Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:57

Посухи Кумитаи радио ва телевизион ба Муҳиддин Кабирӣ

6 август 2013, 14:56

Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ посух дода, маъракаи махсуси иттилоотиро алайҳи ин ҳизб дар телевизионҳои давлатӣ рад мекунад.

Дар посухи Кумитаи телевизион, ки рӯзи 5-уми август, зери имзои Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали Асадулло Раҳмонов, раиси ин кумита, ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад, ки шабакаҳои телевизион ба ҳеч ваҷҳ ба пахши иттилои беасос ва таҳқиру туҳмат нисбати ҲНИТ роҳ надодаанд. Сиддиқов зикр мекунад, ки агар ҲНИТ гузоришҳои ахирро аз ҷамъомадҳо бо иштироки уламо дар навоҳии кишвар дар назар дорад, “дар он ҷо иштирокчиён тибқи ҳуқуқи конститутсиониашон, назари шахсии худро баён намудаанд ва шабакаҳои телевизиону радио тибқи уҳдадориҳои оинномавии худ ба тамошобинону шунавандагонаш аз он иттилоъ додаанд.”

Кумитаи телевизион таъкид намудааст, ки шабакаҳо уҳдадор нестанд вобаста ба назари иштирокчиёни ҷамъомадҳо, ки ҳамарӯза даҳҳо адад пахш мешаванд, раддияи ҷониби дигарро низ дар барномаҳо ҷой диҳад. Сиддиқов мақсад аз фаъолияти Кумитаи телевизионро таҳкими сулҳу субот ва рушди кишвар гуфта, афзудааст, ки “итминони комил дорам, субот дар кишвар устувор аст ва дигар ҳеч қувваю амале наметавонад ба он “зарба занад.”

Ӯ дар охир таъкид намудааст, ки Кумитаи радио ва телевизион бо ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар ҳамкорӣ ба роҳ монда, дастрасиро ба шабакаҳои телевизиону радио барои ҳамаашон баробар таъмин намудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома аз Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, талаб кардааст, барои пахши раддия ба онҳо низ шароит фароҳам оварад. Дар номаи Кабирӣ омадааст, “вақтҳои охир дар шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ маъракаи васеи таблиғотӣ алайҳи ҲНИТ ба роҳ монда шудааст, ки гоҳо дар он таҳқиру буҳтон низ ҷой дорад.”

Раиси ҲНИТ чунин амалкардро хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва сулҳу ваҳдати миллӣ номида ва гуфтааст, “он ба якпорчагӣ ва суботи кишвар зарба мезанад”. “Агар мақсад аз пахши чунин барномаҳо таъмини гуногунандешӣ ва плюроализми сиёсӣ бошад, зарур аст, ки назари тарафи дигар ҳам дар расонаҳои давлатӣ инъикос гардад”,-афзудааст ӯ.

Дар поёни номаи Муҳиддин Кабирӣ ба Асадулло Раҳмонов таъкид шудааст, ки “аз ин рӯ, дар асоси моддаи 15-и Қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва моддаи 24-и Қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Шумо талаб менамояд, шароитро ба масъулини ҳизбӣ барои раддия дар ҳамон воситаи ахбори оммаи давлатӣ ва ҳамон вақти пахшгардида, таъмин намоед.”

Ба дунболи дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон дар рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ, барномаҳои мухталифе дар шабакаҳои радиои ва телевизиони Тоҷикистон пахш шуданд, ки аксарияташон аз фаъолияти ҳизби динии исломӣ дар кишвар интиқод карда, онро нозарур медонанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайдали, бехуда чор мезаниву ёвагуи мекуни, охир хама хуб медонанд, ки ту киву чии ва бо шарм аст ба ту, ки бо никоб дар фейсбук баромад мекуни
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аслаш, кадом нодоне ин ТВ-хои пур аз дуругу фанду фиребро тамошо мекунад? Худоро шукр, ТВ-хои Афгонистон, Россия, Британияву дигар мамолик хаст, безорем аз ТВ-хои чоплусу дуруггуй ва лагандбардор!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сайдали сиддик дар хуни худат вируси лагонбардориву хокзаниро чой намуда окабаташро ба хайр биерад
Посух додан
  • озод

  • 6 август 2013 15:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
беномуси магар аз ин мегузарад. магар ин мардум гунакоранд ки режими шумо писандашон нест. Андозашонро ку мегриед чаро як барномаи хуб акалан пешниход намекунед ба чузъ таърифу тавсиф. Шарм намедоред пагох Россия хамаи мухочиронро баргардонад г.х хурокатон мешавад. Як барномахои Афгонистони чанг задаро тамошо кунед. фарк аз замин то осмон аст. мактубро рад мекунанд..хамикадар хунар доред шумо.. эй войи сухан , войи ватан вой ...
Посух додан
  • Ошно

  • 6 август 2013 16:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Саидшо: аслан туву ьу баринхора имкон диханд, шояд падаратонро хам иваз мекунед. Гуфти худат чко мекни и отаи бесаводи бепула, ай уда ягон точири афгонай ё шайхи арабай ё алигархи урусай ё ягон лорди англиса ота мегирию кайф карда хузур мекуни ё не? У тарафаш кори очачонат... Хайфи он ки намояндаи ин миллати... Ман хору хаси ин ватана бакас намедихам, хатто туи нокаса хам ба душман иваз нахохам кард
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Oshno biser pony nakn ahomurod ..... Ba Hitoy znimi davlata furuhten aku bo pat pat dori manoi gapi vay dar on nest manoi gapi vay dar on ast ki Muren qati hami televizioni harromton yagon chiz nadorad gayr az nohiyayi Shahrituz in moh 2 tona pahta jam kard ... Yo ki Janobi Oli Sadikro soht ....
Biser bang bang nakun
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Ошно ахсант
Посух додан
  • дустдори хакикат

  • 6 август 2013 22:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ошно,
Ту ва ту баринхо садкаи як тори муи Саидшох шавед .Саидшох дуруст кайд кардааст,Саидшох ту барин ба касе пойбанд нест.
Посух додан
  • кобил

  • 6 август 2013 23:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сайдак зури бехуда назан миёни худатон мешиканад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба ошно. Ту мегуи ки хору хаси ватанма ба хечкас намедихам чаро заминора да хитой додан да даханат мухр зада шиштай хамихел хору хаси ватанта ба хечкас намедихи?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АСАДУЛЛО РАХМОНОВ КОСАЛЕС БУДААСТ......
Посух додан
  • ватандор

  • 29 август 2013 22:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр хуб кайд намудед, ки хукуки конститусиони хар шахрванд аст ки бояд назари худро гуяд, аммо шумо аз 1000 назари дурусте, ки хакан ва барои ободи кишваранд ба навор мегиреду чаро намоиш намедихед магар шумо мурдани нестед пагох назди Худо чавоби конститусиониро хохед дод.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайдали бовар кун шахсе ки алхол симои шуморо мебинад бовар кунед дуруг тарс вахм ро дар чехраи шумо мебинад, ки шумо муттахам хастед!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!