Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

Фармони президент дар бораи боло бардоштани маош дар Тоҷикистон

14 август 2013, 11:06

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми август, фармонеро имзо намуд, ки тибқи он аз 1-уми сентябри соли равон ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Тибқи итилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фармони Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст:

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаҳои маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон аз музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зиёд мебошад), ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои илм, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ба андозаи 20 фоиз ва муассисаҳою ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шаванд;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 190 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) кормандони прокурорӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 405 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 450 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои ҳайати афсарон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии роҳбарикунандаи миёна, калон ва олии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои командири взвод, прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 35 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант – 450 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш – 405 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад;

- ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд, иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;

- ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донистани забонҳои хориҷии дур иловапулӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;

- андозаи амалкунандаи стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;

- ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

- ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 624 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

- нафақаи заминавӣ ба андозаи 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ кам мебошад, ба 200 сомонӣ баробар карда шаванд;

- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ ва аз ин зиёдтарро ташкил менамоянд, 25 сомонӣ зиёд карда шаванд;

- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории нопурра аз рӯи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол таъин гардидаанд ва нафақаҳои меҳнатии маъюбони гурӯҳи III ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки бо назардошти собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо аз ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол кам мебошанд, ба андозаи 30 сомонӣ зиёд карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур додааст, ки фармони мазкурро аз ҳисоби бақияи озод ва иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи маблағҳо аз рӯи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд.

Баробари ин Президент чандин фармонҳояшро аз эътибор соқит кардааст. Аз ҷумла фармонҳои қаблии президент «Дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Оид ба зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаи иҷтимоӣ»; «Дар бораи муқаррар кардани изофапулӣ барои донистани забонҳои хориҷӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; «Дар бораи муқаррар кардани иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бекор карда шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • daler

  • 14 август 2013 12:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in sharmandagii KALON ast yak kopcha ord 160 somoni maosh 400
bo in maosh chkhel mekhohed ki prakror rishva nagira va voenniho kochokchi nashavan??!!
in hukumat ba fikrm az kursi dollar khabar nadora fikr mekuna 1 somoni 10 dollar meshava
Посух додан
  • хусноро

  • 14 август 2013 13:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хамиш даям шукр кун
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин, Шукрона бояд кард, зеро даромади Точикистон 80 %-аш аз хисоби андоз аст... Чаноби Оли ташаккури зиёд ...
Бародар 5 панчаро яке дар дахон андохта намешавад вале яктои хело осон аст андохтанашон... Охиста охиста аз 10-15- сомони хади акали маош ба 200 сомони расид... хамааш охиста-охиста мешавад набояд саросема шавем...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саволе ба миён меояд ки афзоиши маош аз ҳисоби кадом даромад бошад? Маълум аст, ки иқтисоди Тоҷикистон қариб ба сифр баробар аст. Вагарна ин қадар муҳоҷирини меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар дар ҷустуҷӯи қути лоямут дарбадар намегаштанд.

Дуввум инки, 20 фисад афзоиши даромад аз маошу нафақа дар алоҳидагӣ чандон пули зиёд нест ки, лоиқи овозаву дарвоза (реклама) бошад. Аз лиҳози иқтисод, ба ин даромад бозори истеъмол ба зудӣ бо афзоиши нархҳо ҷавоб хоҳад дод. Бе ин ҳам ҳамасола нархҳои бозори амволу хидматрасонӣ то 100% афзоиш ёфта истодаанд. Инро танҳо касоне инкор мекунанд, ки роҳи бозору мағозаҳоро кайҳо фаромӯш кардаанд. sad
Посух додан
  • Салмон.

  • 14 август 2013 20:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо боло бардоштани маош нархх,ох,ам ба маротиб боло рафтаистодааст!!!
Посух додан
  • рр

  • 15 август 2013 07:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хакчуй,
дусад сомониро гирифта ба бозор баро
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
саломю Пеш аз нафака баромадан ман дар "Барки Точик№ ба сифати журналист кор мекардам. 5-6 сол собикаи кори дар ин муассиса доштам. Маошам таи чанд соли охир беш аз 750 сонмони буд. Дусол пеш аз нафака рафтан намедонам чи шуд, ки Раиси собики "Барки Точик" санъат Асоев мани бечораро бо милитсия аз кор ронд. Намедонам барои чи? Чанд трансформатор "дуздида" фурухтанамро намедонам. Як сол бекор будам ва баъд дар МБГ-и пойтахт боз як сол кор карда, ба нафака баромадам. Маблаги нафакаи ман хамаги 373 сомон аст. Нархи бозори чахонро бингареду озори чахонро хам. 373 сомон танхо пули телефону барк мешавад андози хонаву дигакр андозхо мешаваду халос. Ман зани танхо хастамю бигуед ба ин нафакаи кути лоямут чи гуна зиндаги кунам? хамеша беморам, чун дар солхои ноороми зарбу лати бисёр хурдаамЖ ба хонаам нисфи шаб дародмада, ночавонмардхои точик кариб маро кушта буданд. хуб тафсилоти зиёд дорадю аз ин мавзуъ сарфи назар мекуна. Хуллас, хамеша беморам, сихатам бад аст, табобат лозим аст, вале ман ин имкониятро надорам. Ман шоирам, тамоми умр бе тамаъ ба эчод машгул будам, вале хатто чоиза ва унвоне надорам, вакте ки бехунарон хама сохиби унвону чоиза шудаанд. Дар Иттифоки нависандагони Точикистон ба ки додани унвону чоизахоро пешаки, таги остину пустин хал мекунанд. Нафаре хаст, ба ман бигуяд, ки хакикату адолат, вичдон дар ин кишвар кучост? Касе хаст, ки ба такдири ман барин одамон аз паси панча не, аз руи вичдон нигох кунад? Ё конуну рости танхо дар руи когаз аст? Чаро хамаи онхое, ки игво карда чанг андохтанд, дуруг мегуянду саропо найранганд,сохиби чоизаву унвону вазифаанду одамони поквичдон зери пардаи гафси тираи тухмату бухтон? Чаро кибру хирсу пастиву разолат дар ин замона ин кадар афзудааст? Мебини як инсонеЮ ки як чав арзиш надорад, бо хешу таборбози сохиби унвону маком шуда, ба инсонхо ба чашми тахкиру назарногири нигох мекунанд. Хамин худаш нишонаи хеч будани ин хабисон аст. Агар ба ин нома чавоб гирифтамб пас маълум мешавад, ки хануз аз инсоф дар ин дунёи дун асаре аст, агар нагирифтам, туф хам ба руи ин гуна чомеаву зиндаги ва ин гуна сохибмансабон! ва эътикоду боарам аз хама чизи ин чахон канда хохад шуд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!