Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:54

Тақозои Зоиров барои муҷозоти ташкилкунандагони лагер

10 август 2013, 14:59

Раҳматилло Зоиров, роҳбари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, лагерҳои хаймавӣ барои муҳоҷирони мехнатиро, ки ахиран дар Маскав ташкил шудаанд, хилофи қонунгузории Русия, аз он ҷумла Сарқонуни ин кишвар гуфт.

Зоиров таъкид менамояд, ки ин амали мақомоти рус бояд мувофиқи моддаи 127-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ, баррасӣ гардад.

Зоиров, имрӯз, 10-уми август, бо пахши изҳорот, ба роҳбарони Федератсияи Русия, аз ҷумла ба мақомоти пулис, Хадамоти федеролии муҳоҷират ва ҳамзамон ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфтааст, ки ин қарори худсарона дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ғайри қобили қабул аст.

Зоиров ба мақомоти дастандаркор хотиррасон мекунад, ки бо инсон сарукор доранд ва мувофиқи сарконуни ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон, ҳуқуқҳои инсон арзиши олитарин буда, қонунӣ будани ҳар амал ва иҷроиши қавонин аз ҷониби кулли шохаҳои ҳокимият – қонунгузор, иҷрокунанда ва судӣ – маҳз ба он нигаронда шудааст: “Аз ҳамаи он масъулине, ки ба қабули ин қарорҳо даст мезананд, хоҳиш мекунам, ки ба Сарқонуни ва қонунҳои кишвари худ, озодӣ ва ҳуқуқи инсон, уҳдадории давлат дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтиром дошта бошанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шер

  • 10 август 2013 15:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом вокеан Инсон яке аз офаридахои Олии Худованд аст ва хамаи неъматхои додаи Худованд барои уст. Зоиров рост мегуяд ингуна муносибат бо Инсон ва ранчондани Инсони дигар кори норавост ва боиси ранчиши Худованд мегардад. Инсон Инсон аст, хох вай точик аст узбекаст, рус аст, англис аст, арабаст, ё мусалмон аст насронист ё буддоист пеш аз хама у инсон аст ва дар у РУХИ ХУДОВАНДИ АСТ. Виктор Гюго мегуяд: - ДУСТ ДОШТАНИ ИНСОНИ ДИГАР , ДИДАНИ ЧЕХРАИ ХУДОВАНД АСТ. Бо умеди тавфик Шер.
Посух додан
  • Мухочир

  • 10 август 2013 15:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зоиров шумо ин чанд руз барои чи овозотона набаровардед? хизб хизб гуфта даъво мекунед имруз шумо гапхои Исаев депутати русро, ки имруз зидди ин лагерхо баромад карда пешниход ба дума кард шумо каллахуро чида дар ин сайти Озодагон худатона ширин кардед гуё аз пушти миллати точик бархостет чанд руз пеш овозотона бояд баланд мекардед.
Посух додан
  • Карим

  • 10 август 2013 17:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародари мухочир чанд руз пеш Зоиров дар дар назди муфатишон буд.проблемаи худаш аз мухочирон бештар буд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хамин як пешниходи хуб дорам намешавад дигар мардхоямон нараванд гастери занхо раванд барои он ки занхоро хичи намеган занакои чавонтар бо хамаи кампиро рахаки нашен хаа ха хааа
Посух додан
  • ХХДТ

  • 10 август 2013 20:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Хоиров! ин хукумати мо парвои на хукуки инсон дорад ва на одам. ВАкте хукумати мо ба мардуми худ эхтиром намегузорад, вакте як нафар ба Саркнонуни икшвар эхтиром коил нест ва онро барои дар вазифа мондан тагйир медихад, чигуна ба у дар гами хамватани худ будааст, агар сад соли дигар тахкир шавем ин хукумати мо чорае намеандешад, зеро муттахам аст муттахами русхо он хо мегуянд мо туро сари кудрат овардем корат набошад агар хохем хозир президентро иваз мекунем. Вакте ин хел аст хукумати мо дар гами мухочиронаш нест шумо интизор доред ки русхо гами моро мехуранд?
Посух додан
  • Фарход

  • 11 август 2013 00:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухочир,
хамин гапои чинда чиндагира ба кавли шумо ин каллахуро ,мухтарам мухочир, на чандруз пешу на холи хозир кани ки гуфт? Шукрона кун ки ин бародар Зоиров хаминам ба таври расми гуфтааст......
аз паси чодари а....и истода мухокима кардани як шахс хуб нест.
Посух додан
  • МУХОЧИР

