Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:21

ВКД дар бораи шабохун ва қатли як оила дар “Чоркуҳ”

20 август 2013, 16:54

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон барои санҷиши шабохуни мусаллаҳона дар ҷамоати Чоркуҳ, ки дар натиҷа чор узви як хонавода ба ҳалокат расидаанд, гуруҳи махсуси фаврӣ тафтишотӣ созмон дода, таҳқиқи қазияро зери назорати шахсӣ гирифтааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, шаби 19 ба 20 августи соли равон, тахминан соатҳои 3:00- дақиқа, шахсони номаълум ба хоначаи мавсимии воқеъ дар назди хоҷагии деҳқонии №5, ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ»-и ноҳияи Исфара даромада, шаҳрванд Халлоқов Бобо соли таваллудаш 1952, сокини ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ», кӯчаи Холисон, хонаи 454, ҳамсараш Халлоқова Мӯҳтарама соли таваллудаш 1953, духтараш Мамадҷонова Гулчеҳра Бобоевна соли таваллудаш 1975, ки ба меҳмонӣ омада буд ва наберааш Халлоқов Иноятулло соли таваллудаш 2000-умро, ки дар мавсими киштукор муваққатан дар онҷо зиндагӣ мекарданд, тавассути яроқи оташфишон парронда, ба ҳалокат мерасонанд.

Ин ниҳод мегӯяд, барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Айни ҳол ба гуфтаи манобеи “Озодагон” ташхиси ҷасадҳо анҷом ёфта мақомот барои дафни онҳо иҷозат додаанд ва интизор меравад соати 18:20 дақиқаи бегоҳ маросими ҷаноза баргузор гардад.

Ин дар ҳолест, ки дар шабохуни мусаллаҳона, ки шаби 19 ба 20-уми август, дар ҷамоати Чоркуҳ, дар наздикиҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон болои як хонаводаи тоҷик сурат гирифтааст, се узви ин оила ҷон ба саломат бурдаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • kulob

  • 20 август 2013 17:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xonata xudo busuzad kardagi.inshoalloh in oilaro xudovand ba joi behtarin mebarad.
Посух додан
  • фаромарз

  • 20 август 2013 19:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бафикрам ин кори макомоти узбакистонаст ки мехохад .тч. Ро бо киргизистон чанг андозад
Посух додан
  • Абдулло аз Вахиё

  • 20 август 2013 19:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом ба диққати мақомот мерасонем ки ин кори қирғизҳо нест ин корро Узбакистон ташкил кардааст.Чун имрузҳо самити муҳим дар Тоҷикистон мегузарад ин ба манфиати Узбакистон(дуруст фаҳмед узбакҳо не Узбакистон) намебошад ва чун сарвазири Қирғизистон дар Тоҷикистон аст Узбакистон инро ҳамчун "ҲАДИЯ БА ДУСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН " анҷом дод. Ҳар бор байни Тоҷикистон ва Қирғизистон риштаҳои дустӣ маҳкамтар мешавад Узбакистон ҳатман ягон кор мекунад!
Узбакистон дар Осиёи Миёна ҳамчун Исроил аст дар Ховари Миёна! ҳамаи мушкилоти ба Узбакистон бар мегардад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!