Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:21

Баъд аз сафари Раҳмон ба Маскав... Сафири Русия нав шуд

2 август 2013, 12:56

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия фармон баровардааст, ки Игор Лякин Фролов, сафири нави Русия дар Тоҷикистон таъин карда шавад.

Дар ин бора хабаргузориҳои Русия хабар дода, меафзоянд, ки аз соли 2010 то моҳи июли 2013 Фролов намояндаи доимӣ ва фавқуллодаи Русия дар Созмони амнияти дастаҷамъӣ будааст. Ӯ соли 1948 таваллуд шуда, солҳои 1995-1999 сафири Русия дар Бурундӣ будааст.

Бо қарори дигараш Путин аз вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Поповро сабукдуш намуд, ки аз моҳи апрели соли 2009 дар ин вазифа кор мекард. Ин тағйирот як рӯз баъд аз мулоқоти Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав сурат гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тоҷикистони бечора. Кадом сафиреро ки ройи кунанд, қабул мекунад. Пеш аз ба Душанбе омадан, Ю.Попов сафири Русия дар Гурҷистон (Грузия) буд ва зимни маъмурияташ кишварашро бо Гурҷистон ҷанг андохт. Дар натиҷаи ин ҷанг он давлат тақсим шуда, Абхазистон ва Осетияи Шимолӣ худро аз Гурҷистон ҷудо эълон карданд. Кремл фавран Поповро гирифта ба Тоҷикистон партофт. Носанҷида ва бе чуну чаро Поповро дар Душанбе бо дили кушод қабул карданд. Ҳоло ки бо баҳонае, хотири фаолияти манфияш дар Тифлис (Тбилиси) сафирияшро рад мекарданд. Накарданд. Хайр, чи шуд? Пас аз омадани Попов ба Душанбе, дере нагузашта дар минтақаи Қаротегин задухурди мусаллаҳона оғоз ёфт, ки дар натиҷаи он аз ҳарду тараф қурбониёни зиёде буданд. Воқеъаҳои соли гузашта дар шаҳри Хорӯғ чӣ? Ин рӯйдод алъон дар хотири мардум тоза аст. Инҷо низ сару садои ҷудоиталабӣ аз Тоҷикистон баланд шуда буд. Ин ҳам аз баракати қадами номубораки Попов буд.

Шояд ашхоси аз сиёсат дур савол кунанд ки, сафири як кишвари хориҷӣ ба ҷангу ҷанҷол дохилӣ чӣ алоқа дорад? Мутаассифона алоқаи мустақим дорад. Фитнаву дасисаангезӣ ҷиҳати ноором кардани вазъи сиёсии кишвар ва бо ин роҳ рехтани иззату обрӯи байналмилалии он, яке аз вазифаҳои махфии сафоратхонаҳои кишварҳои қудратманд мебошад. Дар ин бора филмҳои зиёд бардошта шудаанд. Русия, ки чандон бо Тоҷикистон дӯсти самимӣ нест ва ҳамвора кӯшишҳои кишвари моро ба зону шинонда, дубора мустамлика кардан дорад, аз ин найрангбозиҳо истисно нест.

Бино бар ин сафирҳоро бояд тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳаматарафа санҷида қабул кард. Акнун сафири нави Русия ба Тоҷикистони ҷабрдида бо кадом дилу ният меояд, вақт муайян мекунад. Худо кунад ки бо дили соф биояд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иловатан бигуям ки вазъи харобу ҳузнангези имрӯзаи кишвари ҳамсоя Афғонистон низ ба туфайли инқилоббозиҳои Шӯравии он замон ба вуҷуд омадааст. Он замонҳо Афғонистон аз лиҳози иқтисодӣ ақибмонда ҳам бошад, лекин ба худаш ором ва бе ҷангу ҷанҷол буд. Мана, қариб 35 сол боз (аз соли 1978) мардуми афғон сарсону саргардон дар тамоми мамолики дунё муҳоҷиранд. Садҳо ҳазор нафар куштаву дигарон захми ва беному нишон гум шудаанд. Миллиардҳо доллар хисороти иқтисодӣ! Ин аст оқибати ҷанге ки "аз баракати" дахолати русҳо ба умури дохилӣ ва хориҷии Афғонистон ба вуҷуд омадааст. Чи тавре ки мебинем то ба ҳол кишвари ҳамсоя ба худ намеояд.

