Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:41

«Шоҳмансур» сӯхт, касе зарар надидааст?

10 май 2011, 12:56

Шаби 8- ум ба 9-уми май, соати 02:40 дақиқа дар бозори Шоҳмансури пойтахт сӯхтор ба амал  омад, ки ба гуфтаи масъулини ин бозор  танҳо 4 дӯкони холии  бозор мавриди оташсӯзӣ қарор гирифт  ва хисороти молиеро низ дар пай надошт. Масъулини бозори мазкур сабаби сӯхторро ба расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ марбут медонанд…

Асомуддин Ризоев, сардори раёсати бозорҳои шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон  иҷрокунандаи вазифаи директори бозори  «Шоҳмансур» аст,  дар сӯҳбат ба хабарнигори « Озодагон»  гуфт, дӯконҳое, ки мавриди оташсӯзӣ қарор гирифтанд, дар дохилашон  ҳеҷ гуна молу маҳсулот  надоштанд. Ба қавли ӯ  « ин сӯхтор ҳатто ба ҳеҷ кас як сомонӣ хисорот наовардааст, дар он дӯконҳо одамон рӯз то бегоҳ менишастанду баромада мерафтанд, ҳеҷ кас бе ҷои кор намондааст»

Ризоев сӯхтори бозорро барои савдогарон нигаронкунанда намеҳисобад ва мегӯяд,  ки як қисми ҷойҳои вайроншударо таъмир намудем ва боқимондаашро дар мӯҳлати кутоҳ барқарор хоҳем кард

Бояд зикр намоем, ки ҳангоми ба ҷои сӯхтор ҳозир шуданамон  чанд тан аз савдогарони гирду атрофи дӯконҳои сӯхташуда аз ҳолу аҳволи соҳибони ин дӯконҳо изҳори нигаронӣ намуд гуфтанд, ки ҳоло ҳеҷ кадомашро дар ин ҷо намебинем.

Тоҷире, ки худро Чумъахон муаррифӣ кард гуфт, «дар дохили дӯконҳои сӯхташуда маҳсулотҳои гуногун, аз қабили равған ва пиёз буд ки  онҳо ҳама сӯхтанд». Дар ҳамин ҳол як савдогари дигар ба наздамон омада гуфтаҳои Чумъахонро тақвият дода афзуд, ки  шояд зарари ин дӯконҳои сӯхта ба 15 ҳазор сомонӣ расида бошад.

Маҳмадулло Абдулоев, куратори бозори Шоҳмансур дар робита ба сӯхтори ба амаломада  гуфт, ки аз болои қазия тафтишот бурда истодаанд ва то ҳол ҳеҷ маълумоти дақиқ рӯи даст надоранд.  Хамчунин номбурда зимни сӯҳбаташ  ваъда дод, ки баъд аз як рӯз ин омил маълум гардида, пешниҳоди шумо мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки тайи чанд соли ахир ба амал омадани сӯхтор дар бозорҳо афзоиш ёфтааст ва хисороти зиёде низ ба бор овардааст. Се сол қабл, аниқтараш 10-уми октябри соли 2008 дар бозори мазкур оташсӯзӣ ба вуқӯъ пайваста, хисороти зиёди молӣ дар пай дошт. Шумораи тоҷирони зарардида дар он вақт ҳудуди 300 нафар буданд. Ҷабрдидагон  дар ҳамон вақт дар назди идораи ҳукумати маҳаллӣ ҷамъ омада, талаби ҷуброни зарар ва барқарору таъмири макони сӯхташударо карда буданд.

Ҳамзамон, ҳафт моҳ қабл дар бозори «Саховат»-и пойтахт низ сӯхтор  ба амал омад, ки сару садои зиёдеро ба миён  овард . Тоҷирони ин бозор рӯзи 4-уми май дар назди кохии президент ҷамъ омадаанд, ки ҳадафи гирдиҳамоияшон ҷуброни зарарҳои ба онҳо расида будааст. Бо вуҷуди он ки сабаби ба миён омадани сӯхтори бозори мазкурро ба қавле аз шамъ (як навъи чароғ) унвон кардаанд, вале бархе аз соҳибкорони ин бозор чунин далелро рад намуда, ин сӯхторро кори дасти шахсони алоҳида арзёбӣ карданд.

Сабзалӣ Раҳимзода, як сокини пойтахт сӯхтори пай дар пайи бозорҳоро бемасъулятии масъулини соҳа арзёбӣ намуда гуфт, ин бори аввал нест, ки чунин сӯхторҳо дар бозорҳо ба миён меояду бархе аз нафарони мутассадӣ ба ин масъала он қадар диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Бубинед аз ин сӯхторҳо киҳо зарар дида истодаанд …. Боз ҳамон савдогарони бечора, ки дар пайи дарёфти қути лоямутанд.

Акнун суоли матраҳ ин аст, ки ин дафъа омили асосии оташсӯзӣ муайян мегардад ва ё мисли сӯхторҳои собиқи бозорҳо, расиши кӯтоҳ ва ё худ ноқили барқӣ гунаҳкор мешаванд? Шумо чӣ мегӯед?{jathumbnail off}

Алишер Зарифӣ

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!