Бахшҳо

Тураҷонзода, “девори намкаш”?

Дилошӯб Орифзода

Шояд на ҳама аз ҷузъиёти мурофиаи мазкур огоҳ бошанд. Аз ин хотир мухтасар ёдовар мешавем. Моҳи феврали соли пор, дар шабакаи давлатии ТВ «Суғд» дар барномаи «Сӯҳбати озод», мавзуъи «Ошӯро аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам» барои баҳс гузошта шудааст. Ва барои баррасии ин масъала муллоҳоро даъват кардаанд. Пас аз пахши барнома, сару садоҳои зиёд баромад, зеро дар барнома, бино бар гуфти шоҳидони ҳол оилаи Тӯраҷонзодаҳо зери тозиёнаи танқид қарор гирифтаанд. Баъдан Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чаҳор нафар иштирокдорони барномаро ба додгоҳ кашид. Инҳо киҳоянд: Раиси шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Исфара Насрулло Азизов, имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Конибодом Мақсудҷон Умаров ва рӯзноманигори ТВ «Суғд» Тоҳир Искандарзода.

Насрулло Азизов: «Оилаи Тӯраҷонзодаҳо ранги шиаҳо ва рофизиҳо»

Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи чоршанбе, 31-уми июл, соати 8 субҳ оғоз гардид. Чун дар мурофиаи 18- уми март, ки Насрулло Азизов гуфта буд, ҷузъиёти суханҳои гуфтаашро дар хотир надорад, баҳси додгоҳӣ то ба имрӯз ба таъхир гузошта шуд. Судия пурсиши ҷавобгаронро аз оқои Азизов оғоз кард. Ба ӯ суол дода шуд, ки нисбати даъвои Тӯраҷонзода чӣ андеша дорад, муло Насрулло гуфт, ӯ оилаи Тӯраҷонзодаҳо гуфта, Эшони Нуриддинҷонро дар назар доштааст, на Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро. Барои ҳамин мудаои даъвогарро беасос меҳисобад. Ӯ иброз намуд, ки онҳо ҳадафи шаъну шарафи онҳоро паст карданро надоштаанд ва ҳам накардаанд.

Дар идомаи баромадаш, домулло Насрулло зикр кард, ки дар матни барнома (стенография), ки аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд омода карда шудааст, ба ҷои баъзе калимот ибораҳои дигар омадаанд. Ӯ мисол овард, ки ба ҷои ранги шиаҳову рофизиҳо, онҳо ранги сиёҳ ва марофизҳо навиштаанд.

Пас аз ин суханони ӯ намояндаи ҷониби даъвогар ҳуқуқшиноси маъруф Файзинисо Воҳидова бо чанд суол ба ҷаноби Азизов муроҷиат намуд, ки яке аз онҳоро инҷо баррасӣ хоҳем кард. Ӯ гуфт ки шумо оилаи Тӯраҷонзодаҳоро шиа унвон кардед, магар ин таҳқир нест? Мулло Насрулло посух гардонид, ки ман шиа нагуфтам, балки ранги шиаҳо ва рофизиҳо гуфтам. Бо як мисол бону Воҳидова ҷавобгарро «мот» кард: «Мо анорро ранги анор мегӯем, дуруст аст? Мо анорро ранги шафтолу ё зардолу намегӯем-ку?»

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мўсозода: «Ҳадафи мо таҳқир кардан набуд»

Ҷавобгари навбатӣ раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода буд. Ба ӯ низ аз ҷониби Матлуба Ҳабибуллоева суоле, ки ба Азизов дода буд, такрор гардид. Ҳоҷӣ Ҳусейн иброз намуд, ки ҳадафи онҳо таҳқир кардан набудааст. Ӯ гуфт онҳо танҳо мехостанд мардумро ислоҳ кунанд, то ки ҷомеа ба тарғиботи дигар мазоҳиб даст назананд. Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки барномаи телевизионӣ тарғиботи набуда, балки таҳфимотӣ мебошад. Мӯсозода гуфт, ки имрӯз дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ навишта шудааст, ки дар ин масҷид намоз тариқи мазҳаби Имом Аъзам адо карда мешавад. Аз ин хотир набояд дар дохили масҷид амали дигар мазҳабҳо анҷом дода шавад. Аз баромади ӯ маълум буд, ки ӯ даъвои Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзодаро беасос меҳисобад. Ин ақадаашро як рӯз қабл аз баргузории мурофиаи судӣ низ ба «Озодагон» иброз намуда буд.

