Бахшҳо

Ваҷҳи нав дар баҳси Абдуқаюми Қаюмзод бо Радиои Озодӣ

Додгоҳи марҳилаи касатсионии шаҳри Душанбе, имрӯз, 20-уми август, даъвои Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти тоҷикро, ки талаб дорад, ба ҷои кораш дар Радиои Озодӣ барқарор шавад, рад намуда, қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро дар ин маврид бетағйир гузошт.

Абдураҳмон Шарифов, намояндаи Қаюмзод мегӯяд, дар баҳси касатсионӣ ҷониби “Озодӣ” ваҷҳи навро ироа намудааст, ки гӯиё ба Қаюмзод пешниҳоди кор дар Прагаро карда буданд, вале журналист инро рад намудааст: “Дар баҳсҳои қаблӣ як аз ваҷҳҳои ҳимояи Қаюмзод ин буд, ки дар сурати надодани акредитатсия Радиои Озодӣ имкон дошт, Қаюмзодро дар хориҷ аз кишвар, Бишкек ё Прага бо кор таъмин намояд. Ҷониби “Озодӣ” дар мавриди ягон мавқеъгирӣ намекард. Аммо имрӯз ғайриинтизор намояндаи додситонӣ дар баҳси касатсионӣ изҳор дошт, ки ба Қаюмзод кор дар Бишкеку Прагаро пешниҳод намудаанд вале ӯ рад кардааст.” Ҷониби Қаюмзод мегӯяд, чунин пешниҳодро нагирифтааст.

Абдураҳмон Шарифов афзуд, ки ният доранд, ба марҳилаи болотари додгоҳ муроҷиат намоянду аз ҳаққи Қаюмзод ҳимоя кунанд: “Аммо аз ин пештар мехоҳем ба масъалаи акредитатсия рӯшанӣ андозем. Мехоҳем, донем, ки мушкил дар қонунгузорӣ аст ё дар татбиқи қонунҳо. Масъалаи акредитатсияро Вазорати умури хориҷӣ ба шахси ҳуқуқӣ ҳал мекунаду дар миён ҳуқуқҳои меҳнатии коргар поймол мешаванд. Ин ҳамаро баррасӣ карда, ба марҳилаи болотари додгоҳ хоҳем рафт.”

Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 то моҳи декбари соли гузашта ба Радиои Озодӣ гузориш медод. Аммо дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ кардааст, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Дар пайи ин, Радиои Озодӣ шартномаи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзодро қатъ кардааст.

Аммо рӯзи чоруми июни соли ҷорӣ зимни мурофиаи додгоҳӣ Муродбек Асламов, намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, баъд аз анҷоми муҳлати аккредитатсияи Абдуқаюми Қаюмзод вазорат 5-уми ноябри соли 2012 Радиои Озодиро расман огоҳ кардааст, ки фаъолияти ин хабарнигор 31-уми октябр анҷом ёфта, то сабти номи дуборааш набояд гузориш диҳад. “Лекин бо вуҷуди огоҳии вазорат мо ҳисоб кардем, ки беш аз 20 матлаби Қаюмзод дар радио пахш шуданд. Ин мухолифи муқаррароти додани аккредитатсия аст ва бинобар ин вазорат ба хабарнигор акредитатсия надод”,-афзуд Муродбек Асламов.

Абдуқаюми Қаюмзод ҳам гуфт, аз ин огоҳии Вазорати умури хориҷӣ огоҳ набуд ва ин суолро пеш гузошт, ки дар ҳоле фаъолияти ӯ манъ будааст, чаро роҳбарияти радио, аз ҷумла Соҷидаи Мирзо, раиси бахши тоҷикии он, иҷозат додааст, то матлабҳояш нашр гарданд. Қаюмзод гуфт, “агар роҳбарияти Радиои Озодӣ ҳамон замон, баъд аз огоҳии Вазорати умури хориҷӣ ба ман мегуфтанд, ки фаъолияти ту минбаъд дар радио мумкин нест, ман ҳам корро идома намедодам. Аммо дар бораи чунин огоҳиномаи Вазорати умури хориҷӣ нагуфтанд.”

Он замон Хуршед Андамов, раҳбари дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе, гуфта буд, ин шарҳи намояндаи Вазорати умури хориҷиро дуруст намеҳисобанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, Вазорати умури хориҷӣ онҳоро дар бораи пахшу нашр накардани гузоришҳои Абдуқаюми Қаюмзод огоҳ накарда буд. Қаблан Хуршед Андамов (Хуршеди Ҳамдам), дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, “ҳам роҳбарияти "Озодӣ" дар Душанбе ва ҳам дар Прага аз қатъи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзод хеле мутаассиф аст. Сабаби аслии қатъи қарордод аккредитатсия нашудани Қаюмзод дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мебошад. Бо вуҷуди баҳсу баррасиҳои роҳбарияти Радиои Озодӣ ба Вазорати умури хориҷӣ ин ниҳод ба Қаюмзод аккредитатсия надод ва дигар мо маҷбур шудем, қарордодро қатъ кунем, чун тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон хабарнигор бе сабти Вазорати умури хориҷӣ ҳақ надорад, дар “Озодӣ” кор кунад.”

Андамов таъкид кард, қатъи қарордод бо Қаюмзод дар доираи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтааст: “Дар Кодекси меҳнат ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки қатъи қарордоди меҳнатӣ бидуни хоҳиши тарафҳо сурат мегирад.”
Мӯҳр
Озод
Хамин Анадов чи хел хабарнигор аст ки ягон мавода нахондем. То чойе шунидам ки кулоби хасту аз землякои Сочидахон...Каюмзод ту барин хабарнигорон барои Озоди лозим нести...ончо бесавод бошу пул гири...

Сабур
Аз як чо ки чавоб доданд, дигар бо суд хам баркарор куни кор карда наметавони. Такдири Саёф хамин хел буд. Чи кадар чанчол карду судбози, лекин нашду, ки нашуд-да. Журналисти дуруст боши сад чои дигари кор хаст. Бисёрихо бо 1000 сомони кор карда истодаанд.Ба фикрам дар Озоди пули калон мегирифт, ки ин кадар даъво дорад. Бехуда...

Рустам
бардаро ин радиои Озоди тамом шудагиай. Абдукаюмако шуморо агар зор кунанд нарав дигар ончо. Хама мегуянд ки Озоди чанд сол аст ки махалгарои дораду барномахояш хам тамом шудагиайю Хай чандто хамшахр пулакои конгреси амеркара мезананд дигар ягон фоида аз ин радио нест

Рост дигар ягон фоида нест. Дигар шуморо намегузоранд Турчонзодаву Кабириро таблиг карда пул кор кунед

Окилпур
Мегум, ами Сочида руз ба руз хушуру шидестай. Дар ёшиёш ика хушру набуд.
Каюмзод боша дигар катаги накунад,махмадонои фоидаш кам. Акредитатсият надодан надодан. Хизмати амрикоихора хела карди, акнун хизмати Точикистона кун. Сайёфа бин, сари вакт фахмид хуккабозихои Озодира (амрикоиёра). Ту боши холи хам нафахмидаи.

хоркаш зогаков
хамин одам Андамов ё Андомов аст?

саид
Бародар Окилпур , туро хам ки 1000 , 1500 доллар хар мох бтан чаро Озоди , гуфта судбози накуни . Аслан барои и журналистон давлату миллат гуфтани гап нест. Касе пули калон бтан сиехро сафед гуфтан мегирнад. Дар бадбахтии касе дигар сохиби пул мешаванд..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)