Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:00

Шукронаи ТАППАК! Интихоби дигар ҳам дорем?

10 август 2013, 11:41

Далер Шарифов

Имрӯзҳо қариб дар тамоми мавзуъҳо менависанд, мегӯянд, гила мекунанд, шукрона мекунанд. Хуллас ,Тоҷикистон кишварест, ки сари ҳар қадам метавон матлабе навишт. Аммо мо дар як марҳилае қарор дорем, ки ба кадом мавзуъе даст назанӣ мегӯянд, ки эҳтиёт бош, сол, соли интихоботист. Ба як дӯстам гуфтам дар бораи таппак мехоҳам нависам, гуфт, эҳтиёт бош марҳила, марҳилаи интихоботӣ ва ҳассос аст. Аҷиб таппак ба интихобот чӣ рабте дошта бошад? Сари ин суол хеле андешидам ва бори дигар фикр кардам, ки таппак бисёр чизи муҳим дар зиндагии мардуми мо буда, нақши калидӣ дорад. Аз ин хотир ба ҷанбаҳои гуногуни таппак назар кардам ва дидам, ки мавзуъи таппак феълан ҳассос ба назар мерасад. Мо ҳам бо эҳтиёт чанд андешаи худро дар мавриди таппак рӯи коғаз навиштем, то шумо ҳам аз нақши таппак дар зиндагии мардум огоҳӣ пайдо намоед.

ТАППАК ВА ТАЪРИХ

Дар Тоҷикистон солҳои ахир таърихнависону бостоншиносон хеле фаъол шудаанд. Мавзеъҳои гуногуни аҳди қадимро кашф мекунанд, ки таърихи беш аз дуҳазору ҳафтсад, сеҳазор сола ва панҷҳазорсола доранд. Агар ҳамин хел рафтан гирад шояд дар Тоҷикистон мавзеъҳое пайдо шаванд, ки таърихи беш аз миллионсола дошта бошанд. Ҳар қадаре умри таърих ва пайдоиши фарҳангу тамаддуни тоҷики қадимтар шудан гирад арзиши таърихии таппак ҳам болотар шудан мегирад. Зеро дар ҳама тамаддунҳое, ки пайдо мешавад, мегӯянд чорводорӣ дар он тамаддун нақши муҳим доштааст. Пас, ҷое ки чорво ҳаст онҷо ҳатман таппак ҳам ҳаст. Шояд дар аҳди қадим таппак бо номҳои дигар вуҷуд дошта бошад. Ин бар дӯши олимони соҳа аст, ки номи таърихии таппакро аз умқи таърих кофта ёбанд. Ва бостоншиносону таърихнигорони мо ҳатман ба ин қодиранд. Онҳо тавони кашфи таърихи панҷ шаш ҳазорсоларо доранд. Як номи қадимаи тапак барои онҳо ёфтанаш ҳеч мушкил надорад.

ТАППАК ВА ИЛМ

Асри 21-ро асри илму технология унвон мекунанд.Ин ҳарфҳоро ҳамарӯза инҷову онҷо аз забонӣ донишмандону олимони тоҷик мешунавем. Ҳатто як деҳқони тоҷик ҳам ин ҷумларо такрор ба такрор мегӯяд. Аммо барои мо на илми қайҳон лозим асту на нанотехнология.Чӣ лозим майнаҳоро азоб додан. Мо бояд бештар ҷанбаҳои илмии таппакро омӯзем. Ва муайян кунем, ки таркиби таппак аз чӣ маводҳое иборат аст ва чи қадар мумкин аст иқтидори гармидиҳии таппакро боло бурдан, то дар зимистон аз газу барқи зараровар даст кашида, таппаки аз ҷиҳати экологӣ тозаро мардум истифода кунанд. Агар институтҳои илмии мо ба ин қудраташон нарасад, метавонем аз кӯмаки бародарони хитоӣ истифода кунем. Онҳо ҳатман ба мо кӯмак мекунанд, зеро чандтояшон алакай ба мо домод шудаанд. Хуллас, олимони соҳаи илм бояд ба масъалаи таппак ҷиддӣ машғул шаванд.

ТАППАК ВА ИҚТИСОД

Дар шароити феълӣ ҷаҳонро буҳронҳои шадиди моливу иқтисодӣ таҳдид мекунад. Рӯз то рӯз муборизаҳо барои аз худ кардани захираҳои нафту газ шадид мешавад. Зеро дар шароити имрӯза таъинкунанда ҳама гуна иқтисод, ин маводҳои сузишворӣ ва захираҳои он ба шумор меравад. Мо мардуми тоҷик дар ҷаҳон чӣ мегузарад аслан парво надорем. Мо ҳеч гоҳ ғами нафту газро намехӯрем ва хушбахттарин мардуми сайёра ҳастем, аз субҳ то шом мерақсему месароем ва шукрона мекунем. Медонед чаро? Чунки мо таппак дорем. Ва шукронаи ана ҳамин таппак, ки иқтисоди мо қавию мардум ғами сӯзишворӣ дар сарашон нест. Замоне шояд нафту газ тамом шавад аммо таппаки тоҷикӣ боқӣ хоҳад монд. Агар фарзан талаботи мардуми тоҷик дар як сол 120 миллион таппакро ташкил диҳад пас инҷо садҳо корхонаву ҳазорон коргар кор мекунад. Боз мо ношукрӣ карда доим мегӯем, ки ҷойи кор нест. Иқтисоддонҳо метавонанд инро ҳисобу китоб кунанд ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд, ки дар як сол чиқадар мардум ба таппаккунӣ машғул асту чӣ қадар тапак истеҳсол мешавад. Ҳамаи инро банду баст карда шояд эълон кунанд, ки дар Тоҷикистон ҳазорҳо ҷои кори холии нав пайдо шудааст. Агар истеҳсолро мо дар ин самт боло барем, метавонем маҳсулоти сузишвории навъи таппакро ба кишварҳои хориҷӣ пешниҳод кунем. Ва ҳамасола миллион таппакро ба хориҷи кишвар ба фурӯш барорем. Ин ягона мавод ва муаррификунандаи иқтисод ва истеҳсоли мо дар ҷаҳон мешавад. Бахотири рушди соҳаи истеҳсоли таппак мо метавонем аз мутахасисони чиноӣ истифода кунем ва технологияе ворид кунем ки говҳои мо дар як рӯз ба ҷои дубор ахлот кардан, панҷ- шашбор ахлот кунанд ва дар натиҷа истеҳсоли таппак ба маротиб зиёд мешавад.

ТАППАК ВА АНДОЗ

Бисёре аз соҳибкорон аз Кодекси нави андоз, ки яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон мебошад, гила доранд, ки тибқи ин кодекс онҳо андози кам месупоранд. Соҳибкорон, ки ватанашонро беҳаду андоза дӯст медоранд, мехоҳанд ин кодекси андоз аз нав дида баромада шаваду андозҳо боз ҳам баландтар бардошта шаванд. Аммо ман ба ин кодекс як эрод дорам. Ҳарчанд, ки ман онро мутолиа кардам дар онҷо аз таппак ягон намуди андоз пешбинӣ нашудааст. Тасаввур кунед, агар аз 120 миллион таппак солона як сомонӣ истеҳсолкунандагони таппак ба буҷаи кишвар супоранд, пас ин 120 милион сомонӣ мешавад. Бубинед чиқадар пул ба буҷети давлат ворид мегардад. Аз ин ҳисоб як кумита оид ба таппак ва истехсолу дурнамои он ташкил дода шавад.То андозҳои ҷамъшуда ақалан 50 фоизаш бидуни ягон камбудӣ ба буҷаи мамлакат ворид гардад.

