Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:19

Гардиш дар қазияи гаравгонгирии хориҷиён, ё ҳукм барои меҳмоннавозӣ

3 август 2013, 09:47

Нилуфари КАРИМ

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ахиран баррасии парвандаи Сафархӯҷа Партоев, шаҳрванди Қазоқистонро, ки ба гаравгонгирии шаҳрвандони Украина дар Душанбе айбдор мешуд, ба поён бурд.

Қаблан дар оғози соли равон васоити ахбори омма оиди аз “асорат” озод шудани се шаҳрванди Украина дар Тоҷикистон хабар дода буданд. Мақомоти Вазорати умури дохилӣ, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сафорати кишвар дар Украина ин хабарро нишони таҳкими муносиботи тарафайн номида буданд. Тасодуф буд ё қасдан, аммо амалиёти озод шудани ин се нафар, бо дастгир шудани собиқ сарвазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев рост омад. Зоҳиран ин озодкунӣ кӯшиши бебароре барои розӣ кардани ҷониби Украина ба истирдоди Абдуллоҷонов талаққӣ гардид.

Аммо қазияи собиқ сарвазир гузашту парвандаи гумонбар ба нигаҳдории гаравгонон ҳамоно идома ёфт. Чуноне аз маводи парвандаи мазкур бармеояд, гумонбаршуда Сафархӯҷа Партоев ба ҳамроҳии Шаҳбози Абдуҳалим се шаҳрванди Украина – Линок Е.В., Яремчук В.Л. ва Семиряков А.А. тӯли ҳудудан се ҳафта ба гарав гирифта будаанд. Чунин айб нисбат ба шаҳрванди Қазоқистон, ки миллаташ тоҷик аст, рӯзи 9-уми феврали соли ҷорӣ эълон шуда буд.

Он замон дар васоити ахбори омма хабаре паҳн шуд, ки гӯиё номбурда ба ивази гаравгонон сад ҳазор долла талаб кардааст. Аммо дар натиҷаи омӯзиши матолиби парванда ва нақли шоҳидону гумонбаршудагон, тасаввурот нисбат ба ин воқеа дигар мешавад.

Муруре ба парванда

Шаҳрванди Қазоқистон Сафархӯҷа Партоев тобистони соли 2012 тариқи интернет бо шаҳрванди Украина Смерняков А. шинос шуда, бо номбурда муносибати ҳамкории тиҷоратӣ оид ба хариду фурӯши мошинҳои хориҷӣ ба роҳ мемонанд. То замони дастгир шудани Партоев, ӯ чандин бор ба Смерняков пул ирсол намуда, Смерняков дар навбати худ мошинҳои хориҷиро ба Тоҷикистон расондааст. Бори охир Смерняков ба Партоев пешниҳоди хариди мошини “Toyota Land Cruizer-200” бо нархи 38 000 ва дертар «Лексус 570» бо нархи 11 000 доллар намудааст. Партоев бо ин пешниҳод розӣ шуда, маблағи умумии 50 000 долларро ба шаҳрванди Украина ирсол менамояд. 6 000 доллари ин маблағро номбурда аз шаҳрванди Тоҷикистон Ш.Абдуҳалим ҳамчун қарз гирифта, ваъда медиҳад, ки «Лексус 570»-ро ба ӯ бо нархи арзон мефурӯшад.

Дар гузаргоҳи сарҳади Узбакистон “Б.Конисбаев” сарҳадчиён маълум кардаанд, ки мошини “Land Cruizer” дар ҳақиқат дуздида шудааст ва аз ҷониби мақомоти Русия дар кофтукоб мебошад. Аз рӯи ин ҳодиса, ронандаи мошин Е. Ленок пурсуҷӯ шуда, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 209-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон боз шуд.

Дар шарҳи маводи парвандаи мазкур, ки сафорати Қазоқистон ба хабаргузории “Озодагон” пешниҳод намуд, гуфта мешавад, муфаттиши парвандаи Партоев аз ҷониби Тоҷикистон ба фарқияти нишондодҳои шаҳрвандони Украина Е.Линок, Яремчук В. ва Семиряков А. аҳамият надодааст. Дар ҳуҷҷатҳои мазкур гуфта мешавад, ки Партоев аз Семиряков хоҳиш кардааст худаш ташриф оварда, қазияро ҳал намояд ва бо сабаби иҷро нашудани шартҳои созишнома аз Семиряков талаб кардааст, то пули ӯро баргардонад ва шаҳрванди Украина ба ин талаби ӯ розӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон шаҳрвандони Украина В.Яремчук ва Е.Ленок дар хонаи Ш.Абдуҳалим истиқомат мекарданд ва дертар Семиряков низ ба Тоҷикистон омада, дар ҳамин хона истиқомат ихтиёр кардааст. Рӯзи 31-уми январ ба хонаи истиққоматии мазкур кормандони хадамоти махсуси пулис даромада, С. Партоев ва Ш.Абдуҳалимро ба гумони гирифтани гаравгон ва талаб намудани пул барои озодии онҳо, дастгир кардаанд.

