Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:15

Нахустин мулоқоти Тутубалина бо зиёиён 19 август сурат мегирад

16 август 2013, 09:50

Нахустин мулоқоти Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтномаи “Азия плюс” бо зиёиёни тоҷик дар додгоҳ 19-уми август дар назар аст.

Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи "Азия плюс" имрӯз, 16-уми август ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт аризаи шикоятии иттиҳодияҳои фарҳангии Тоҷикистон алайҳи ҳафтаномаи "Азия плюс" ва рӯзноманигори он Олга Тутубалинаро барои баррасӣ қабул кардааст: “Аз додгоҳ ба мо гуфтанд, ки рӯзи 19-уми августи соли равон соати 09:00 нахустин мурофиаи омодасозӣ баргузор хоҳад шуд ва ҷонибҳо бояд ҳозир шаванд.”

Қаблан панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муҳтарам зиёиён
эҳтиёт кунед ки тутубулина дар россия рафта аз ҳукумати он дастурҳои нав ба навро гирифтааст. боз шармандатон накунад. обу руи набудагиро нарезонед илтимос. аз руи шумо миллати тоҷика баҳо медиҳанд. илтимос тайёри сахт бинед. ягон русидони наҳза гиред катитон.
Посух додан
  • Хусноро

  • 16 август 2013 11:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост гуфтед Мансур зиеиени мо забони точикишона соз намедонанд руси як тараф ва Тутубалина хак аст навад дар сади зиеиени мо на мафкура доранду на маданият ба мардум дарси адабу ватандусти медиханду худ олимони беамаланд
Посух додан
  • ислом70.mail.ru

  • 17 август 2013 09:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом ба хонандагони мухтарам. ин хонум тутубалина ва боз як хатюхинаю дигару дигархо ки баъзан хоинхои миллат пуштибонушон мекунанд чунон аз худ бе худ шудаанд ки хар чи гуянд хочахояшон онхо менависанд.Савол ба миен меояд ки барои чи хусусан хамин шахсхо метавонанд озод харф зананд дигархо не?
Посух додан
  • Лутфулло

  • 18 август 2013 14:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тутубалина бояд ба гуфтахояш чавоб гуяд. Тибки конун бояд мучозот шавад. Дар Русия точиконро милисахо тахкир мекунанд дар инчо бошад Тутубалинахо. Ин миллат сохиб дорад ё не? Ман тарафдори Итт нависандахо. Ба пеш то охир пирузӣ!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!