Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:10

Президент гуфт, ҳизбашро тарк мекунад

17 август 2013, 13:10

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисҷумҳури Туркманистон эълон дошт, қасди берун шудан аз ҳайати Ҳизби демократиро, ки масъулияти сарварияш бар души ӯст, дорад.

ИТАР-ТАСС менависад, Бердимуҳаммадов дар ин бора зимни ҷаласаи Ҳизби демократии Туркманистон хабар додааст.

«Президенти кишвар набояд аъзои ягон ҳизб бошад, то дар шароити бисёрҳизбӣ ба ҳизбе, ки дар он шомил аст, бартарият надиҳад», – изҳор доштааст Бердимуҳаммадов.

Ҳизби демократии Туркманистон соли 1991 дар ҷои Ҳизби комунистии Туркманистони Шӯравӣ таъсис ёфта, тайи 20 сол ягона ҳизби амалкунандаи ин кишвар буд. Беш аз 15 сол раҳбарии онро Сапармурод Ниёзов, собиқ котиби Кумитаи марказӣ бар душ дошт. Баъди марги Ниёзов ба ин курси Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нишаст.

Моҳи январи соли 2012 парлумони Туркманистон қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”-ро қабул кард, ки таъсиси ҳизбҳои дигарро иҷозат медод. Бо гузашти якуним сол дар Ашхобод Ҳизби соҳибкорони Туркманистон сабти ном шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Раиси хизб

  • 18 август 2013 11:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ба ту! Бисёр икдоми хуб!Ахсант!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарони туркман ба сӯи низоми демократӣ ва таҳкими истиқлолият қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Соли гузашта ҳукумати Туркманистон низоми душаҳрвандиро бо Руссия лағв (бекор) кард. Акнун туркманҳо шаҳрванди танҳо як кишваранд - ТУРКМАНИСТОН! Ва фақат ба ватани худашон содиқ мемонанд. Биноан онҷо О.Тутубалина (ва садҳо дигарон!) барин шаҳрвандони қалбакии дурӯя аз байн рафтаанд.

Иқдоми нави президент Бердимуҳаммадов аз боварӣ ба худ ва адолати сиёсӣ далолат медиҳад. Акнун одамонро ба "ҳизби президент" маҷбуран касе намекашад ва ба нашрияаш ҳам "обунаи маҷбуракӣ" намешавад. Дуруст аст ки президенти кишвар берун аз ҳар гуна ҳизб бошад. Зиҳи оқои ҚУРБОНГУЛӢ! Давлатат ҷовидон бод. Мегӯяндки, "харбуза аз харбуза ранг мегирад." Ку, як бинем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Натанхо ин гуфтори Бердимухаммадов сабаби тарк кардани хизбаш бошад:«Президенти кишвар набояд аъзои ягон ҳизб бошад, то дар шароити бисёрҳизбӣ ба ҳизбе, ки дар он шомил аст, бартарият надиҳад». Балки сиёсатмадоре, ки максади пешвои мардуми шудан дорад, бояд узви ягон хизби сиёси набошад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!