Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Се назар: Мардум бояд ба чӣ эътимод кунанд?

3 август 2013, 10:51

Дар пасманзари сарусадоҳо оиди коҳиши эътимоднокӣ дар ҷомеаи тоҷик хабаргузории "Озодагон" аз таҳлилгарон пурсид, ки мардум ба чӣ бояд эътимод кунад?

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон

Ба ин савол намешавад ба якборагӣ ҷавоб гуфт. Барои мисол, барои ноумед шудани мардум аз мавҷудияти адолати додгоҳӣ. Бале, ман ҳам хабар дорам, ки имрӯзҳо даҳҳо парванда ба таври зарурӣ баррасӣ намешавад. Вале аз ин садҳо нафарро мо бояд таҳқиқ кунем, ки сабаби норизоӣ аз баррасии парвандаҳояшон чист? Ноумедии мардум аз мавҷуд набудани адолати додгоҳӣ масъалаи бисёр ҷиддӣ ҳаст, барои дақиқан пайдо кардани ҳалли ин масъала мо бояд санҷишҳо гузаронем. Аҷиб барои ман ин аст, ки вақтҳои оҳир таҳлилҳое мешавад, ки гӯё дар кишвар фазое ба вуҷуд омада, ки дигар мардум комилан эътимоди худро аз даст додаанд. Ин таҳлилҳо дар асоси чист? Оё пурсише миёни мардум гузаронида шудааст? Оё мақомот дар ин бора назарсанҷӣ гузарониданд? Не, таҳлилҳои беасос ҳам шуморидан имкон дорад. Ҳоло вазъи кишвар хеле мушкилфаҳм шудааст. Фарз кардем, атрофи баррасии парвандаҳо. Парванда ҳоло дар додгоҳи ноҳиявиву шаҳрӣ нарасида, сару садои он то ба додгоҳи олӣ расидааст.Ин нодуруст аст, додгоҳи олӣ бояд дар марҳилаи ниҳоӣ бубинад, на қабл аз додгоҳҳои ноҳиявиву шаҳрӣ.

Воҳидхони Қосиддин, таҳлилгар

Аз нигоҳи банда дар ҳамин шабу руз мардум хеле хаста шудааанд. Ман гумон мекунам, ки ҳоло ягон зарра равшание барои умеди мардум ба вазъу ояндаи намондааст. Чунки дар ҳамаи бахши зиндагӣ, чӣ дар сиёсат, чӣ дар иқтисод ва иҷтимоиёт номуаянӣ аст. Танҳо ислоҳоте дар вазъи кишвар метавонад ба мардум як эътимод бидиҳад. Бубинед, ҳатто ҳамин маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи президентӣ ба мардум ҳеч умеде намедиҳад. Баръакс бо махдуд гардидани қонунгузориҳо омма якбора дилсард шудааст. Танҳо умеде, ки мардум дорад, ин танҳо ва танҳо ба вуҷуд овардани ислоҳот аз ҷониби нерўҳои сиёсӣ мебошад.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари ҷамъияти “Перспектива+”

Умед бояд ба зиндагӣ бошад. Бубинед, ки ҳатто вақти марг ба инсон охирин умед медиҳанд. То лаҳзаи охирин инсон фикр мекунад, ки ҳама хуб мешавад. Мардуми тоҷик умед мекунад, ки чизе беҳ намешавад. Зиндагии тоҷикон руз то руз вазнинтар мешавад. Ман чанде пеш ба Ёвон сафар доштам. Вазъ то он сатҳе расидааст, ки дигар занони бечора худ ба хиштрезӣ машғуланд. Зиндагӣ хеле мушкил шудааст. Ба мардум танҳо ваъда медиҳанд, вале бо ваъда ҳеч коре намешавад. Мардум бисёр таҳаммул кард, аммо бо ин сабр бозӣ набояд кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!