Агар, бино ба найрангу тавтиаҳои Шӯравии вақт Афғонистон ба ҷанги дохилӣ кашида намешуд, Тоҷикистон ҳоло аз қисмати ҷанубаш беташвиш мебуд. Аз ин хотир давлатҳои кӯчаки мисли Тоҷикистон бояд наинки мадуми худашро зери фишору шиканҷа қарор диҳад, балки дар муносибат бо кишварҳои абарқудрат ва найрангу ҳийлаҳои онҳо сиёсати хориҷӣ ва, пеш аз ҳама, сиёсати бехатарии хешро мустаҳакам намояд, то ягон хориҷӣ аз назари онҳо дур намонад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷамшед,
Номаъкул карди Чамшуд! Афгонистон тули садсолахост ки ором набуд ва нест. Он кадар хуни мардуми советиро онхо хурдаанд, ки ногуфтанист. Ту харза магу!

Ту мехохи сафири Русияро мо аввал бисанчем? Орзу намо! Ту хамон курбоккае хасти ки пои худро барои наъл боло кардаи
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Равшан,

Равшани "гиромӣ",
ман ки навистам, ягон калимаи дашном истифода набурда будам. Ту бошӣ, бо пайравӣ аз язнаат Галустяни арманӣ, номи поки форсиро "Ҷамшуд" гуфтӣ. Медонӣ Дар Тоҷикистону Ирон чӣ теъдод Ҷамшедҳо ҳастанд? Ба Худо супурдамат. Ту яке аз он хоинҳои косалеси бародарони майзадаат ҳастӣ, ки зидди ҳамватани хеш сар боло кардӣ. Миллияти бечораи тоҷик на мустақим аз дасти бегонагон, балки аз дасти ту барин хоинони хазанда асрҳо боз азият кашида меоянд. Ҳамин ҳоло боз чи қадар хоинони миллат хоки Ватанро касиф карда, барои луқмаи нон ба русҳо "хизмат" карда истодаанд (муҳоҷирони заҳматкаш аз ин истисноанд!), инро Худо медонаду худашон. Ту сиёсатро аз куҷо медонӣ? Мана ин матали машҳури тоҷикӣ барои ту барин хазандаҳо гуфта шудааст. Бихон ва азёд бикун. ХАР ЧӢ ДОНАД ЛАЗЗАТИ ҚАНДУ НАБОТ, ТӮРБАИ КАҲ БОШАДУ КУНҶИ РАБОТ.
Дар робита ба сафоратҳои хориҷӣ ман ҳоло ҳама чизро нагуфта будам. Боз гуфтаниҳое дорам. Чун ин шарҳ дароз шуд, дар ояндааш хоҳам гуфт. Онро барои хоҷагонат дурустакак тарҷума карда деҳ!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Равшан,

Ай косалеси хоҷагонат,

маълум аст ки ту аз умури дипломатӣ хеле дур ҳастӣ. Ончи навистӣ, бо супориши касе навистӣ. Туро аблаҳ кардаанд! Бидон ки дар қоидаи дипломатия сафиронро санҷида (ба тарзи махфиёна)қабул кардан, расму русуми муқаррарист. Инро ҳамаи давлатҳо медонанд ва мекунанд. Масалан, Жириновский баринҳоро чи тавр ба сафирӣ қабул мекунӣ, ки ӯ борҳо тоҷикон ва Тоҷикистонро таҳқир кардааст? Баъзеҳо дар террор ва шиканҷаи мардуми мулкӣ (масалан, дар Чеченистон) иштирок кардаанд, онҳоро низ қабул карда намешавад. Ин масоил вазифаи муқаддаси ВКХ ҳар як кишвар аст.