Чуноне вакили мудофеи Партоев, Шавкат Қосимов ба нақл аз зерҳимояаш мегӯяд, “он рӯз дар хона нишаста будам ва меҳмонон (манзур шаҳрвандони Украина) дар ҳавлии хона нишаста, бо планшет кор мекарданд ва суҳбати телефонӣ доштанд. Вақте бачаҳои гуруҳи “Алфа” ба хона даромада аз ман суроғи гаравгононро пурсиданд, ман нафаҳмидам, гап сари чӣ меравад. Вақте фаҳмидам, онҳо меҳмононро дар назар доранд, гуфтам онҳо гаравгон нестанд ва дар берун нишастаанд. Бачаҳои “Алфа” бо сардории генерал Ҷӯрахон Зоиров онҳоро дида, дар ҳайрат афтоданд, ки ин чи гуна гаравгонгирист, ки онҳо чунин озоданд.”

Оқои Қосимов, ки аз ҷониби сафорати Қазоқистон барои ҳимояти шаҳрванди ин кишвар пешниҳод шудааст, се моҳ қабл ба иҷрои вазифаи худ оғоз намудааст. Дар ҳамин ҳол, Партоев тӯли шаш моҳ аст паси панҷара қарор дошт. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал хабар дод, ки дар амалиёти озод намудани шаҳрвандони Украина, кормандони ОМОН ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сафарбар шуда буданд ва он 31-уми январ дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Сафири Украина дар Душанбе низ ин хабарро таъйид карда, саҳми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷиро дар раҳоии шаҳрвандонаш муҳим хондааст.

9-уми феврали соли 2013 мақомоти қудратӣ Партоевро бо моддаҳои 181 (одамрабоӣ) ва 250 (тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор карда буданд, аммо дертар, аз сабаби кофӣ набудани далелҳо, айбдоркунӣ аз рӯи ин моддаҳо лағв шуда, ба ҷои он моддаи 181 ҳамин Кодекс (одамрабоӣ) татбиқ шудааст. Дар ҳоле ки сохтори қудратӣ мегӯяд, Партоев барои озодии гаравгонон пул талаб кардааст ва ба ҳамин хотир ба ҳамроҳии Ш.Абдуҳалим дастгир шудааст, маводи парванда баръакси ин ҳолро исбот мекунанд. Мувофиқи он, Партоев аз шаҳрвандони Украина талаб намудааст маблағи зарари ӯро ҷуброн намоянд ва ҳатто Семиряков як қисми ин маблағро ба миқдори 28 000 доллар тариқи бонк аз модараш гирифта, ба Ш.Абдуҳалим додааст.

Гумонбаршуда мегӯяд, ӯ аз шарики тиҷории украиниаш талаб кардааст, ки ҷуброни зарари ӯро бипардозад ва маблағи роҳкирои ду ронандаро низ ирсол намояд, то ӯ тавонад меҳмононро ба ватанашон гусел кунад. Ин дар ҳолест, ки дар парванда омадааст, “Партоев таҳдид намудааст, ки дар сурати нагирифтани пул гаравгононро таҳти шиканҷа қарор хоҳад дод.”

Пас аз гирифтани маблағи 30 000 доллар ва додани 28 000-и он ба Ш. Абдураҳим, гӯиё шаҳрвандони Украина бо хешовандони худ тамос гирифта, ба онҳо гуфтаанд, ки дар гарав ва мавриди шиканҷа қарор доранд. Дар навбати худ, хешовандони онҳо ба сохторҳои зирабти Украина муроҷиат кардаанд ва онҳо бо каналҳои дипломатӣ аз ин аҳвол Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистонро хабардор намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидон Охунова Ш. Иқболова Ф, Сафарова А. ва Муминова З. мегӯянд, шаҳрвандони Украина дар ҳақиқат дар хонаи Ш.Абдуҳалим истиқомат намуда, имкони озодона аз хона баромадан, сайругашт кардан ва ба ҳар ҷои лозим рафтанро доштаанд, ки ба ҳолати нигаҳдории гаравгонон монандӣ надорад.

Давлат Шарифов, бародари ҳамсари Партоев, мегӯяд, то ҳоло барои маслиҳат ба шахсони зиёд муроҷиат намудааст. “То кунун ба ҳар ҳуқуқшиносе, ки муроҷиат кардам, маводи парвандаро дида, танҳо бо ханда гуфтанд, ки Партоев бояд озод шавад ва дастгир шудани ӯ беасос аст. Аз ҳуқуқшиносону адвокатҳо гирифта, то судяҳо, ҳатто дар Маскав, ҳамин суханро таъкид кардаанд.”