Вакили дифои Тӯраҷонзода ба ҷавобгар суоле пешниҳод кард, ки оё ҷашгирии иди ошӯроро шӯрои уламо манъ кардааст, Ҳоҷи Ҳусейн Мусозода ҷавоб гардонид, ки манъ неву маҳкум мекунад. Агар чунин аст, пас суоле ба миён меояд, ки чаро аз ҷониби муллоҳои «ҳукуматӣ» як оилаи бонуфузи ҷумҳурӣ зери тозиёнаи танқид қарор гирифтаанд? Дар ҳоле ки мазҳаби Абӯҳанифа таҷлили ошӯроро танҳо маҳкум кардааст. Ба ин суолҳо низ дар мурофиа муллоҳо посух гардониданд, ки шиаҳо метавонанд дар кишвари мо низ рӯзи ошӯроро қайд кунанд, аммо на дар масоҷиде, ки дар он аҳли сунна вал ҷамоат ибодат мекунанд. Яъне, бояд масҷиди алоҳидае дошта бошанд. Аз ин ҳарфҳои эшон хулоса баровардан мумкин аст, ки агар Тӯраҷонзодаҳо хоҳанд дар масҷиди шиаҳо ошӯро барпо кунанд.

Мақсудҷон Умаров: «Аз навиштаҳои оилаи Тӯраҷонзодаҳо бӯи солҳои 90-ум меояд»

Яке аз ҷавобгароне, ки бисёр оромтабиат менамуд, Мақсудҷон Умаров буд. Аммо аз чӣ бошад, ки дар барномаи «Суҳбати озод» аз ҳама дида суханҳои вазнинтарро ӯ гуфтааст. Гумон кардам, ки Мақсудҷон барнома суҳбати озод аст, гӯён, чӣ чизе ки ба даҳонаш омадааст, дониста надониста, фаҳмида нафаҳмида, гуфтааст. Яъне, ӯ дар рафти баррасии мавзӯи «Ошӯро аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам» суҳбат карда, мегӯяд, ки аз навиштаҳои оилаи Тӯраҷонзодаҳо дар матбуоти давр ғараз ва бӯи солҳои наваддум меояд. Ҳамчунин дар вақти суханрониаш иброз намуда, ки аз пушти ин оила ҳазорҳо мардум вафот карданд, чандин ҳазор занҳо бева монданд ва кӯдакон ятим шуданд. Аммо гумони ман хато баромад, зеро ӯ барои чӣ ин суханҳоро иброз намудаашро низ баён кард. Мақсудҷон Умаров ба таърих рӯ овард ва солҳои оғози ҷангро нақл кард. Ӯ иброз намуд, ки дар он вақт дар мадраса таҳсил мекардааст ва қозии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода будааст. Ба гуфти ӯ маҳз қарори ҷанозаи камунистонро нахонданро Тӯраҷонзода бароварда ва ҳама муллоҳоро маҷбур кардааст, ки ин фатворо ба ҳама расонанд. Ӯ мегӯяд, ки ин қарор суру садои зиёдро ба бор овард. Мардум эътироз нишон доданд. Ҳатто муллоҳое, ки ба ин қарор итоат накарданд, аз вазифа дур карда шуданд ва…

Чун ин ба баҳси додгоҳӣ робита надошт, судия Ҳабибуллоева хоҳиш кард, ба масъалаи асосӣ баргардад. Яъне аз ҳарфҳои муло Мақсудҷон маълум буд, ки суханҳояшро «асоснок» гуфтааст. Аммо ба суолҳои ҷониби даъвогар пусухи мушаххас гардонида натавонист. Масалан, Воҳидова суол пешниҳод кард, ки чаро шумо мушаххас нагуфтед, ки кадоме аз узви оиларо дар назар доред? Охир дар оилаи Тӯраҷонзодаҳо боз чандин бародарону хоҳарон ҳастанд. Аз ин хотир Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода худро таҳқиршуда ҳисоб мекунад ва ба додгоҳ даъво кардааст.

Тоҳир Искандарзода: «Сенарияи пешакии барнома набуд»

Шояд Тоҳир Искандарзода намедонист, ки барномаи омода кардааш, чунин баҳси гармро ба миён меорад. Зеро дар тӯли 20 соли фаъолияташ бори аввал ӯро ба додгоҳ кашидаанд. Ӯро низ доварикунандаи мурофиа аз ҷои «гармаш» (зеро то омадани навбаташ, наздик се соат гузашта буд) хезонид ва ба суол додан оғоз кард. Ҳабибуллоева пурсид, ки маърифти диниаш дар кадом сатҳ аст? Искандарзода дар ҷавоб бо табассум гуфт: «Алҳамдулиллоҳ мусалмон ҳастам, лекин дар ягон мадраса таҳсил накардаам».

Дар мавриди аз ҷониби кӣ интихоб шудани мавзуъ илова намуд, ки маъмурият ба ӯ пешниҳод кардаанд. Зеро ҳамон шабу рӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ҷашнгирии ошӯро буд. Аксар фикр мекунанд, ки гӯё барнома тарҳрезишуда буд, аммо Искандарзода гуфт, сенария пешакии барнома набуд. Зеро дар барномаи «Суҳбати озод» мавзуъ интихоб мешавад, вале сенария сохта намешавад.

Рӯзноманигори шабаки «Суғд» гуфт, дар барнома ҳар чизе, ки баён кардааст, иқтибос аз матбуоти давр аст. Аммо Искандарзода ҳангоми суол додан, манбаи иттилоашро таъкид накардааст, ки ин хилофи қонунҳои вобаста ба ВАО мебошад.

Ҷониби даъвогар ба журналист як чанд суолҳои «обдор» дод, ки шармам омад. Зеро ӯ аз касбияти рӯзноманигор сухан мекард. Воҳидова ба Искандарзода муроҷиат кард, ки чаро барои риоя кардани тавозун, ки яке аз талаботи илми журналистика ба ҳисоб меравад, ҷониби танқидшавандаро даъват накардед? Искандарзода гуфт, барои риояи баланс онҳо дар толор донишҷӯён ва мардумро даъват карда буданд. Пас аз гузашти чанд дақиқа ба сараш фикре омаду аз судя хост сухан кунад. Ӯ ба суоли Воҳидова, ки маънияш чаро Тӯраҷонзодаҳоро ба барнома даъват накардед, чунин посух гардонид, ки онҳо дар дигар минтақа басар мебаранд, аз ин хотир натавонистаанд, онҳоро ба барнома даъват кунанд. Ин посухаш бисёр хандаовар буд, зеро як инсони оқил ҳеҷ тасаввур карда наметавонад, ки дар шароити имрӯзаи кишвар симо ва сухани намояндаҳои оилаи Тӯраҷонзодаҳо аз ТВ-ҳои давлатӣ, намоиш дода шавад.

Тӯраҷонзода «девори намкаш»?

Музокираи судӣ оғоз гардид. Вакили дифои Тӯраҷонзода ба раисикунандаи мурофиа гуфт, ки ҷавобгарон ягон далели инкоркунанда, пешниҳод накарданд. Аз экспертизаи судӣ ёдовар шуд, ки қаблан Воҳидова ба «Озодагон» гуфта буд:
- Экспертизае, ки имрўз аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумат ҷумҳурӣ дода шудааст, гарчанде он қадар саҳеҳ набошад ҳам, лекин хулоса дода, ки доир ба он гуфтаҳое, ки аз ҷониби иштироккунандагони ҳамин барнома изҳор карда шудааст, гузаронидани тафтишоти пешаки зарур аст. Яъне кумита бо ин хулосаи худ эътироф намудааст, ки дар ин ҷо ҷиноят аст, дар кирдори ҳар як иштироккунандаи ҳамин барнома, лекин бо назардошти он ки имрӯз ҳамчун ҷиноят аз кодекси ҷиноятӣ тӯҳмат ва таҳқир бардошта шудааст, бинобар ҳамин мо ба тариқи муносибатҳои гражданӣ ба суди гражданӣ муроҷиат намудем.

