Бахшҳо

Тағйири ҳокимият дар Тоҷикистон бо роҳи демократӣ имкон надорад?

Аждар Куртов, таҳлилгари рус мегӯяд, тағйири ҳукумат дар Тоҷикистон бо роҳи демократӣ ҳанӯз имконнопазир мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, интихобот дар Тоҷикистон тақаллубӣ, як нишони зоҳирии демократия буда, аз моҳияти аслии худ бархӯрдор нест.

Ин таҳлилгари рус мегӯяд, режими сиёсии кунунии Тоҷикистон як навъ худкомагии шарқӣ - қудрати бе марзу буми раиси ҳукумат, заифии парлумон ва мақомоти судӣ, хешовандсолорӣ, муттаҳидшавии ҳокимияту азхудкунии тиҷорати сердаромад ва ҷилави рушди ҷомеаи шаҳрвандиро дар даст дорад.

Ба ақидаи Куртов, аз ин хотир низоми мазкур ҳадафмандона барои расман фаъолият кардани мухолифи воқеӣ иҷоза намедиҳад, ин ҳам бо истифода аз роҳи диктатураи маъмурӣ ва усулҳои саркубии ҷиноӣ: “Албатта, дуюмӣ, яъне гуруҳҳои мухолиф дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале на Ҳизби коммунист, на Ҳизби наҳзати исломӣ, на демократу сотсиалистҳо ва на ташкилотҳои сиёсию иттиҳодҳои тиҷоратии ин кишвар неруи воқеӣ ҳисобида намешаванд.”

Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон дар маҳзари ом вонамуд мекунанд, ки бар асоси қавонини демократӣ амал доранд, вале ин раванд ба якбора решаҳоро хушк месозад: “Ин далели аслии ғайриимкон будани таҳкими нерӯ дар раванди интихобот мебошад. Аммо далели дигаре низ вуҷуд дорад, ки мутаассифона он дар Осиёи Марказӣ роиҷ шудааст. Дар садри бисёри аз аҳзоби сиёсии ин кишвар, бахусус минтақа роҳбарони шуҳратпарасти сиёсие, қарор доранд, ки дар мубориза барои қудрат худмухториро авлавият медонанд, на фикри ташкили як эътилофи қавӣ бо шарикони эҳтимолиро.”

Ба назари таҳлилгари рус айни ҳол бо роҳи демократӣ тағйири ҳокимият дар Тоҷикистон имконнопазир мебошад.
Мӯҳр
111
Хакка гуфтай и одам

Асилзод
Демократия гуфта дунёра чазир карден. Демократия дар Амрикову Аврупо, Русияву Чин низ вучуд надорад. Америка бо демократиягуйиаш тамоми дунёра чазир кард. Дигарошон низ кам намеоянд. Ёфтан аку хами бахонашона.

Эй авлодо мугум,хами Аждахорай ё Ачдари Курутай мугум,бехуда гап мезанад,авлодо!Худатонро чи икадар азоб медихед мугум?Фола бинам,ахвола бинам,завола бинам,чувола бинам,шамола бинам,камола бинам,тагу болора бубинам...ха..ха..дидам..дидам..президент хамин акаи Рахмон мешавад.20-соли дигар президент мемонад.Додоро мекапанд,Додо охир Узбакистонанда меояд.Хамин шоири амрикаги.Бозор Собир холо мугум.рейтинги раиси калонро камтар кам карда истодааст,мугум.Корхо каме баръакс мешаванд,мугум.Лекин агар хамин ХНИТ хамин хел рафтор кунад мугум,раиси калонро рейтингаш баланд мешавад мугум.Эй авлодо!.Зоиров тарки Точикистон мекунад,мугум.Ха..ха..фолам хамин хел нишон дода истодааст.Ба наздики якчанде аз калонхо ...вой...вой...э..ин дунёро тарк мекунанд мугум.Вой..вое..чандин шахси номдор хам...рехлат мекунанд..А охир фолхоям хаминро нишон дода истодаанд...Хок бар сари ин фолхо..е..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)