Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:22

Кабирӣ: Дар интихобот ба умеди радио ва телевизион намешавем

15 август 2013, 14:46

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, дар арафаи интихоботи президентӣ бештар аз мулоқоти рӯ ба рӯ бо мардум истифода хоҳанд кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар ҳошияи як нишаст дар Душанбе ба “Озодагон” гуфт, дар асоси қонунгузории кишвар дар арафаи интихоботи президентӣ шабакаҳои телевизиони тоҷик ба ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар вақт ҷудо хоҳанд кард, аз ҷумла ба наҳзат: «Вале бо истифода аз таҷрибаи гузашта мо зиёд такя ба таблиғот тавассути радио ва телевизион карданӣ нестем. Бо истифода аз равишҳои дигари интихоботӣ дар асоси қонуни кишвар муроҷиат мекунем. Бештар бо мардум сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ анҷом хоҳем дод».

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл ҲНИТ бо муроҷиати расмие аз Кумитаи радио ва телевизион дархост намуд, то дар баробари иттиҳому маъракаи таблиғотӣ алайҳи наҳзат барои намояндагони ҳизб низ минбар диҳад.

Дар посухи Кумитаи телевизион ба Кабирӣ, ки рӯзи 5-уми август, зери имзои Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали Асадулло Раҳмонов, раиси ин кумита, ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад, ки шабакаҳои телевизион ба ҳеч ваҷҳ ба пахши иттилои беасос ва таҳқиру туҳмат нисбати ҲНИТ роҳ надодаанд. Кумита зикр мекунад, ки агар ҲНИТ гузоришҳои ахир аз ҷамъомадҳо бо иштироки уламо дар навоҳии кишварро дар назар дорад, “дар он ҷо иштирокчиён тибқи ҳуқуқи конститутсиониашон, назари шахсии худро баён намудаанд ва шабакаҳои телевизиону радио тибқи уҳдадориҳои оинномавии худ ба тамошобинону шунавандагонаш аз он иттилоъ додаанд.”

Кумитаи телевизион таъкид намудааст, ки шабакаҳо уҳдадор нестанд вобаста ба назари иштирокчиёни ҷамъомадҳо, ки ҳамарӯза даҳҳо адад пахш мешаванд, раддияи ҷониби дигарро низ дар барномаҳо ҷой диҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • махмад

  • 15 август 2013 17:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА РОХБАРОНИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РЛАДИО! Магар намояндагони хизби нахзати исломи шахрвандони дигвр давлатанд? Ба гуфтаи рохбарони телевизион ва Радио вакте ХАНИТ-ро тухмат мекунанд е ганда мегуянд ин хакки конститутсиони будаст,ва вакте ХАНИТ мехохад чавоб дихад хак надорад. Мухтарам раисони ТЕЛЕВИЗИОН кани ЛОГИКА магар ин чавоб барои худатон хандаовар нест? ин чавоб чавоби АБЛАХОНАест кас хайрон мешавад. Еки имруз маърифати раисон то хамин дарача дар замин задаастки дигар на шармасту на хае.
Посух додан
  • кобил

  • 16 август 2013 00:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИНШОЛОХ

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!