Омурбек Сатторов, ронандаи автомашинаи тамғаи «УАЗ-31 512» аснои ҳаракат дар километри 407-уми шоҳроҳи Ош-Мурғоб суръати нақлиётро баланд карда, идораи онро аз даст медиҳад.
Ба иттилои Қудратулло Шоев, як масъули БДА-и ВКД дар натиҷа мошин дар канори чапи роҳ чапа шуда, боиси ҳалокати Абдуқаҳор Улу Тинарбековичи 6 моҳа мегардад. Ронандаи 30-сола ва 6 мусофири дигари нақлиёт ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта ба касалхона интиқол дода шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 6 садамаи нақлиётӣ ба қайд расидааст, ки бар асари онҳо 1 нафар ба ҳалокат расида, 13 тани дигар захмӣ шудаанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр