Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:37

Дуздӣ дар масҷиди марказии Душанбе ҳангоми намози Ҷумъа

16 август 2013, 14:51

Намозгузорони масҷиди Марказии шаҳри Душанбе аз ҳолатҳои рух додани дуздӣ дар ин масҷид шикоят доранд.

Абдуваҳҳоб, яке аз намозгузорони тоҷик дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, имрӯз 16-уми август дар таҳоратхонаи масҷиди марказии шаҳри Душанбе ҷузвдони ӯро рабудаанд. Ин намозгузор нақл мекунад, ки тақрибан соатҳои 12:05 дақиқа дохили таҳоратхонаи масҷид шуда, ҷузвдони худро онҷо овезон кардааст: “Баъд аз анҷоми таҳорат хостам ҷузвдонро гирифта, берун шавам, вале онро дар ҷои гузоштаам, наёфтам. Ҳарчанд пурсуҷӯ кардам, аммо пайдо нашуд.”

Атовулло Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон низ сар задани ҳолатҳои дуздӣ дар масҷиди марказиро таъйид карда, гуфт: “Масъулини масҷиди марказӣ барои ҷилавгирӣ ва ошкор кардани чунин ҳодисаҳо дар таҳоратхонаи масҷид, ки бештар ингуна ҳолатҳо дар онҷо сар мезананд, дурбин ё худ дастгоҳи наворбардорӣ насб кардаанд.

Ба гуфтаи Қосимов, масъулини масҷид барои пайдо кардани ашёи гумшудаи намозгузорон ҷавобгар нестанд: “Мо метавонем, танҳо навори ҳолати дуздиро, ки агар воқеан ҳам рух додаву сабт шуда бошад, ба соҳиби ашё ироа кунем ва ӯ метавонад аз рӯи ин сабт ба мақомоти пулис муроҷиат карда, моли худро пайдо кунад.”

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир хабарҳои сар задани дуздӣ мунтазам садо медиҳанд. Аз ҷумла чанде қабл мақомоти пулиси шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо иттиҳоми дуздӣ дар масҷид як хонандаи синфи 11-ро боздошт карда буданд. Ин навраси тоҷик ба гуфтаи мақомот аз пиҷаки намозгузори масҷиди ба номи “Имом Аъзам”-и Чкалов , ки ба ибодат машғул буд, 6 ҳазор доллари амрикоиро рабудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • матин

  • 16 август 2013 15:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин чузвдонаш чи бошад? хаммиен?
Посух додан
  • дарвеш

  • 16 август 2013 16:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сумкаи мегуфтагит
Посух додан
  • як бандаи худо

  • 17 август 2013 14:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин холат ба ман низ рух дода буд.зик нашавед Худо чазои У бадбахта медихад.Илтимос хохиш мекунам ки сумкахоятонро ё чизхои даркориатонро кашол ёки дар назди пояфзолхоятон нагузоред.Ин дуздхо номи Исломро догдор мекунанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!