Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:02

Футбол: Тими миллии Тоҷикистон-мунтахаби клубҳо 2:2

10 август 2013, 12:31

Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бозии охирини санҷишиашро дар чорчуби омодагиҳо ба дидор бо мунтахаби Ҳиндустон анҷом дод.

Дар бозии рафиқонаи тими миллии футболи Тоҷикистон ва мунтахаби бошгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳисоб мусовӣ-2:2 шуд. Голи аввалро дар дақиқаи 31-ум Чарлз Тико, ҳамлагари «Равшан»-и Кӯлоб ба нишон расонд. Дар дақиқаи 60-ум Руслан Раҳматов, нимҳимоятгари «Истаравшан»-и Истаравшан ҳисоби тими бошгоҳҳоро ба ду бурд.

Дар дақиқаи 70-ум Ҷаҳонгир Эргашев ҳисобро 2:1 кард. Баъди панҷ дақиқа Мусо Содиқ, ҳимоятгари «Равшан» тӯбро вориди дарвозаи дастааш намуд ва бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Аз ин пеш, мунтахаби Тоҷикистон бозии санҷиширо бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 4:1 ба нафъи худ анҷом дод.

Ёдовар мешавем, бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Ҳиндустон 14-уми август дар варзишгоҳи «20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон» (Суғд) баргузор мешавад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!