ТАППАК ВА ҲИЗБ

Чанд моҳи ахири шуури сиёсии мардуми тоҷик яку якбора боло рафт. Ҳама таҳлилгару ҳама сиёсатдон ва ҳуқуқшинос шуданд. Мардум акнун дарк кардааст, ки барои онҳо кадом ҳизб лозим асту кадомаш не. Дар ҷомеае, ки 99 фоизаш мусалмон аст, ҳизби коммунистӣ даркор, ҳизби демократӣ даркор, аммо ҳизби исломӣ не. Воқеан, мардуми мо бедор шуд, офарин, чаро? Чун ки мардуми мусалмони тоҷик дид, ки телевизионҳои давлатӣ соатҳо дар моҳи рамазон ва ғайри он барномаҳои исломӣ пахш мекунанд. Духтарону заноне, ки ҳичоб пӯшидан мехоҳанд ҳеч мушкиле надоранд, дар донишгоҳҳову мактабҳо озодӣ барои пӯшиши исломӣ. Фарзандонашон дар макотиби миёна ва донишгоҳҳои олии кишвар дарси Қуръону ҳадис мехонанд. Тамоми масъалаҳои зиндагиашон вобаста ба ақидаҳои диниашон ҳал мешавад. Хулас, ягон проблемаи динӣ дигар вуҷуд надорад. Вақте мардум ин ҳамаро бо чашми сари худашон диданд, воқеан гуфтанд ки дигар ҳизби исломӣ ба мо чӣ даркор. Офарин ба мардуми огоҳу сарбаланду мусалмони тоҷик. Аммо ман мегӯям ки барои мо ҳизби таппак лозим аст. Номаш ҳам хатар надораду худаш ҳам. Аз ҳисоби занону хоҳароне, ки дар фасли гарми тобистон ба истеҳсоли таппак машғуланд, бояд як ҳизби таппак ташкил кард. Фақат ин корро баъди интихобот кардан лозим. То ин ки роҳбари ҳизби таппак дар кунҷи кадом оғиле бо саргини гов омехта шуда наравад. Ва ташкили ҳизби таппакро аз тариқи ТВ эълон карда, дар муҳокимаи оммаи мардум бигзорем. Мардуми мо, ки шуури сиёсӣ ва хештаншиносиашон боло рафтааст, ҳатман дар ин мавзӯъ гуфтаниҳое доранд. Ва як барноме бо номи «Т+Т» ташкил кардан даркор.

ТАППАК ВА РУҲОНИЯТ

Имрӯз нақши рӯҳоният дар давлату давлатдории мо ҷойгоҳи махсус дорад. Руҳониёни мо аз оби ҳазорсола бедор шудаву ба ҳамкории давлат пайвастанд, офарин бар руҳониёни мо! Онҳо нав фаҳмиданд, ки дин аз давлат ҷудо набудааст. То имрӯз дур-дур аз атрофи давлат мегаштанд. Чун диданд, ки дар кишвар беадолативу фасодкорӣ ва бадаҳлоқиву бе масъулиятии баъзе шаҳрвандон зиёд шуд, онҳо ба кумаки миллату давлат ва аз ҳама бештар ҳукумат шитофтанд. Аввалин кори «хайре», ки карданд ба мардуми мусалмони кишвар фаҳмонданд, ки ислом ҳизб надорад. Ва онҳо тамоми мазҳабу равия ва ҳизбу созмонҳои исломиро сарфи назар карда, дар чанд соате исбот карданд, ки бояд дар Тоҷикистон ҳизби исломӣ набошад. Давлат ин ғамхорӣ ва «масъулиятшиносӣ»-и руҳониёнро дида ба қисме аз онҳо ваъда кард, ки ба онҳо аз ҳисоби давлат маош таъин мекунад. Воқеан, чунин руҳониёни «бо тақво» «масъулиятшинос» «худотарс» дар ҳеч кишвари дигар вуҷуд надорад. Ман ба илм ва фатвои эшон «боварӣ» дорам. Аз ин хотир Шӯрои уламо ва рӯҳониён якҷоя шуда, дар мавриди таппак фатвое содир кунанд, ки чи миқдораш либоси одамонро бенамоз мекунад ва чӣ қадараш не. Дуди таппак оё рӯзаро мешиканад ё не. Ва инчунин таъомҳое, ки бо оташи таппак пухта мешавад, чӣ ҳукм доранд. Агар чунин фатво содир карданд, пас ин хидмати бузурге дар илми фатвои муосир хоҳад шуд. Фақат як хоҳиш дорам, ки баъди чанд вақте нашавад, ки пешниҳод кунанд то номи таппак аз ҳизб гирифта шавад.Чун таппакро бо ҳеч номи дигар иваз карда намешавад.

