Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:14

Муҳоҷирон дар маркази Маскав бо ҳам дастбагиребон шудаанд

23 июл 2011, 04:57

Шоми рӯзи гузашта дар майдони мавсум ба «Комсомол», воқеъ дар маркази пойтахти Русия задухӯрди оммавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба вукӯъ пайваст, -хабар медиҳад «Интерфакс».


Тибқи иттилои муқадамотӣ низоъ миёни муҳоҷирон барои ҷойи кор сар задаст. Манбаи хабар аз нақли шоҳидони воқеа навиштааст, ки ҳар ду гурӯҳ бо чубчаҳои резинӣ ва корд ба якдигар ҳамла кардаанд. Аммо то кунун нафаре барои ёрии тиббӣ ба беморхона муроҷиат накардааст. Залина Корнилова, намояндаи хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтааст, кормандони хадамот дар якҷоягӣ бо пулис ҳудуди 40 нафар аз иштирокчиёни задухӯрдро боздошт кардаанд. Ба қавли вай дар ҳар гурӯҳ намояндагони миллатҳои гуногун будаанд, вале низоъ дар пояи нажодпарастӣ сар назадааст.
Ба иттилои сарчашма, дастгиршудаҳо новобаста аз қонунӣ иқомат доштан дар қаламрави Русия ба ватанашон депорт хоҳанд шуд.
Ба иттилои хабаргузориҳои русӣ ҳамаи онҳое, ки дар ин задухӯрд иштирок кардаанд, аз кишварҳои узви ИДМ-анд. Алъон, маълум нест, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд ё на. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!