Зимоми суханро Ҳабибуллоева ба домуллоҳо дод, ки қариб ҳама ҳаммонанди якдигар суҳбат мекарданд. Масалан, Ҳоҷӣ Ҳусейн Мўсозода гуфт, ки дар рафти барнома ягон маротиба номи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода зикр нагардидааст. Дар идомаи баромадаш илова намуд, ки аз нигоҳи ӯ барнома ба шахсияти Тӯраҷонзода дахл надорад.

Навбати сухан ба ҷаноби Азизов расид, ӯ иброз намуд, ки оилаи Тӯраҷонзодаҳо гуфта, бародари калонии оила Эшони Нурридҷонро дар назар доштааст, аммо ба гуфти вай Ҳоҷи Акбар ба монади «девори намкаш» рафтор карда, аз болои онҳо муроҷиат кардааст. Мақсудҷон ва Искандарзода низ иброз намуданд, ки ҳадафи таҳқир карданро надоштанд.

Интизориҳо аз қарори суд

Файзинисо Воҳидова мегуфт, бовар дорад мурофиа бар фоидаи ҷониби ҷавобгарон ҳал мешавад, аммо ман тасаввур карда наметавонистам, ки чӣ гуна чунин мешавад, зеро аз мушоҳидаам ба хуллоса омада будам, ки ҷавобгарон бояд муҷозот карда шаванд. Зеро дар мурофиа ягон ваҷҳи инкоркунандаи даъвои Тураҷонзода пешниҳод накарданд.
Котибаи суд ҳамаро ба толор даъват намуд ва судя Матлуба Ҳабибуллоева ҳалномаро ба пуррагӣ хонд. Маълум гардид, ки аризаи даъвогии Тӯраҷонзода рад карда шуда, илова гардид, ки касе аз қарори суд норизо бошад, пас аз дастрас шудани ҳалнома, дар давоми як моҳ ба сатҳи болоии додгоҳ муроҷиат барад.

Аз толор берун омадем ва дар симои ҷавобгарон табуссум ҷилва мекард. Дар ҳамин ҳол вакили дифои Тӯраҷонзода гуфт, дар ин кишвар суд манфиатҳои мардумро нодида гирифта, танҳо манофи давлатро ҳимоят мекунад. Аммо аз қарори суд ӯ асабӣ намешуд, зеро ба гуфти худи ӯ чандин маротиба шоҳиди ин ҳодисаҳо шудааст.



Бознашр аз хафтаномаи "Озодагон"
Мӯҳр
Ошно
Турачонзодахо чандин сол шудааст аз мафхуми "мардум" берун рафтаанд мухтарам Вохидова. Баъдан ман жанри ин матлаби ачоибро дар журналистикаи муосир пайдо карда натавонистам муаллифи мухтарам? Озодагон нашр кун. то посух шунавам

Турачонзодахо чандин сол шудааст аз мафхуми "мардум" берун рафтаанд мухтарам Вохидова. Баъдан ман жанри ин матлаби ачоибро дар журналистикаи муосир пайдо карда натавонистам муаллифи мухтарам? Озодагон нашр кун. то посух шунавам

muhojir
dar hakikat az turajonzodaho bui shiagi meoyad va amalhoi shiahoro kardan misli oshuro va salai siyoh pushid ashoni nuridin va baaze sahobahoro kapi kabih guftan misli maoviya

Сайёди Сайд
Ошно, ту худ журналист хасти ба фикрам, ки дар мавриди жанр сухан рондаи. Агар жанрро фарк карда метавонисти ин суолро намедоди, зоро маълум аст, ки дар жанри гузориш омода шудааст.

ОШНО
Ба Саёди Сайд: Бародари гироми як бори дигар китоби устод Усмонов Жанрхои журналистика ва дигар устодонро зарар намешавад боз як бори дигар варак гардон намо, бе хафаги. Оё дар хамон гузорише, ки ту мегуйи ва ман онро чун репортаж мефахмам албатта ин ба гурухи жанрхои хабари на тахлили дохил мешавад, имкони назари муаллиф (эътибор намо шумо дар хар банд назари худро овардаед)-ро ичозат медихад. Ё ин жанрро нав ихтиро кардаед ё навигари ворид намудаед. Озодагон ба хотири профессионализм нашр кун. мавзу актуали аст

Dev
Umuman ba shiagarivu sunigari kordor nestam , saram ham dar namekunad ! Vale janobon Turajonzodaho samtero be kajfiyati hud intihob namekunand.Onho hele loiki tankidand , chun hudashon "purdardand" .