ТАППАК ВА ЗИЁӢ

Зиёиён пешбарандаи ҷомеа, нури чароғ ва гармии ҳар кишваранд. Ин ҷумларо ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна борҳо шунидаем. Имрӯз баъзе нафарон аз зиёиён норизоянду зиёиён аз баъзеи дигарон. Ман ба ин кор надорам, кӣ аз кӣ норизо аст. Аммо рости ман аз зиёиён на нурро дидаму на гармӣ. Вале борҳо дидаам, ки таппак нуру гармӣ дорад. Ман аслан таппакро бо зиёӣ муқоиса намекунам.Чун зиёӣ исми ҷондор асту таппак исми беҷон. Яъне байни ин ду фарқ аз замин то осмон аст. Аҷиб ин аст, ки гоҳо исми ҷондор на нур дораду на гармӣ, исми беҷон мисли таппак аз худ рӯшноиву гармӣ медиҳад ва мардум аз он манфиат мебаранд. Бибиям мегуфтанд, ки аз баъзе вазир панҷ дона таппак манфиаташ бештар аст.

ТАППАК ВА ИНТИХОБ

Агар дар Тоҷикистон гап сари интихоб равад мардуми мо аз газу нафту барқ дида таппакро бештар интихоб мекунанд. Чун дар Тоҷикистон ҳатто ангишт ҷойи таппакро гирифта наметавонад. Ба фикрам мардуми мо гумон мекунанд, ки таппак аз лиҳози экологӣ аз нафту газ поктар аст шояд ин сабаб ва ё сабабҳои то ҳол барои мо номаълум бошад, ки мо ба таппак як алоқаи махсус дорем. Баъд як чизи дигар ҳам ҳаст, ки ба ҷуз таппак чизе барои интихоб набошад, табиист, ки мардум таппакро интихоб мекунад. Моро танҳо таппак дар ин бист сол аз сардии зимистон наҷот дод.

ТАППАК ВА ПАРЛУМОН

Бо қабули қонуни махсус таппак бояд сирри давлатӣ эълон шуда, монополия карданаш аз ҷониби шахсони алоҳида ҷиноят ҳисобида шавад. Шояд ин яке аз беҳтарин қонунҳои қабулкардаи парлумони мо шавад. Чаро? Чаро, ки таппак ягона истеҳсоли бузурги маводи сӯхти мо аст, ки нусхаашро то ҳол аз хориҷа наовардаем ё ба хориҷа набурдаем. Тибқи ин қонун тамоми идораву вазоратҳо вазифадор карда шаванд, ки ягон давлати хориҷӣ нусхаи таппаки моро надуздад, он ҳамчун сирри давлатӣ мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошта шавад. Агар бародарони хитойии мо бифаҳманд, ки таппак дар зиндагии мо чӣ арзише дорад дар кутоҳтарин фурсат Тоҷикистон пур аз тапаки хитоӣ мешавад. Мисле ки бозори мо пур аз тоқиву шонаи хитоӣ шуд. Ҳадди ақал агар мо натавонем ҳамин таппаки тоҷикиро ҳифз кунем, пас шарманда мешавем. Бигзор хӯрокворӣ, либос , техника, хулоса ҳамачизро биёранд, ба ҷуз таппаки тоҷикӣ. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму технология ақалан мо ҳам як истеҳсоли миллии худамонро дошта бошем, ки он дар тамоми қаламравӣ кишвар корфармуда шавад. Феълан ин вазифаро танҳо таппак иҷро мекунад.

