Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:46

Вазир мегӯяд, муҳоҷирон бояд барои кӯдакони худ масъул бошанд

7 август 2013, 14:05

Масъулияти муҳоҷирони меҳнатии Қирғизистон барои кӯдаконашон бояд зиёд карда шавад. Ин нуктаро Худойберган Бозорбоев, вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон дар мулоқот бо гуруҳи корӣ оид ба таҳияи сиёсати муҳоҷират изҳор доштааст.

“Вазифаи давлат ҳифзи қишри осебпазири ҷомеа мебошад. Аммо воқеият ин аст, ки дар Қирғизистон ҳар чи бештар кӯдакон қурбони вазъи иҷтимоӣ мегарданд. Арзишҳои хонаводагӣ ва анъанаҳо барҳам мехурад. Иртиботи наслҳо гусаста мешавад”, - гуфтааст ӯ.

Дар нишаст пешниҳод шудааст, дар қонунгузорӣ банде илова шавад, то ҳангоми убури марзи кишвар муҳоҷирон теъдоди кудакони худ, бо кӣ истодани онҳо ва сарчашмаи зиндагияшонро нишон бидиҳанд. Иштирокдорони нишаст ҳамчунин масъалаи ворид кардани тағирот ба кодекси маъмуриро, ки кудакони муҳоҷирони меҳнатиро аз “ятимшавии иҷтимоӣ” ҳифз мекунад, ба баҳс кашидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!