Шухрат
Ба мухочир.
Пайгамбар саллаи сиех дошт пас у шиа буд.Саллаи сиех пушидан дар ислом суннат аст.Е ин ки ба фикри ту он касоне ки кулохи яхудимонанд мепушанд яхудианд ?

Замир
Мухтарам Озодагон бо тамоми эхтироме, ки барои шумо коил хастам, баъзан эродхоеро хам дорам. Бахусус дар масъалаи забон. Баъзан вожахо ва истилохотеро ба кор мебаред, ки на дар чорчуби забони адаби мегунчад ва на дар чорчуби забони гуфтори. Масалан дар ин матлаб навиштаеад "мохи феврали соли пор" ин яъне чи? Албатта хонанда метавонад дарк кунад, ки хадаф соли гузашта ва ё порсол будааст, аммо ба хар сурат истифодаи чунин вожа чанге ба калби забони мо намезанад. Хохиш мекунам чоп кунед ва ин интикодро дустона кабул кунед. Чун чое ки устод Зафар аст бояд ин чизхо пеш наояд. Мщ медонем баъзе сомонахо талош мекунанд, ки вожахои чадидро биёфаранд, ки аслан маъни надоранд, аммо шумо набояд чунин кор кунед!!

"Пас аз ин суханони ӯ намояндаи ҷониби даъвогар ҳуқуқшиноси маъруф Файзинисо Воҳидова бо чанд суол ба ҷаноби Азизов муроҷиат намуд, ки яке аз онҳоро инҷо баррасӣ хоҳем кард. Ӯ гуфт ки шумо оилаи Тӯраҷонзодаҳоро шиа унвон кардед, магар ин таҳқир нест? "..........................................Аблахи то ин хад аст))) Оё Нуриддинчон бар он акида нест ки фарк байни шиъаву сунни мисли шофеи ва ханафист? Оё онхо дар маъвизахояшон шиахоро бародар нахондаанд? Оё бо Саидюнуси Истаравшани оилаи Турачонзодахо дустии хонаводаги надоранд? Пас дар шиа номгуфтани ишон чи ишколе хаст? Модоме ки худ онхоро бародар медонанд? Чи чои тахкир мухтарам Вохидова?Онхо ошуро ташкил мекунанд ки хосси шиахост))))) Макола гаразноку яктарафа аст ва маъние надорад зеро пиар мебошад)))) Худо донад ки шумо ин гуфтахоро чоп кунед))))

Шадком
Бародархо дар бораи шиагии Турачонзодахо ё суннигии онхо ман чизе намедонам. Аммо як чизеро медонам, ки имруз олимони асосии мазхаби Ханафи дар Точикистон факат Турачонзодахо мондаанд. Дигархо хама салафиву вахоби дар либоси Ханафи мебошанд. Яъне гург дар либоси меш.

Саёди Савр
ОШНО,
ОШНО,
ту кай охиринмаротиба китоби устод Усмоновро хонди? Баъдан устод журналистикаи замони шуравиро тахлил кардаанд ва имруз журналистика хеле рушд кардаас азизам. Аз ин хотир мафкураатро васеътар кун ва аз хеч чиз як чи насоз. Маъзарат мехохам Ошно ман аслан намехостам ба ту сухани пасту баланд занам.

Абдуллох
....."Бо як мисол бону Воҳидова ҷавобгарро «мот» кард: «Мо анорро ранги анор мегӯем, дуруст аст? Мо анорро ранги шафтолу ё зардолу намегӯем-ку?» "
ХОНУМ ВОХИДОВА ХАТО МЕКУНАД. ХЕЧ ВАКТ АНОРРО МИСЛИ АНОР НАМЕГУЯНД. БАЛКИ ЧИЗИ ДИГАРРО БА ЧИЗИ ДИГАР МОНАНД МЕКУНАНД. ЧУНОНЧИ АНОР МИСЛИ КАНД ШИРИН АСТ ВА Ё АНОР МИСЛИ ХУН СУРХ АСТ ВА ГАЙРА. ИН ХЕЛ ГАП НЕСТ АНОР МИСЛИ АНОР АСТ!!! ОДАМ МИСЛИ ОДАМ БУДААСТ ГУФТА МЕШАВАД? НЕ АЛБАТТА БАЛКИ ОДАМ МИСЛИ МАЙМУН ВА Ё ГОВ БУДААСТРО ШУНИДАЕМ????
ТАК ЧТО ВОХИДОВА БОЗ ХАТО МЕКУНАД!!!!!!

