Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:33

Райисони нави ХНИТ дар Бадахшон ва Хоруғ

17 август 2013, 11:40

Зимни конфронси кории шӯъбаи ҲНИТ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Саодатшоҳ Адолатшоев раҳбари вилоятии ин ҳизб интихоб гардид.

Воҳидхони Қосиддин, раҳбари дастгоҳи ҲНИТ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, дар конфронс Адолатшоев аксари овозҳои вакилони ҲНИТ-ро ба даст овардааст. Маврид ба зикр аст, пас аз амалиёти Хоруғ Муслима Броимшоева, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари ҲНИТ дар Бадахшон буд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи имрӯз, Розия Имомназарова райиси шаҳрии ҲНИТ дар Хоруғ интихоб шудааст.

Ба иттилои Воҳидхони Қосиддин теъдоди умумии аъзои ҲНИТ дар вилояти Бадахшон 1760 нафар буда, дар ин авохир гароиш ба ҳизб миёни мардум бештар шудааст: «Тибқи таҳлилҳои вакилони ҳизб дар Бадахшон баъд аз изҳороти Асрор Булбулов таваҷҷуҳи мардум хеле зиёд шудааст. Феълан аъзои ҳизб ва умуман мардум ба Булбулов бо як ҳиси бадбинӣ назар мекунанд».

Саодатшоҳ Адолатшоев ду рӯз қабл дар ноҳияи Шуғнон аз ҷониби гуруҳи ношинос мавриди латукуб қарор гирифта буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Тахлилгар аз Душанбе

  • 17 август 2013 13:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарони бадхши аз хизби ленинии худ, ки онхоро ба майнуши ва гумрохи бурдааст бо сардории Шабдолов дар асрхои наздик ба рохи рост бар намегарданд ва фикр мекунам, ки садкаи номи поки ислом шаванд. Кабири бояд ба саршумри зиёди аъзохои худат диккат надихи ба садокату этикоти аъзоёни хизб диккати чидди дихи ва хамаи онхо бояд 5 вакта намозгузор бошанд, Вагарна ин маротиб Худованд заданитон мекунад, ки дигар Точикистона дар шаби хобатон мебинед. Ин Саодатшохра дируз лат кардан - имруз вазифа. Ба фикрам гапхои бофта, ба задаги монанд нест.
Посух додан
  • Мушовир

  • 19 август 2013 12:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба масъулин ва муштариёни сайти "Озодагон". Тарзу шакли гузарондани конфронси хизби худ далолат аз он дорад, ки масъулини Хнит ё ба конунгузории кишвар таваччух надоранд, ё умуман аз ин куча нагузаштаанд. Мувофики маълумот дар конфронс хамаги 20 нафар иштирок кардаанд. Аъзоён ё мутасаддиёни хизб аз нохияхои Шугнон, Рушон, Рошткалъа ва худи ш.Хоруг дар он ширкат наварзиданд. Ин маънои онро дорад, ки кворум барои баргузории он вучуд надошт. Баъдан, то чое иттилоъ дорем, худи хонум Роза Имомназарова аз интихоб шудани хеш ба симати раиси ячейкаи хизб дар ш.Хоруг огохи надорад. Оне, ки дар бораи таваччухи мардуми Бадахшон мегуед, ягон асосе надорад. Баръакс мардуми Бадахшон имруз дарки хуб аз он доранд, ки ба чуз суботу ороми ва вахдат мухимтар чиз имруз барои чомеаи мо вучуд надорад. Хадафхои хукумат маълуманд, кор дар хамаи самтхо рафта истодааст. Вале чизе, ки нахзати исломи пешниход мекунад мушаххас нест, мавхум аст. Вижагихои Бадахшон умуман ба назар гирифта намешавад. Пас хуб он нест, ки бо рохи шинос рафт, на он рохе, ки огозу фарчоми он маълум нест. Барои хамин, як тавсияи бародарона барои хохарону бародарони азизи бадахшони дорам, ки дар урфият мегуянд "кур як бор асояшро гум мекунад". Мо хам як бор дар зери накораи ин хизб раксидем. Чи дидем? Хочат ба ёдовари аз он рузхои нахс нест. Балки аз он рузхои нахси солхои 92-97 асри гузашта бояд сабаки амик гирифт. Новобаста аз масъалахои халношуда, диёри мо, Ватани мо имруз рушд карда истодааст. Дар сурати халал ворид намудан ба ин харакати инкишофёбанда, танхо Худованди муттаъол медонад, ки Точикистони азизи мо ба кадом бало гирифтор хохад шуд. Аз ин ру, аз хамаи шумо хохиш, ки аз акли худ кор гиред, фирефтаи чунин игвою дасисахо нашавед. Боки барои гулгулшукуфоии ин диёру Точикистони худ дуо мекунем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом. Тарзу шакли гузарондани конфронси хизби худ далолат аз он дорад, ки масъулини Хнит ё ба конунгузории кишвар таваччух надоранд, ё умуман аз ин куча нагузаштаанд. Мувофики маълумот дар конфронс хамаги 20 нафар иштирок кардаанд. Аъзоён ё мутасаддиёни хизб аз нохияхои Шугнон, Рушон, Рошткалъа ва худи ш.Хоруг дар он ширкат наварзиданд. Ин маънои онро дорад, ки кворум барои баргузории он вучуд надошт. Баъдан, то чое иттилоъ дорем, худи хонум Роза Имомназарова аз интихоб шудани хеш ба симати раиси ячейкаи хизб дар ш.Хоруг огохи надорад. Мардуми Бадахшон имруз дарки хуб аз он доранд, ки ба чуз суботу ороми ва вахдат мухимтар чиз имруз барои чомеаи мо вучуд надорад. Хадафхои хукумат маълуманд, кор дар хамаи самтхо рафта истодааст. Вале чизе, ки нахзати исломи пешниход мекунад мушаххас нест, мавхум аст. Вижагихои Бадахшон умуман ба назар гирифта намешавад. Пас хуб он нест, ки бо рохи шинос рафт, на он рохе, ки огозу фарчоми он маълум нест. Барои хамин, як тавсияи бародарона барои хохарону бародарони азизи бадахшони дорам, ки дар урфият мегуянд "кур як бор асояшро гум мекунад". Мо хам як бор дар зери накораи ин хизб раксидем. Хочат ба ёдовари аз он рузхои нахс нест. Балки аз он рузхои нахси солхои 92-97 асри гузашта бояд сабаки амик гирифт. Новобаста аз масъалахои халношуда, диёри мо, Ватани мо имруз рушд карда истодааст. Дар сурати халал ворид намудан ба ин харакати инкишофёбанда, танхо Худованди муттаъол медонад, ки Точикистони азизи мо ба кадом бало гирифтор хохад шуд. Аз ин ру, аз хамаи шумо хохиш, ки аз акли худ кор гиред, фирефтаи чунин игвою дасисахо нашавед. Боки барои гулгулшукуфоии ин диёру Точикистони худ дуо мекунем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин шаб мо дар тарики шабакахои давлати дар казияи Эшони Асадуллои Лучоби дидем

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!