ТАППАК ВА КАДУ

Кадуро гарчанде бисёр васф ҳам кунанд, аммо ба таппак баробар шуда наметавонад. Хизмати таппак барои миллати мо ба маротиб аз каду зиёд аст. Маҳз ҳамин тапак аст, ки дар сардиҳо моро наҷот медиҳад. Таппак аст, ки ҳоло дар ҷангалу бешазори мо дарахтон боқист. Агар тӯли ин бист сол таппак намебуд ҳоли каду табоҳ буд. Чи қадар кӯдакон аз сардӣ мефавтитанд.Чанд нафар аз мактаббачагон бо дуди таппак таълим гирифтанд, шояд имрӯз донишҷӯю мутахассисони варзида ҳам шуда бошанд. Хуллас ,каду ба ҳеч ваҷҳ бо таппак баробар шуда наметавонад. Таппак ҳам мисли каду навъҳои гуногун дорад. Таппаки деворӣ, айлоқӣ, кумурӣ, хасак, лар беҳтарин навъи таппакҳо ба ҳисоб мераванд. Агар дар Тоҷикистон як рӯзро рӯзи тапак ҷашн бигирем, мешавад онҷо навъҳои гуногунӣ таппакро ба намоиш гузошт. Вобаста ба хоку боду ҳаво таппакҳо аз ҳамдигар фарқ доранд. Таппаки бадахшӣ, ғармӣ, кулобиву ҳисорӣ, суғдиву зарафшониро ба намоиш гузошта беҳтарини онро таппаки сол бояд эълон кунем. Дар телевизион ба ҷои рақсу суруди зиёд аз ҳаёти таппакчиён барномаву гузоришҳои муфассал омода карда пешкаши мардум кунем, то мардум бифаҳмад, ки телевизион телевизиони мардумӣ аст, на азони каду асту на азони каси дигар. Лекин дар як барнома тарзи омода намудани шӯрбои кадугиро бо истифода аз оташи таппак ҳатман бояд нишон бидиҳем.

МО ВА ТАППАК

Чун дар боло ишора кардам, ки сол соли муҳим ва мавзӯъ мавзӯи ҳассос аст, ба ҳамин иктифо мекунам. Вагарна, ҳоло мо ҷиҳатҳои дигари тапакро нагуфтем. Аммо хонандаи гиромӣ шумо фикр накунед, ки мо то ба сатҳи таппак пойн фаромадем. Мутаассифона, баъзан ба воқеиятҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки аз сатҳи таппак ҳам пойинтар аст. Дуруст аст, ки таппак ҷуз саргини гов чизе беш нест. Вале вақте интихоб аз он болотар ё алтернативаи он мавҷуд нест хоҳем нахоҳем дар бораи таппак фикр мекунем. Зиндагиро бо таппак намешавад, ки сохт аммо шумо баъзан маҷбуред, ки бо таппак зиндагӣ кунед. Вақте қудрати харидани ангиштро надоред, вақте газу барқ надоред ҳатман таппак захира мекунед,то дар сардиҳои зимистон худ ва хонадонатонро аз сардӣ наҷот диҳед. Зиҳӣ ҳамаи он модарон ва хоҳароне, ки дар ин гармии тоқатфарсои тобистон ба захираи таппак машғуланд. Кумитаи занон ва оила бояд ба ҳамаи он заноне, ки ба истеҳсол ва захираи тапак машғуланд ҷоиза бидиҳад. Агар вазъ чунин боқӣ монаду зиндагӣ ҳамин тавр идома ёбад пас таппак даҳсолаҳои дигар дар зиндагии мо нақши калидӣ хоҳад дошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • А

  • 10 август 2013 12:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сад афсус....вале рост аст.
Посух додан
  • Карим

