Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:48

Пажуҳиш: 70%-и мардум омодаанд, ба Роғун боз маблағ гузоранд

6 август 2013, 17:30

Маркази омӯзиши афкори омма “М-Вектор” дар Тоҷикистон пажуҳиш гузаронда муайян намудааст, ки 70 дарсади сокинон омодаанд, аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” сармоягузорӣ кунанд.

Зимни ин назарпурсӣ, ки миёни беш аз 1000 сокини аз 18-сола боло дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон гузаронда шудааст, 70,3 дарсади мусоҳибон гуфтаанд, омодаанд, аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ ба нерӯгоҳи Роғун сармоягузорӣ кунанд: “7,9 дарсади дигар гуфтаанд, эҳтимолан сармоягузорӣ хоҳанд кард. 15,2 дарсад қотеъона изҳор доштаанд, ки аз ҳисоби худӣ ба Роғун сармоягузорӣ намекунанд ва 3,4 дарсад низ, эҳтимолан не гуфтаанд. 3,4 дарсади мусоҳибон изҳор доштаанд, ки посух додан ба ин савол барояшон мушкил аст.

Ба суол, ки ба ҷалби сармояи ширкатҳои хориҷӣ ба бунёди нерӯгоҳи Роғун чӣ гуна муносибат доред, 32,1 дарсади мусоҳибон мусбат гуфтаанд: “18,9 дарсади дигар низ муносибаташонро ба сармоягузории хориҷиён дар Роғун эҳтимолан мусбат баён кардаанд. 17,9 дарсад зидди иштироки хориҷиён дар Роғун баромада, 11 дарсад гуфтаанд, барояшон фарқе надорад. 5,7 дарсад ҳам гуфтаанд, эҳтимолан мухолифи сармояи хориҷӣ дар Роғун хоҳанд буд.”

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2010 маъракаи густардаи фурӯши саҳмияҳои НБО Роғун оғоз шуда буд ва аз ин ҳисоб ҳудуди 850 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардида, қисме аз онро барои нигоҳдорӣ дар бонкҳо гузошта буданд. Давлати Тоҷикистон дар маҷмуъ дар ҳаҷми 6 миллиард сомонӣ 5 миллион дона саҳмияи Роғунро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5 ҳазор сомонӣ нашр кард. Аммо баъдан маъракаи фурӯши саҳмияҳо бо дархости созмонҳои молиявии байналмилалӣ мутаваққиф шуда буд.

Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт дар назар аст, ки калонтарин нерӯгоҳи обии Осиёи Миёна гардад ва Тоҷикистонро аз кишвари муҳтоҷи барқ ба содиркунандаи асосии он дар минтақа табдил диҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касе ки ба рогун сахмашро гузоштан намехохад душмани миллати точикаст!!! Бигузор бе иштироки сармоягузорони хоричи ХУДАМОН БО НОХУН дар чанд соле ки бошад фарк надорад бисозем! Иншоаллох метавонем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар масъалаи сохтани НОБ "Рогун" бо хамсоякишвархо бо рохи мусолихатмомез халли худро ебад-иншооллох мо точикистониен бо чалби маблагхои худи аз ухдаи ин кор мебароем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
70 дарсади сокинон омодаанд, аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” сармоягузорӣ кунанд.....
ИН ДУРУГИ МАХЗ АСТ ЯГОН КАС НАМЕХОХАД, КИ ХАТТО ЯК СОМОНИ ДИХАД....
ЧАНДИН МИЛЛИОНХО СОМОНИРО АЗ ХАЛК МАЧБУРИ ГИРИФТЕД САХМИЯ ГУЁН ФУРУХТЕД КУЧО ШУДАНД........!?
ЧИ МАГАР ДАР ХАКИКАТ ИН ХУКУМАТДОРОНИ ТОЧИКИСТОН ДЕВОНА ШУДААНД.....
Посух додан
  • Dangara

  • 6 август 2013 18:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, маблағи саҳмияҳои Роғун, ки дар бонкҳои тиҷоратии кишвар гузошта шуда буданд, то ҳол аз ҳисоби фоизҳо 70 миллион сомонӣ дивиденд оварданд.

