҳмӣ", агар қудрат дорӣ ҷавоб навис.

Чамшед рост мега. Фирик тезтар чавоб те

aybast baroi javononi tojik ki vatani moro digar millat omada posboni kunad magar moha misli onhobarin javonmar nestem ki vatanamonro posboni kunem onho maksadi khabis doran

хакикат хаминест ки мебини бародар)))худашхам набошад сояи ин пойгох барои мо хади акал то 5 _4лозим аст!чи ту мехохи мукобили русия сар бардорем???мухочирон чи мешаванд бори фикр мекунед??ин ягона алтернатив аст)дар мавриди интихобот нест чун Рахмон ман инро ба боварии комл мегуям

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)