Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:48

Оқилов гуфт, Норак имсол ҳосилоти туркману узбакҳоро “наҷот” дод

22 август 2013, 08:25

Конфронси байналмилалии об дар Душанбе, ки 20 ва 21-уми август идома дошт, бо қабули декларатсия анҷом ёфт, ки муколамаро роҳи ҳар гуна нофаҳмӣ дар масоили об муайян намудааст.

Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, ки дар нишасти хотимавии конфронс, аз кишварҳои поёноби Осиёи Миёна даъват намуд, ки сари мизи музокира нишинанд ва муштаракан азхудкунии захоири обро пеша кунанд. Аз ҷумла зикр шуд, ки кишварҳои поёноби минтақа имкон доранд, тавассути сармоягузорӣ барои истифодаи босамари об, сохтмони иншоотҳо ва дигар инфрасохтор саҳм гузоранд.

Оқилов дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи об, Туркманистонро барои кишварҳои поёноби Осиёи Миёна ибратомез хонд, ки роҳи гуфтушунидро пеша кардааст. Ӯ мисол овард, ки ахиран мақомоти туркман дар муроҷиат ба Тоҷикистон фаҳмонданд, ки барои ниёзи хоҷагидорияшон ба оби бештар ниёз доранд ва ҷониби Тоҷикистон ҳатто бар зарари худ, оби бештарро аз обанборҳояш, аз ҷумла “Норак” раҳо кард ва ниёзи ҳамсояашро баровард. Сарвазири Тоҷикистон муътақид аст, ки бе ин иқдоми Тоҷикистон кишоварзони узбаку туркман метавонистанд, бе ҳосил монанд.

Оқилов дар пасманзари мавқеъгириҳои зӯргӯёнаи Узбакистон таъкид намуд, ки “Тоҷикистон сиёсаташро дар умури об на дар асоси мухолифатҳо, балки дар асоси якдигарфаҳмию муколама ба роҳ мондааст.” Сарвазири Тоҷикистон бо зикри он, ки дар кишвар нерӯи барқ намерасад ва хоҷагидорӣ дар сатҳи лозима фаъолият карда наметавонад, азхудкунии муштараки захираҳои бузурги обро зарур хонд ва такрор намуд, ки сиёсати Тоҷикистон ба зарари кишварҳои поёноб нигаронида нашудааст.

У Хунбо, муовини дабири кулли СММ дар нишасти хотимавии конфронси Душанбе гуфт, дар Осиёи Миёна дар масоили об баъзан адами иродаи сиёсӣ ба мушоҳида мерасад, аммо умед аст, ки ба наздикӣ ҳамкорӣ дар соҳаи обу энержӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Аммо намояндагони ҳайати Узбакистон боз ба ба саҳмгузории кишварҳои поёноб дар инфрасохтори кишварҳои болооб мухолиф баромаданд ва таъкид намуданд, ки барои вайрон шудани ҷӯйи ҳамсоя масъул нестанд.

Дар ҳамин ҳол Оқил Оқилов мегӯяд, декларатсия ё худ эъломияе, ки дар конфронси дурӯзаи байналмилалӣ дар Душанбе қабул шуд, моҳи сентябр ба асамблеяи генералии СММ пешниҳод хоҳад гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • hisor

  • 22 август 2013 17:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
a xonat busuza uzbak.n kadar badu baxelu hasudxur budaste.agar xutona budronen ki inshoalloh roguna m e s o z e m.-in obi tojikon baroi tojikonu bo emononi uzbakiston astu xalos baroi badonash harom bod.omin.

sagoni uzbak jakidan megirad..koratonro kardan gired az dastashon hej chiz nameoyad in uzbakhoi govro.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!