Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Кортҳои нафақагирон дар Тоҷикистон нав мешаванд

13 август 2013, 14:57

Бонки давлатии “Амонатбонк” мегӯяд, дар Тоҷикистон кортҳои қаблии нафақагирӣ ба кортҳои нави миллӣ иваз мешаванд ва ин раванд, аллакай дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз 1 августи соли равон шурӯъ гардида, дар назар аст, давра ба давра то 25 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ амалӣ гардад.

Тибқи иттилои “Амонатбонк” дар кишвар низоми пардохти миллии «Корти Миллӣ» роҳандозӣ мешавад, ки он аз чанд ҷиҳат бартарият дорад. Аз ҷумла дар ҳудуди ҷумҳурӣ, истифодабарии васеи шабакаи терминалӣ, пардохтҳои ғаринақдӣ бо истифода аз кортҳои миллӣ ривоҷ ёфта, маълумот оиди мизоҷон ва гардиши маблағҳои пулии аҳолӣ дар дохили мамлакат коркард ва нигоҳ дошта шуда, хавфҳои амалиётии беруна истисно карда мешаванд.

Манбаъ мегӯяд, дар даҳрӯзаи аввали моҳи август аллакай, 15 % -и кортҳои пардохтӣ ба нафақагирони шаҳри Душанбе дастрас гардидааст. “Амонатбонк” таъкид мекунад, ки иваз намудани корт ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, бақияи суратҳисобҳо бемонеа ба кортҳои нав интиқол дода мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!