  • 10 август 2013 12:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан бародар! Лекин хамин "таппак ва мухачират"-ро нагуфти.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеле памфлети хонданибоб ва хадафмандона! Ба рости хангоми мутолиа хеле хандидам. Дуруст аст, ки хар чое, ки мушкили ичтимоист, он бештар мавриди ханда карор мегирад. Пас зихи тапак, ки дар сардии зимистон, гармии туро дар тафдони хона эхсос мекунам!))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Voqean yak mavzu'i hassos va muhimi ruz! Dar surati ta'sis dodani hizbi tappak banda hoziram yake az avvalin shuda ba safi hizb bipayvandam. Agar lutf farmoedu maro mas'uli bakhshi ravobiti khorijii hizb tayin namoed dar kutohtarin fursat hizbro faromilli va faromintaqai khoham kard. Shiori mo: TAPPAK AZ ONI HAMA! TAPPAK BAROI HAMA!
Посух додан
  • комил

  • 10 август 2013 13:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
офарин Далер Шарифов!! мо нав фахмидем ТАПАК чизи мухим будай .. ХАМИН КИ КАДУШУРБО ТАЁРШУД АЗ ОТАШИ ТАПАК ХАТМАН МО МУХОЧИРОНРО ТАЪВАТ КУН
Посух додан
  • Шоири чавон

  • 10 август 2013 14:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз хандаи зиёд кариб, ки рудакаф шавам.)))))))))) АХСАНТ,ОФАРИН,ЗИХИ МУАЛЛИФ!
Аммо баъд, ба вазорати фарханд дастур дода шавад, то озмуне байни сарояндагон гузаронад, дар мавзуи тапак! Номи озмун "БЕХТАРИН ТАПАКСАРОИ СОЛ". Ба fолибони озмун, медали тиллои бо нишони тапак ва диплом кадрдони шаванд. Инчунин тамоми шоирон аз мавзуи кухнашудаи "Роfун" ба мавзуи чадиди "Тапак" руй оваранд. Барои харчи бештар дар замири наврасону чавонон бедор кардани хисси тапаксози, шеърхои бачагона рочеъ ба тапак дар китобхои дарси рох ёбанд. Намуна:
Тапак моро бувад мунису гамхор,
Чи даркор газ, аз баркем безор?!
Хама бо як садо гуем ТАПАКЧОН,
Туи мерос ба мо аз ахди Сомон!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тапаки тъ чийи?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Якчанд пешниходот!!!!
--------------------
Ба чои заводу фабрика фермахоро зиёд мекунем....
Ба заминхои пахта зиёдтар алаф кишт мекунем...
Кадокхои кучаро худамон бе ёрдами Хитоихо бо таппак хамвор карданамо мумкин...
Посух додан
  • Parviz

  • 10 август 2013 20:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
))))))) ahsan ! Oli ! Yak mavzui xondani bob ham rui sahifa meomadaast dya)))
Посух додан
  • firuz

  • 10 август 2013 21:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Firuz.2014@
Посух додан
  • Сорбон

  • 10 август 2013 21:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рут сиёх Далер Шарипов кати ами памфелти навиштагит! Пак-паки зиёд навиштай. Аз хами навигтанот маълум ки сарт пури тапак аст. Ситорат, ки ба хукумат маъкул нашуд баъд чиба аламота тоза карда ин ча вакти мардума ба хами навиштахои баъмаънит мегири! Садкаи номи ЖУРНАЛИСТ шави! Шарм намекуни аз хами навиштагихот!!! Ихтироот мефорад рав хаму аъзохои ХНИТ гу! Онхо меган тамоми олимои дунё аз руи Куръон ихтироъ мекунан. Худшон Куръона медонан мемуран ихтироъ кунад.
Посух додан
  • Абдуллох,и А...

