Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Дастури президент ба зиреҳпуш кардани бинои ҳукумат

16 август 2013, 10:51

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов[/b], раисиҷумҳури Туркманистон ба зиреҳпуш намудани бинои нави ҳукумати ин кишвар фармон додааст.

Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дастур додааст, то ба дару тирезаҳои бинои нави ҳукумати Туркманистон, ки дар ҳоли бунёдшавист, шишаҳои зиреҳпуш насб кунанд.

Бинои нави ҳукумати Туркманистон, ки дар пойтахти ин кишвар, Ашқобод бунёд шуда истодааст, қарор аст, моҳи декабри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад. Сохтмони ин биноро ширкати хориҷии “VINCI Construction Grand Projets” бар уҳда дорад.

Гуфта мешавад, ин шишаҳои зиреҳпуш 15 сантиметр паҳноӣ дошта, аз вуруди тири автомат ба дохили бино метавонанд ҷилавгирӣ кунанд. Барои зиреҳпуш намудани ҳар як тиреза бо ин навъи шиша, ба тартиб 1500 ва 3000 долари амрикоӣ лозим аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!