Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:35

Омодагии Қувватов барои баҳси додгоҳӣ дар Дубай

16 август 2013, 13:42

Додгоҳи таҷдиди назари Дубай, 18-уми август, баррасии истирдоди Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24” ба Тоҷикистонро оғоз мекунад.

Николай Николаев, вакили мудофеъи Умаралӣ Қувватов, имрӯз, 16-уми август, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “субҳи имрӯз Қуватов ба ман занг зада гуфт, ки зиндаю саломат аст ва барои мурофиаи додгоҳияш таёрӣ дида истодааст.”

Николай Николаев мегӯяд, мушкили асосии қазияи Қувватов дар он аст, ки мақомоти тоҷик, мехоҳанд ӯро дар маъракаи пешазинтихоботии президенти Тоҷикистон, дур нигоҳ доранд то ба фазои пешазинтихоботӣ таъсир нарасонад: “Ба назари ман Қуватовро мехоҳанд дар зиндон муддати тӯлонӣ нигоҳ доранд. Аз як ҷониб ин Қуватовро аз сиёсат дур медорад. Аз тарафи дигар ҳеч кас намехоҳад ӯро ба Тоҷикистон баргардонад, зеро ҳузураш дар ватан ҳам метавонад, барои муташанниҷ шудани вазъ таъсир гузорад.”

Николаев афзуд, ки сиёсати дохилии Тоҷикистон ҳамоно дар маркази диққати Қувватов қарор дорад: “Пайваста мепурсад, дар бораи маҳбусоне, ки паси панҷара ҳастанд суол мекунад. Нигоҳдории тӯлонияш дар танҳоӣ дар маҳбасхона ӯро нашикаста, балки устувор намудааст”.

Маврид ба зикр аст, ки тобистони соли гузашта дар Маскав аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов “Гурӯҳи 24” ташкил шуд ва бо даъвати ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон ба нагузоштани номзадиаш дар интихоботи соли 2013 дар забони матбуот афтод. Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки гуфта мешавад, то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Баъди таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба сирқати 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Масъулини “Гурӯҳи 24” изҳор итминон карда буданд, ки додгоҳи таҷдиди назар ҳукми бозпас фиристодани Қувватовро лағв хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • точик

  • 16 август 2013 17:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Николаев: -"Аз як ҷониб ин Қуватовро аз сиёсат дур медорад. Аз тарафи дигар ҳеч кас намехоҳад ӯро ба Тоҷикистон баргардонад, зеро ҳузураш дар ватан ҳам метавонад, барои муташанниҷ шудани вазъ таъсир гузорад.”

Точик:- Э бародар Кувватов кучову сиёсат кучо????? Хузураш низ авзои Точикистонро заррае халалдор намекунад зеро у барои мардуми точик аз як аблах беш нест. У специално худро сиёси сохт зеро бо ин рох:
1. У диккати чомеаи чахониро ба худ чалб сохт;
2. Хост пуштибонии давлатхову ташкилотхои бо ном хомии демократияро ба даст биёрад;
3. Худро аз нангу номуси дуздихову фиребхояш дур созад
Яъне у чавобгариро барои чинорятхояш хис карда худро дархол сиёси сохт. Яъне осонакак "Гурухи 24" таъсис дод.
Ин гурух чи гурух аст дар ин гурух ки шомил аст, дар кучо ин гурух ба кайд гирифта шудааст ва ки онро эътироф кардааст номаълум. Хулас хамон кореро кард ки баъдан Зайд Саидов кард.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!