Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:20

Мақомот: «Булгария» 114 қурбонӣ дошт

22 июл 2011, 08:11

Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, киштии «Булгария» замони ғарқшавияш ҳомили 201 нафар буд, ки 114 каси онҳо ба ҳалокат расидаанд. 8 тан аз мусофирон дар феҳрасти беномунишонгаштагон сабт шудаанд, 79 нафари боқимонда наҷот ёфтанд.


Қаблан хабар дода мешуд, ки дар дохили киштӣ 208 нафар қарор доштааст. Владимир Маркин, намояндаи расмии кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ҳафт нафар аз рӯйхати мусофирони бенишонгардида берун шудаанд. «Онҳо ё наҷот ёфтаанд ва ё саҳван ба феҳрасти мусофирон сабт шудаанд»,-илова намудааст Маркин.

Ёдовар мешавем, киштии «Булгария» 10 июли соли равон замоне, ки аз самти Болгар ба Қазон ҳаракат мекард, зери об рафт. Амалиёти аз зери об берун кашидани «Булгария» субҳи имрӯз оғоз шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!