Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:26

Генерал Назаров аз муборизони ҷавон бо мухаддирот хост, ҳақиқатҷӯй бошанд

15 август 2013, 09:38

Рустам Назаров, раиси Оҷонсии мубориза бо мухаддирот дар Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия бо 9 курсант ва 3 довталаби Донишкадаи ҳуқуқи Сибири Хадамоти назорати гардиши маводи мухаддири Русия мулоқот анҷом дода, суҳбат кардааст.

Тибқи иттилои Агентӣ дар рафти вохӯрӣ генерал майори милитсия Рустам Назаров, муҳимият ва зарурияти сифати омӯзишро дар муассисаи олии таълимӣ зикр карда, қайд намудааст, «боварӣ дорам, ки Шумо дар зиндагӣ ҷиҳати интихоби касби ояндаатон роҳи дурустро пеша намудаед. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба беэътиноӣ ва бепарвогӣ роҳ дода нашавад. Танҳо шахсоне, ки касби моро дӯст медоранд, тамоми ҳастии худро барои ин фаъолияти хатарнок ва ҷолиб мебахшанд, метавонанд ба қуллаҳои баланди маҳорати касбӣ расида, соҳиби иззату эҳтиром ва комёбиҳо гарданд».

Ба иттилои манбаъ дар охири вохӯрӣ директори Агентӣ барои таҳсили минбаъдаи курсантҳо комёбиҳо орзу намуда, онҳоро ба хизмат барои арзишҳои миллӣ, ҳақиқатҷӯӣ ва садоқат ба Ватан даъват намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!