  • 11 август 2013 10:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЧАНОБИ ЗОИРОВ ИНЧО ТОЧИКИСТОН НЕСТ КИ ХАМА ТАНЗИМЕРО КИ БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТУ ТАРТИБОТ АМАЛИ МЕШАВАД ГАЙРИКОНУНИ ГУИ. У ДЕМОКРАТИЯ ДАР тОЧИКИСТОН АСТ КИ РАХМОН БАРОИ ТУ БАРИНХОИ СЕРЧОГ СОХТААСТ. ИНЧО МОСКВА АСТ ВА ХАМА ГУНА ТАНЗИМА АСОСША МЕЁВАН. ДАЪВОИ ОНРО МЕКУНИ КИ АЗ ХАМА ДИДА ДАР ТОЧИКИСТОН БОСАВОДТАРИ НАКУНАД КИ АЗ РУСХО ДИДА БОСАВОДТАР БИГИРИ ХУДТА. АЙБ МЕШАВА.
Посух додан
  • tojik

  • 11 август 2013 15:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
zoirufu kabiruf az nomi tojiko pul girifta zindagitona burdesen..rasiya bren gap zanen az kompyuteri xonaton ne..gapi shumoku kadr nadoradku.
Посух додан
  • Рахмат

  • 11 август 2013 22:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кани, хукумати дилсуз, ки чавобан ба кирдори давлати Русхо аскарони дивизияи 210-ро даст боло карда дар ягон лагер нигох дорад Ана он вакт хукук баробар мешуд. Зеро аскарони Русия барои манфиати худашон дар ин чоанд, мухочирони мо хам ба манфиати худашон ба он чо рафтаанд. мутаассуф, мо холо ба маънии ин хакикат ва ба кадри худ нарасидаем.
Посух додан
  • Комрон

  • 12 август 2013 08:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачабо !!! Ба кучо расидем мо точикон??? Барои мо лагер месозанд ва дар лагерхо моро мисли касалхо ва мисли маразхо нгахдори мекунанд. Ин аст натичаи ШУКРОНА кардани мо!!!
Посух додан
  • Мирзомурод

  • 12 август 2013 19:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Комрон,
Президентон, ки мактабкушояк шуд ба кавли русхо "открывашка", амитари мешава да.
Посух додан
  • Зоиров

  • 14 август 2013 09:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Комрон! Махз мактаб аст, ки ту барин мурдорхо акли дар сайт таънаву гайбат карданро ёд гирифтед. Президентхо дар пивбар мешинанд, пляж мераванд, мардумашон хурсанд мешавад. Ой ифлос, мактаб кушодан чи гунох дорад. Пас маълум мешавад, ки ту тахмондаи муллохои соли 1920 хасти ки ба мактабкушои зид буданд. Чунки аз оши бепулхури монда буданд. Мафкураи танги шумо аст, ки чомеа рушд намекунад. Ман шахсан туро мешиносам, ки ки хасти. Садкаи номи Эмомали шави. Шумо дар хонаатон хар надоштен. Имруз сохиби 3 - 4 мошин шудед. Боз Эмомали ганда. Намаки хамин кас шуморо кур кунад, ки хама фахмад. Хайфи ту.
Посух додан
  • Rustam

  • 14 август 2013 17:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зоиров, чаро ту фикр дори, ки Коморон 2-3 мошини дорад, ва агар фарз кунем, ки дошта бошад хам, барои чи он албатта бо шарофати президент бошад, чи магар мошинхоро ба мардум президент харида тухфа мекунад? Акли ту дар чояш ???? Ман медонам, ки аксарияти мардуми сохиби мошин буда аз пули мардикориашон дар Руссия мошинро харидори намуда, дар ватан барои дарефти кути лоямут бо хизматрасонии такси машгуланд. Агар дида боши кисми зиеди он таксихое, ки бо нархи 3 сомони дар шахр ба мардум хизмат мерасонанд аз хисоби пули мардикори харида шудаанд. Ту боши ин чо ба мо сафсатахони мекуни ! Хуб мешуд рузномаю мачалла хонда, аз вазъи вокеи дар мамлакат ва берун аз он хабардор мешуди. Наход фикри ту факат дар атрофи мошину мошинсавори бошад ??? Дар мамлакат мушкилихои дигар ва аз ин хам мухимтар аст ба монанди маорифу тандурусти, фарханг, таълиму тарбияи чавонон, бекори ва гайраву гайра, ту боши факат мошинро мебиниву дигар масъалахоро нодида мегири, вой бар холи ту барин шахсиятхо !
Посух додан
  • tojik

  • 15 август 2013 00:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Rustam,
prezident ba xalk ozodi ki (volya)-dod moshini kimatu xonai bokuvat mexari..uzbakoda ozodi nest bo moshinhoi shuravi baze puldorash bo neksi yo damas megardad.prezident pul nametat prezident sarhuit mekuna ki biyov buxu to yak vakta.baroe ki hukumati mo kambagalai xalk boi..hukumati uzbak boi xalkash kambagal fahmidi aku brat.paka ozodivu pulkorkuniyai bza bgard.neki bo kori halol albata.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!