Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 29 март 2017, 09:16

Нақшаи роҳбандиҳо барои 21-уми август дар Душанбе

21 август 2013, 08:25

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 21-уми август, соатҳои 10:15 ва 11:30 дар бархе аз кӯчаҳои марказии пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ВКД ба “Озодагон” иттилоъ доданд, рӯзи 21-уми август соати 10:15 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Рӯдакӣ-Карамов то Рӯдакӣ-Шотемур аз Исмоили Сомонӣ то Сино ва кӯчаи Низоми Ганҷавӣ манъ карда мешавад. Ҳамчунин соати 11:30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз И.Сомонӣ то Рӯдакӣ, хиёбони Рӯдакӣ-Айнӣ-А.Дониш маҳдуд мегардад.

Мақомот, далели маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёт дар Душанберо таъмини амнияти меҳмонони баландпоя мегӯянд, ки барои иштирок дар конфронси байналмилалии об (20-21-уми август) дар Душанбе ҳузур доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!