Бахшҳо
14 авг 2013 15:25Тоҷикистон / Тема дня

Ҳукумати Панҷакент фурӯши иҷбории диски Раҳмонро рад кард

Ҳукумати шаҳри Панҷакент фурӯши фиттаҳои филми ҳуҷҷатии марбут ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муаллимонро рад кард.

Маҳбуба Гадоева, муовини раиси шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳукумати ноҳия аз ягонҷо ингуна дискҳои филми ҳуҷҷатиро дастрас накарда ва ба паҳн намудани онҳо низ ба касе дастур надодааст. Хонум Гадоева мегӯяд, худи ӯ ҳанӯз ин дискро надидааст, ки чигуна ва чихел филми ҳуҷҷатӣ мебошад.

Ба гуфтаи хонум Гадоева, агар чунин диске дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ироа шавад, муаллимони ноҳия барои харидорӣ намуданаш омодаанд: “Агар воқеан ҳам он диск дар бораи президент барои мактабҳо ва муаллимон бошад, муаллимони Панҷакент худ онро ихтиёран мехаранд.”

Аз сӯи дигар, муаллима Нуралиева, яке аз омӯзгорони мактаби деҳаи Ёрии Панҷакент низ фуруши иҷбории дискҳои мазкурро рад карда, гуфт: “Ба мо касе диск нафурухтааст ва аз ингуна дискҳо ҳам хабаре надорем.”

Ин дар ҳолест, ки торнамои “Сентразия” аз иҷборан фурӯхта шудани фиттаи силсила филмҳои ҳуҷҷатии марбут ба фаъолияти президент Раҳмон ба муаллимон ва кормандони муассисаҳои шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хабар медиҳад: “Тамоми раҳбарони корхонаву муассисаҳои ноҳияи Панҷакент барои паҳн ва тақсим кардани фитаҳои филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон миёни зертобеон ва сокинон аз мақомоти ноҳия дастур гирифтаанд.”

“Сентразия” мегӯяд, шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур ин маҷмуаи фитаҳоро ба муаллимон тақсим карда, гӯиё аз маоши онҳо 350 сомонӣ ба таври иҷборӣ кам мекардааст. Инчунин манбаъ афзудааст, ки ин фиттаҳо дар бозорҳои навоҳии Панҷакент, Истаравшан ва Шаҳристон ба фуруш низ гузошта шудааст.

Маҷмуаи фитаҳои филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 27 диски алоҳида буда, аз ҷониби Корхонаи давлатии "Тоҷиккино" омода карда шудааст.

Ин силсила филмҳо тамоми кору фаъолияти раисиҷумҳури кишварро, шуруъ аз соли 1992 то ин дам дар бар мегиранд. Дар ҳар филм аз як соли фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ шуда, чанд тои дигар ба мавзӯъҳои муайян бахшида шудаанд.
Мӯҳр
нозимчон мансуров
Ин маълумот комилан дуруг ва фитнаи навбати алайхи Раис- чумхури Точикистон аст. Ташкилкунандагони ин тухмати нестандарчахон аз Худо тарсед. Ва дар хотир дошта бошед, ки шумо дар зиндаги хеч касро хуб нагуфтаед ва бо хамин ахвол ин дунёро падруд хохед гуфт. Раис - чумхури Точикистон ва хизматхои у ба хамаи чи меарзад. Шумо бехуда пасти бад нашавед. Фитахое ки шумо аз хорича мегиред, одитаринаш 100 доллар аст, ки терор ва вахшониятро таргиб мекунад. Хеч кас огох намешавад. Ин фитахо дар бозор хам хаст ман дидам. Пинхони нест-ку. нархашам чунин нест. Дуруг маводатон нагузашт.
Як маълумоти дигар медихам пайгири кунед. Дар дехаи Кизилсу гови момаи Шамсия гусола кардааст. Гусола 5 поя аст. Бовар кунен очаои зикамохчон. Ана сенсатсия сур кунен.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)