Сафорати Қазоқистон шароити озодии Ш.Абдуҳалимро аҷиб медонад: “Дар сурати айбдоркунии якхела, Партоев паси панҷара аст, аммо Абдуҳалим бо супурдани маблағи гарав озод карда шудааст, ки ин аҷиб аст”.

Ҳукм-барои меҳмондорӣ?

Рӯзи 30-юми июл баҳси ин парванда дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ба охир расид ва суд бо ҳукми хеш С.Партоев ва Ш.Абдуҳалимро бо исми аввали моддаи 334 КҶ ҶТ (худсарона амал кардан бидуни зӯроварӣ) гунаҳкор ҳисобида, бо дарназардошти 6 моҳи ҳабс, ҳар кадоми онҳоро бо маблағи 4000 сомонӣ ҷарима баст ва дар толори додгоҳ озод намуд.

Аммо вакилони мудофеи Сафархӯҷа Партоев ва Шаҳбози Абдуҳалим мегӯянд, аз чунин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. “Зерҳимояи ман умуман гуноҳе накардааст, балки онҳоро хуб меҳмондорӣ кардааст, чаро бояд ҷарима супорад?” – суол медиҳад Маҳмудов Шароф, адвокати Ш.Абдуҳалим.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ҳангоми амалиёти дастгир намудани айбдоршавандагон 28 000 долларе, ки Семиряков барои пардохти қарзаш ба Ш.Абдуҳалим дода буд, аз ҷониби кормандони амниятӣ гирифта шудаанд ва алҳол маълум нест, ки дар куҷоянд.

Ҳоло вакилони мудофеи Сафархӯҷа Партоев ва Шаҳбози Абдуҳалим мехоҳанд ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ баранд ва нафарони таҳти ҳимояти худро сафед намоянд. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, ки мақомот 28 000 доллари гумшударо низ баргардонда, ҷуброни шаш моҳи ҳабсро низ пардохт намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар забони точикии худи мо мегуянд,ки;"Дуздро каракчи зад".Яъне ин макол ба хамин гурухи одамон тааллук дорад."Дуздро каракчи зад",каракчихоро кормандони амнияти бехатарии Точикистон.Бо сардории генерали КАМ Ч.Зоиров.Хулласу мушаххас,ки 28000-доллари амрикои дар байни мехмонону мизбонону хомиёни бехатари гум шудааст.Сафархучаи корчаллон бошад,ба хабс кашида шуд,мехмонони точикистонии аз Украина омадаги аз мехмондории тулонии точикони бо нону намак озод шуданд,хомиёни бехатари номдору машхур гаштанд,касе маблагхои амрикоиашро гум кард,чанд сареву чанд махшару гавгое.Бо замми ин Сафархуча,таи 7-мох зиндони шуд.Сафархучаи корчаллон аз хамон солхои бачагиаш,сохибкору точири алохида буд.Дар даврахои шурави,охирхои солхои 80--ум Сафархучаи чавон,хамчун сардори кооператив,мустакилона амал мекард.Мошиндорони бисёре дар навбати истеъмоли сузишвори мешуданд,бензину солярка камёфт шудан гирифт.Навбат барои бензин,навбат барои сузишворихои гуногун,навбат барои масолехи сохтмону орду маводи хурданиву пойафзолу либосхои "муди"и охирин,дар нохияхову шахрхои Точикистони шурави мушохида мешуд.Сафархучаи калладор,мушкилихоро осон мекард.Дар хавлии бобогиаш бензину солярка мефурухт,пойафзолхои "адидас"у "саламандро",куртахои "табани" ва баъзе молхои саноатиро аз хар кучо пайдо мекард.Масалан,ба хадду хамсояхову шиносхояш мефахмонд,ки чи лозим,ки бозор ба бозору база ба база мегардеду сарсону саргардон мешавед,ба ман "заказ" фармоед,аз сидки дил ичро мекунам,мегуфт.Баъдтар уро бо эхтиром раиси корбудкуну баъзехо Сафари "заправка" мегуфтанд.Яъне,ки ёриву мададгориаш аз хамон солхо маълум гашта буд.Чавонмарди бо нону намак ва сахиву дасткушод аст,Сафархуча.Харчанд,ки мо рафторхои нобарчои уро пай набурдаем.У амали таваккали кардааст.Чи гуна у ба чамъият хатар оварда будааст,ки 7-мох зиндони гаштааст.Аз афташ аз ин Сафархучаи саховатманд,шахсоне исттифода бурдани шудаанд.Акнун ин дафъа дилаш боз Точикистон мемонад.
Посух додан
  • Jamshed

  • 4 август 2013 07:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Haminro GOVSUD meguyand.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!