Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:35

Парвандаи Зайдро барои шиносоӣ ба адвокатҳо додаанд

7 август 2013, 15:52

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик мегӯяд, то оғози моҳи сентябр ба гумон аст, ки парвандаи зерҳимояаш ба додгоҳ равад.

Табаров, дар шарҳи гуфтаҳои Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зидди фасод, ки гуфтааст, парвандаи Зайд то миёнаҳои моҳи август ба додгоҳ ирсол мешавад, изҳор дошт, ки ирсоли парвандаи зерҳимояашон ба додгоҳ танҳо аз Оҷонсӣ вобаста нест: “Парвандаҳо алайҳи Зайд Саидовро танҳо имрӯз барои шиносоӣ ба мо пешниҳод намуданд. Ин парванда аз чанд том иборат аст ва мо дар муҳлати шиносоӣ бо он маҳдуд нестем. Моро зарур аст, ки ҳар нуқтаи онро дақиқан омӯзем. Ба гумон аст, ки ин парванда ҳатто то 1-уми сентябр ба додгоҳ равад.” Табаров таъкид намуд, ки ирсоли парванда бояд дар мувофиқа бо онҳо сурат гирад.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
.......ШУМО БАРИН КОРМАНДОНИ ОЧОНСИИ ФАСОД, КИ БА ХОТИРИ ВАЗИФА ШУДА ШАХСОНИ БЕ ГУНОХРО ТУХМАТ КАРДА ПАСИ ПАНЧАРА МЕШИНОНЕД БАРОИ ХОТИРЕ, КИ ХОТИРИ КАДОМ БАДБАХТЕ ШОД ШАВАД.....
Посух додан
  • hisor

  • 8 август 2013 01:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
kiyai begunoh?14 sola duxtarro tajovuz kuni bo begunohi?
Посух додан
  • Шахринав

  • 8 август 2013 22:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hisor,
бародар ин антикоррупция Шумо шохиди аслие ки шамъро дар даст он хангоми тачовуз гирифта будед ро чустучу дорад о биёед боз шояд музди хубе хам ба Шумо диханд. ин музде ки медиханд бовар дорам аз он музде ки барои доброволисти мегири зиёдтар аст...
Шарму хаё хам хуб чизе аст...
Посух додан
  • Мархабо

  • 9 август 2013 09:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман шохиди он тачовузам. Аслан он духтаракро рости Зайд тачовуз накардааст ита бигирем, лекин охир Зайд нагз медонист ки у ноболиг аст. Духтарро бошад бо розигии волидайн барои як корчалони ва хизмати Зайд ба у тухфа, чи тавре мардуми каротегин мегуяд "ТУРТОК" карда буданд. Мисле ки дар давраи кадим канизон такдим мешавад. Албатта каниз автоматический дар никохи сохибаш медарояд ва у метавонад бо у хар коре раво донад бикунад. Аммо тибки конун хамхобаги бо афроди ноболиг ин баробар ба тачовуз ба номус аст... Бокиро Шумо худатон казоват кунед хонандаи гироми
Посух додан
  • озод

  • 9 август 2013 10:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардум худатон як фикр кунед, одами бо чахор эшкели бутан наметвонад ки ноболигро тачовуз кунад, чаро ки у мукобилият нишон медихад..боз у бокира аст. Кафондани парда осон нест. Ин бечораи бедаст чи хел метавонад ин корро кунад. худо нохоста агар ин рост бошад , пас модари духтар гунакор аст.Барои он ки худаш духтари ноболигро барои пул шуда пешкаш кардааст. Агар груби карда гуем ин занак хуб пул кандааст , вакте ки мебинад аз Зайд дигар фоида нест ба тухмат пардохтааст. Бехтар ин занакро ба чавобагри кашидан лозим.. Чаро инкадар сол хомуш истод.. Холо мегуяд ки гуе бефоида буд , руша сиех мекунад.. ин метавонад пагох ман, ту ва е ягон каси дигарро тухмат кунад..Худо нокардаву рост бошад , ин чо танхо модари духтарбача гунакор аст ..

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!