Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:23

Аслов: Ҳадафи Тоҷикистон аз баргузории конфронсҳо амният аст

21 август 2013, 11:03

Сироҷиддин Аслов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони миллали муттаҳид, ки дар ҳошияи Конфронси байналмиллалии об дар Душанбе бо хабарнигорон суҳбат мекард, ҳадафи Тоҷикистонро аз баргузории чунин конфронсҳо шарҳ дод.

Аслов мегӯяд, пешгӯии авзоъ дар масоили об ҳатто барои солҳои наздик ҳам ғайриимкон аст: “Агар ҳамин равише, ки ҳаст рафтан гирад, дар ҳақиқат одамизод дар даҳсолаҳои оянда ба бисёр мушкилии бузурге дучор мешавад, ки бисёри онҳо аз об вобаста аст.“

Аслов афзуд, «мегӯянд, Тоҷикистон аз ин конфронсҳо чӣ меҷӯяд? Тоҷикистон амниятро мекобад. Ҳам амнияти ғизоӣ, муҳити зист ва ҳам амнияти энергетикиро. Амнияти муҳити зистро на танҳо барои Тоҷикистон балки барои минтақаи Осиёи марказӣ ва ҳамаи минтақаҳои дунё мехоҳем. Ин масъалаҳо танҳо бо роҳи таъмин сохтани ҳамкориҳо ҳал мешаванд. Агар мо ҳамкорию ҳамдигарфаҳмӣ надошта бошем, мушкилоти дигар кишварҳои ҳамсояро нафаҳмем ё ин ки баръакс, мо кулли талаботи худ ва дигар кишварҳоро, ки вобаста ба об аст, таъмин карда наметавонем. Барои ҳамин мо аз ҳама даъват ба миён овардем, ки бештар бояд бо роҳи ҳамкорӣ ҳалли инро ёбем».

Ба иттилои Аслов 800 миллион аҳолии дунё бо оби тоза дастрасӣ надоранд ва зиёда аз 2,5 милиард ахолии дунё, ҳатто ҳолати санитарии элементарӣ надоранд: “Амнияти озуқавӣ дар ҳамаи мамлакатҳо, амнияти ҳатто энергетикӣ аз об вобаста аст ва мо медонем, ки таъсири таъғирёбии иқлим пеш аз ҳама ба захираҳои об мерасад. Барои ҳамин ин масъалаҳо, ба хусус масъалаҳои вобаста ба саломатии инсон ва ба таъмин сохтани амнияти озуқавии инсон, таъмин сохтани амнияти энергетикӣ ва амнияти муҳити зист аз об вобаста аст.”

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Сироҷиддин Аслов ёдовар шуд, ки дар конфронси Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки Маркази байналмиллалӣ дар соҳаи дипломатияи об дарТоҷикистон сохта шавад. «Пеш аз ҳама Осиёи миёна ба мушкилоте, ки фақат бо роҳи дипломатию ҳамкорӣ ҳал бояд шаванд, дучор меояд. На танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар дигар кишварҳои дунё ҳавзҳою дарёҳо ва бандаргузарҳо бо чунин мушкилӣ дучоранд. Ба мо лозим аст, чунин марказ дошта бошем ва ин марказ на танҳо барои минтақаи Осиёи Миёна, балки барои кули минтақаҳо ва давлатҳои дигар низ фаъолият кунад.» -афзуд Сироҷиддин Аслов.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!