  • 10 август 2013 22:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МошаАллох,...
Бародари Азиз!
Хеле калимах,ои пур Х,икмату пур мазмунро истифода бурдаед..
Аллох,и Мех,рубон дунёву охирататонро обод гардонад...
Вок,еан алам овараст, ки Цомеъае, ки бо сардории давлат даъвои мусалмони мекунанд ки гуё 99 дар 100 тоцикистон мусалмон бошад вале х,ак,ро инкор мекунанд маълум мешавад, ки бар аксаш росмеояд яъне 1 дар 100....
К,амвкли Аллох,и Мех,рубон, ки мегуяд: каранд, куранд, гунганд...
Ё ин, ки цои дигар мефармояд: мисли х,айвонанд бал, ки х,айвон афзалтараст...
Ки чашми х,ак, бин надоранд, гуши х,ак, шунав надоранд, занбони х,ак, гу надоранд...
Аллох,и Мех,рубон а3 сардори давлат саркарда то муллох,и динфухтаву буздил х,амаашонро х,идоят, кунад зеро ...зудаст, ки хох,анд донист!
Ба муцаради кандани талхии цон х,амааш аён мешавад вале афсус...

Посух додан
  • Собирчон

  • 10 август 2013 23:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафсатта!!! Афсус сар сарй хонда бошам хам вакти киматам сарф шуд...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Далер!Шумо дар хакикат нависандаи боистеъдод хастед.Агар хамин "Шукронаи таппак"ро бо забонхои гуногуни дуньё тарчума кунанд,шумо яке аз шахсони машхцри дуньё хохед шуд.Чунки маъниву мундарича ва философияи бузургеро эчод кардед.Хело хуб,саросар реаливу хаккони ва рамзи ошкор сохтед.Метавон аз руи хамин навиштаи шумо,сценарияеро таъсис дода филми хубе ба навор гиранд.Дар бачагиам,дар дехот,хангоме,ки подаро пагохихо ба чаро мефиристонданд,бо хамрохии бибикалони рахматиам,саргини говхои руи рох афтодаро,дар сатилу тагорахо чида,барои зимистон,хамчун сузишвори захира мекардем.Дар мавсими тобистон ду маротиба,саргинхои чамъщудаи чорвохои хонагиро,бо об омехта карда,дар дехот,мардум инро (саргиншурак),меномиданд,таппак мекардем.Хашари таппаккуни,худ як гурухи хунармандонро мемонд.Яъне,бачахо сатилхои пур аз шураро назди духтарону занхои таппаккун оварда мерехтанд.Онхо бо дастони нозуки худ,устокорона чап-чап занон таппакро ба замин мечаспонданд.Агар замини хамвор ками мекард,боз онхо таппакхои хомро ба танаи деворхои огилхонахову бари куча мечаспониданд.Хангоми адои хашар,онхо сатилхои тозаи дигарро гирифта,пур аз оби тоза карда,дар хилватгохову чойхои пинхони шусту шу мекарданд.Мо бачахо рафта дар ягон кади захбур ё хабзи обдоре,худро тоза шуста,тагири либос карда,баъд ба назди дастархони хашари менишастем.Духтарон баъди чанде,пас аз хурдани таъомхои хашари,доираро ба даст гирифта,ба сурудхониву раксу хушгуи мегузаштанд.Мо бачахои кишлоки,акнун,бо одобона бояд,ки аз ончо мерафтем.Чунки расму одати дехоти хамин тавр буд.Мо рафта аз паси чаронидани чорво,даву този бачаги ва бозихои хар хелаву футбол будем.Бегохи,агар ба дехот кино меоварданд,хурсандии мо хаду канор надошт.Таппак хам дар хаёти мо,охиста-охиста,аз байн меравад.Югу испору охани чуфти бобогиамон кучо шуданд?.
Посух додан
  • Самандар

  • 11 август 2013 10:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Далерҷон зинда боши! Чанд нафар дастаҷамъона бо диққати том навиштаҳои килки зебои шуморо қироат карда аз хандара заъф кардем. Агар стакани об дар наздам намебуд, мумкин аз хандара тарки дунё мекардам. Садҳо офарин ба ақлу заковати баланд. Агар ҳақиқатро аз таги дил бигуям, ман ва милёнҳо халқи тоҷик аз нақши калидии тапак безорем ва пешравию тағйироти сартосари ва таъмини адолату тантанаи қонунро мехоҳем.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!