Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:19

Шойгу: Баробари тоҷикон, узбаку қирғизҳо низ кӯмаки низомӣ мехоҳанд

7 август 2013, 09:13

Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, мегӯяд, аз кишвараш рафти ҳаводис баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва дурнамои норӯшани интихоботи президентӣ дар Афғонистон нигаронанд.

Шойгу, рӯзи 6-уми август, зимни як нишасти хабарӣ изҳор доштааст, ки “аз рафти ҳаводис дар Афғонистон ва Осиёи Миёна баъди соли 2014-ум дар ташвишем. Ба то ҳол механизми ҷараёни интихоботи президентӣ дар Афғонистон нофаҳмо аст ва аз он нофаҳмотар натиҷаи ин интихоботҳоянд. Мо намедонем, ки ин интихобот то куҷо қонунӣ ва шаффоф хоҳанд буд.”

Вазири мудофиаи Русия афзудааст, ки ҳамсояҳои Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон низ аз рафти ҳаводис баъди соли 2014 ҷиддан нигаронанд ва барои пурзур намудани тадобири амниятӣ аз мо кӯмак мехоҳанд: “Мо албатта наметавонем, ин ҳамаро сарфи назар намоем ва ҳаматарафа талош мекунем, то амниятро дар ин минтақа таъмин созем.”

Рӯзи 1-уми август, Сергей Шойгу, баъди гуфтушуниди Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки “супориши президенти Русия қотеъона аст. Ҳамаи таҳдидҳо баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО омӯхта ва баҳогузорӣ шаванду ба шарикони тоҷикамон барои бартараф сохтани онҳо кӯмак карда шавад."

Шойгу афзуда буд, ки қарор шуд, Русия барои таҷҳизонидани артиши Тоҷикистон то соли 2025, 200 миллион доллари амрикоиро равона кунад, ки дар се марҳила ироа хоҳанд шуд. Вазири мудофиаи Русия илова намудааст, ки ин маблағ бо назардошти натиҷаи омӯзиши таҳдидҳо аз Афғонистон метавонад, тағйир ёбад. Шойгу изҳори умед кардааст, ки барои пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ягон таҳдиде пайдо нахоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!