Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

Талаботи нави Убайдуллоев аз сохтмончиёни биноҳои бисёрошёна

9 август 2013, 09:31

Дар пасманзари афзоиши сохтмони биноҳои нави бисёрошёна дар Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳр пеши бунёдкунандагони ин биноҳо талаботи нав гузоштааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев дар ҷаласаи ахири ҳукумати Душанбе, баъди таҳлили муфассали иқтидори мавҷудаи хатҳои барқ об ва газ дар Душанбе муқаррар намудааст, ки минбаъд, бунёди иншоотҳо, бе кашидани хатҳои нави муҳандисӣ,--оби нӯшокию коррезӣ, барқ, оби гарму гармӣ, гази табиӣ иҷозат дода нахоҳад шуд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, ин муқаррарот бо хулоса аз ҳолати мавҷудаи истифодаву хизматрасонии инфраструктураи шаҳр ҷорӣ карда мешавад.

Ҳукумати Душанбе мегӯяд, дар бахши сохтмони манзил дар пойтахт шароити мусоиди сармоягузориро фароҳам овардааст ва ин барои коҳиш додан ва ё ҳадди ақал нигоҳ доштани нарх дар бозори манзилӣ гаштааст.

Аммо ба таъкиди мақомот баъди хусусигардонии иншоот, дар заминаи он бунёд намудани биноҳои баландошёнаи бисёрквартирадори истиқоматӣ имкон дорад дар системаи муҳандисии хизматрасон мушкилиҳо пеш омода, боиси аз фаъолият бозмондани хатҳои инфрасохтории амалкунанда гардад. Дар ин росто қарор шудааст, ки ҷойгиркунии иншоотҳо дар асоси бозпурсии андешаҳои сокинони атрофи он амалӣ карда хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огои Убайдуллоев нав аз хоб бедор шуди?))))))) Инкадар бинохои сохташуда магар надоштанд чунин гуфтаи Шуморо?))))) Дигар чой намонд, ки бинохоро созанд хама пур шуд магар ба чуз хонахои замини, ки дар пойтахт мондаанд)) то аклам расо шуд, ки умрам адо шуд.....
Посух додан
  • дарвеш

  • 9 август 2013 10:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Холо то дар 10 солахо Душанберо васе накунанд хам мерасад чо. Баъзе бинохо системаи гармиаш плхои гарм асатки кувваи баркро барзиёд истифода мекунад. базеи дигараш дар пеши бино майдонча кариб надорад, исгохи мошин надорад махсусан дар кучаи Карабоев нази тарабхонаи Афросиёб
Посух додан
  • benavo

  • 10 август 2013 22:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби раиси шахр! аз баъзе тахлилхо таачубам меояд. хой манзили дастрас, хой хонахои арзон. Охир ин барои худатон барин одамои серпул ё барои мо барин камбагалхо хам аст? Чанд маротиба ба манзили дастрас тамос гирифтам. хатто бо ман акалан дуруст сухбат накарданд. Хох нохох онхоро мо харидори кардан наметавонем, зеро алакай кайхо кадом одами "одами" серпул харидааст ва ман баринхо алакай аз дасти севвум мехаранд. Барои хамин ин "мехрубонихову дилсузихои шумо" бемантик хастанд..... Ба гуфтаи кампиракхои кадим инхо хама "Шуйбинак" хастанд....
Шумо хуб медонед. ки камбагал аз ду сар хонахои арзони шуморо харидори кардан наметавонад...........
Худой худаш инсоф дихад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АГАР АХАМИЯТ ДОДА БОШЕД ХОНАХОЕ КИ ХОЗИР МЕСОЗАНД ГАФСИИ ДЕВОРАШ 30 Е 35 САНТИМЕТР АСТ ВАЛЕ ХОНАХОИ МЕШИКАСТАГИАШОН ГАФСИИ ДЕВОРАШ 70 ВА Е 75 САНТИМЕТР МЕБОШАД. ВА КИ КАФОЛАТ ДОДА МЕТАВОНАД КИ ХОНАХОИ НАВСОХТАИ БАЛАНДОШЕНА ЗАМИНЧУНБИ ВА ТУФОНРО БАРДОШТ МЕКУНАД.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!