хУКУКШИНОС
хОНУМИ ВОХИДОВА АЗ САВОДИ ХУКУКИ НАДОШТАНИ ЧАВОБГАРОН КАЙФ КАРДА ФИКР КАРДААСТ КИ ХАМИН ЗОХИРИЯТРО СУДЯ ДАСТРАС НАМУДА БА ФОИДААШ КАРОР МЕБАРОРАД. АММО СУД КИ АДОЛАТРО АМАЛИ КАРДААСТ ДУРУСТ АРИЗАРО РАД КАРДААСТ.
МИСОЛ ЯГОН АБЛАХ АНОРРО БА АНОР МУКОИСА НАМЕКУНАД, БАЛКИ ХАМАВАКТ ЯК ЧИЗРО БА ЧИЗИ ДИГАР МУКОИСА МЕКУНАНД. МАСАЛАН ИН ОДАМ МИСЛИ ХАЙВОН АСТ ВА Ё БАРЪАКС ИН МАЙМУН БА ОДАМ МОНАНД АСТ, ИН МАЗАИ ХАРБУЗА РАНГИ БОДИРИН АСТ ВА Ё БОДИРИНГИ ТУХМИ РАНГИ ХАРБУЗА АСТ ВА Г. ЯГОН КАС НАГУФТААСТ, КИ АНОР МИСЛИ АНОР АСТ! (БА ЧУЗ ВОХИДОВА АЛБАТТА)ОХИР У ХУД АНОР АСТ ЧИ ТАВР МЕТАВОНАД МИСЛИ АНОР БОШАД
ДУЮМ ЧАНОБИ МУЛЛО ОИЛА ГУФТААСТ ВА ХАТО НИЗ НАКАРДААСТ. зЕРО КИ АГАР ВОХИДОВА ФАННИ МАНТИК ХОНДА БОШАД АЛБАТТА КАСИ ОШУРО КАРДАГИРО АЗ ОИЛА ЧУДО КАРДА МЕГИРАД ВА САВОЛИ БЕМАНТИКИ БЕМАЪНИ НАМЕТИЯД БЕЧОРА МУЛОИ БЕСАВОДДА. МАСАЛАН ХОХАРОН АЗ ОИЛА ОШУРО БАРНО НАКАРДААНД КУ.
СЕЮМ МАСЪАЛАИ ЖУРНАЛИСТКАТИ: ОХИР БЕЧОРА ГУФТА ИСТОДААСТ КИ МАВЗУЪ ОШУРО БУД НА ТУРАЧОНЗОДАХО. ЯЪНЕ БА ИН МАСЪАЛА МЕБОЯД АЗ НИГОХИ МАЗХАБИ БАХОГУЗОРИ МЕШУД НА АЗ ДИГАР ЛИХОЗ. ПАС ЧИ ГУНА МЕБОЯД ТУРАЧОНЗОДАХОРО ДАЪВАТ МЕКАРД БА ХОТИРИ ТАВОЗУН КИ МАСЪАЛА ИНХО НАБУДАНД!

ЧАХОРУМ ХАМИН КИ
- ОЁ ОЗОДИИ БАЁН ТАНХО БАРОИ РАКИБОНИ СИЁСИИ ХУКУМАТ АСТ?????
- ОЁ ФАКАТ ЯК ГУРУХ МЕТАВОНАД КИ ТАНКИД НАМОЯД?
- ОЁ ДЕМОКРАТИЯИ ТАЛАБМЕКАРДАИ ВОХИДОВА ВА ХАММАСЛАКОНАШ ТАХАММУЛПАЗИРИРО ДАР ХУД НАМЕГУНЧОНАД ВА Ё ТАНХО ХУКУМАТИХО БОЯД ТАХАММУЛПАЗИР БОШАНД???? ВА г

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)