Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:47

Садҳо мошини самти Хоруғ дар Дарвоз дармондаанд (Навшуда)

14 август 2013, 09:25

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон таъйид намуд, ки дирӯз, 13-уми август, тақрибан соати 17:08 дақиқа дар километри 428-429-и шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, дар мавзеъи деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз сел ҷорӣ шуда, роҳи мошингардро маҳкам кардааст.

Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “кӯмак ба мардуму ронандагони дармонда дар ин минтақа, дар аввал ба салоҳияти ҳукумати ноҳия дохил мешавад. Дар ҳар як ноҳия Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда аст, ки дар чунин ҳолатҳо бояд ба мардум кӯмак кунанд. Ҳар як ҳукумати ноҳия хазинаи 5 рӯзаи озуқа ва дигар лавозимотро дорад, ки дар чунин ҳолатҳо ба мардум расонда мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон барои чунин ҳолатҳо ба ҳамаи ноҳияю шаҳрҳо маблағ ҷудо мешавад. Агар ситоду хадамотҳои махсуси ноҳия дар чунин ҳолатҳо кӯмак расонида натавонанд, баъд ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат менамоянд ва мо барои кумак сафарбар мешавем.”

Султоншоҳ Бандалиев, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, айни ҳол дар 6 ҷои ноҳия сели калон омадааст, ҳамаи техникаи мавҷударо сафарбар карда, техникаи ноҳияҳои ҳамсояро низ ҷалб намудаанд: “Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда бо раису муовинони раиси ноҳия аз дирӯз дар он ҷойҳо кор карда истодаанд.”

Ин масъули ҳукумати ноҳияи Дарвоз гуфт, интизор меравад, ки то соати 16 ин роҳ бояд кушода шавад. Ӯ инчунин гуфт, ки ният доранд, ба мавзеи селхезӣ озуқа ирсол намоянд.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, Ҷаъфар Ғаффоров, як корманди Бонки миллӣ, ки барои гузарондани конфронс ба Хоруғ раҳсипор будааст, бо хабаргузории “Озодагон” дар тамос шуда, иттилоъ дод, ки “бегоҳи рӯзи гузашта, тақрибан соатҳои 17-18 сел омада, роҳҳоро баст. Садҳо мошину мусофир аз ҳар ду ҷониб дармондаанд. Ман худам бояд ба Хоруғ рафта, дар семинар иштирок мекардам, аммо аллакай дер кардам.”

Ғаффоров афзуд, ки “ягон нафар ба доди мардум намерасад ҳама гушнаю ташна интизори кушода шудани роҳ ҳастанд. Аз дирӯз инҷониб як трактор омад, ки ҳоло ҳамон ҳам вайрон шудааст. Мегӯянд, ки салярка надорад. Ҳозир як номуайянӣ аст.”

Дар ҳамин ҳол мусофирон аз ноҳияи Тавилдара низ бо “Озодагон” дар тамос шуда, аз селфароӣ хабар доданд. Онҳо изҳор доштанд, ки баъди интизории тӯлонӣ ночор худи мусофирон пиёда шуда, бо даст барои мошинҳояшон роҳ кушодаанд ва ниҳоят ҳозир ба ҳаракат даромаданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!