Наҷмиддинов имрӯз, 24-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, айни ҳол 90 миллион пули саҳмияҳои Роғун дар бонкҳои кишвар боқӣ мондааст. Вазири молия дар мавриди фоида, ки аз ҳисоби фоиз дар бонкҳо ба даст оварда шудааст, афзуд, ки он моли саҳмдорони Роғун буд, чӣ кор кардан бо ин маблағро худи саҳмдорон дар ҷаласаи муштараки худ ҳал хоҳанд кард.

Дар Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2010 ба маъракаи густардаи фурӯши саҳмияҳои НБО Роғун шуда буд ва аз ин ҳисоб ҳудуди 850 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шуда буд, ки қисме аз онро барои нигоҳдорӣ дар бонкҳо гузошта буданд. Дар маҷмуъ дар ҳаҷми 6 миллиард сомонӣ 5 миллион дона саҳмияи Роғунро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5 ҳазор сомониро нашр кард. Аммо баъдан маъракаи фурӯши саҳмияҳо бо дархости созмонҳои молиявии байналмилалӣ мутаваққиф шуда буд.
Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт дар назар аст, ки калонтарин нерӯгоҳи обии Осиёи Миёна гардад ва Тоҷикистонро аз кишвари муҳтоҷи барқ ба содиркунандаи асосии он дар минтақа табдил диҳад. МАХ.. ИНРО БО ДИКАТ ХОН МЕФАХМИ
Посух додан
  • Чамолиддин

  • 6 август 2013 18:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби М-Вектор Шумо маркази омузиши афкори омма не намедонам таманнои тамаъчунаи кадом гурухеро химоят мекунед. Шумо бо ки пурсиш гузаронидаед. Ё масали "Соддаро ёфтед харчи мекунед оху болашон дар каллатон" амал мекунед. Бидон эй мардумбехабар ----- барои 6 мллрд чамъ кардан аз хисоби мардум дигар рох нест ба чухъ куштори оммави намуда амволи мардумро ба чинихо фурухтан.....
Посух додан
  • mehrob

  • 6 август 2013 19:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамащ дуруг аст дар кучо пажухиш гузарониданд ик ягон кас хабар надорад озодагон илтимос дар хамин сомонааттон як пурсиш гузаронед бинем кани ки овоз метиа
Посух додан
  • фаридун

  • 6 август 2013 19:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз дуруг гуфтан шарм кунед
аз хисоби пулхои чамъшуда чанд квартира дар Дубай Москва ва Лондон хариданд - диданд ки кам аст боз афсона бофта аз халк пули муфт гирифтаниянд
Посух додан
  • Сахмиялори .Рогун

  • 6 август 2013 20:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин дуруг аст, боз мисли ин ки интихобот назкид шуду аз пули марду мехоханд онро гузаронад хизби хлки, барои хамин заминаро барои чалби афкори умум омода кардани аст. Хеч кас як тини пучак намедихад!
Посух додан
  • Бахтиер

  • 6 август 2013 21:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дангара гап нест хамика гапи рост гуфти
Посух додан
  • Манучер

  • 6 август 2013 22:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хами рогуна дагдага накарда созед майда майда боз войма кне ранги як бор карде кора барои хутон мушкил сохте. Бад гап сари сахмия ин хамаш други махз аст сахмияхое ки як бор фурухтед хамаша мачбури фурухтед банда ки донишчу будам хамон сол ба таври мачбури ба хама студентхо фурухтанд дар хама донишгох ва донишкадахо дар баъзе донишгохо якбору дубор мачбур карда фурухтанд. Бе дагдага кор кунед дар ТВхо хам бисер реклама накунен ки ба кишвархои хамсоя намефорад боз бахона карда корро ба кафо мекашан
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
А бача агар Зафар Фаргонски, Хилватшо Махмудзаде ва намитари одамо пл гзаронан чи та зур меша. Неки ма як копеки зард, як фулус намегурзонам. Фомидетон-ми? Як бор гузаронидам 50 хазор сомони, холо такдиршона намедонам, а ля шерше ля фам: Кани Дивиденти пли ма?
Посух додан
  • mehrob

  • 7 август 2013 11:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рогунро бо нохунхоямон меканем гуфта нохунхои киро дар назар дошта боша чаноби оли

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!