Акнун мана инро бихон. Банда нахоста будам инро ифшо бикунам, акнун ки маҷбур шудам мегӯям. Замоне дар шаҳри ҷангзадаи (аз баракати русҳо) Кобул маъмурияте доштам. Бароям дӯстони афғонӣ чизеро қисса карданд, ки ба тааҷҷуб афтодам. Маълум шудки, дар замонҳои ахирон шоҳи Афғонистон шаҳрвандоне, ки аз кӯчаи паси сафоратхонаи Шӯравӣ мегузаштаанд, онҳоро пулиси махфӣ (амнияти миллӣ) ба идораашон бурда, ба истинтоқ (пурсиш) мекашидаандки, "чаро аз ин роҳ убур кардӣ (гузаштӣ)? Ҳатман ропуре (хабар, маълумот) ба русҳо додӣ?" Яъне шоҳи зирак аз тарси дасиса ва тавтиаҳои русҳо ҳамин гуна як низоми эҳтиётиро ҷорӣ карда будааст. Намедонам, кадом вақт он эҳтиёткорӣ аз даст рафтааст ки, билохира ба Шӯравӣ муваффақ гашт, дар он кишвар кудато (сарнагуни ҳукумат) ва инқилоб ташкил кунад (с.1978). Оқибати он "инқилобро" банда дар матлаби аввалам шарҳ додаам, ки ҳоҷати такрораш нест. Ҳамаи он чизро ман навистам, фақат ашхоси масъули Ватанро ба эҳтиёткорӣ даъват кардам, наинки аз хотири бадном кардани касе.
Посух додан
  • Матин

  • 4 март 2014 16:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Равшани гироми шумо ё точик нестед ё ин,ки аз ин олам нестед!Шумо аз кучо медонед,ки Афгонистон садсола ором набуд!Вазъи Афгонистон баъди оне,ки шартномаи дустиро бо Ленин,точикписар,вазири вакти корхои дохилаи Афгонистон,писари охирини шохи Дарвоз,Мухаммад Валихони Дарвози баст ва якумин давлате,ки хукумати тачрибавии Ленинро ба расмият шинохт ин онхо буданд!муддати 60 сол вазъ хуб буд ва мардуми хамсоякишвари мо бо он тараккиёти доштаи худ бо сулху салох мезистанд!Лекин собик пиронсолони ЦК КПСС-ро ЦРУ бо максади суст кардани иктидори давлати шурави ба ончо тахрик кард ва дар сари ин беаклхо назарияи сохтани социализмро чойгир кард ва ба ин кишваре,ки 60 сол дустона дар муомила буданд инкилоби дуругини Сарвро бор намуда,кушун фиристониданд ва ба СССР инхисороти зиёди иктисоди расонида шуда.Худи шурави худуди 2 миллион ахоли(азчумла 1.5 миллион точик)ро ончо куштааст.Ту чиро медони дар ин бора.Ин назарияи интернасионализми СССР дар Афгонистон назарияи Руссияи имруза аст на назарияи халки точик ва давлати точик!Хоми накун,акл дори ё не!Имруз нигох кун чун толибон кувват гирифта истодаанд боз дар бораи Афгонистон ва Ахмадшох тарики телевизион рохи таърифро пеш гирифтаанд!Холо,он ки чанги ин мардум дар Афгонистон ба мукобили точик буда,апораашон бошад Дустум буд,зеро Полимтбюро чунин карор кабул карда буд,ки такя ба узбаки босмачи ва паштун!Баъди соли 92 ду майдонро дар Точикистон ташкил ва кишвари моро огушта хун карданд ба он хотир,ки Ахмадшох ва Раббони Афгонистон(ватани аслии худ)ро сохиб шудаанд бо найрангу дастури Ислом Каримов!Лекин чанги Ахмадшох бо толибу Дустуму Хикматёр русхоро бовар кунонид,ки Ахмадшох вокеъан такягохи боеътимоди Руссия аст на фанатик!Имруз низ бо фильмхо ва таргибхояшон точикони Афгонистонро чун опора кор фармоянд!Ин парадокс нест,чаро хамин корро соли 79 ва 92 накарданд!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!