Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:02

Ҳушдори Amnesty International аз шиканҷаи шаҳрванди тоҷик дар Узбакистон

22 август 2013, 13:58

Созмони Amnesty International ё худ авфи байналмилалӣ, аз эҳтимоли мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрванди Тоҷикистон дар Узбакистон нигаронӣ кардааст.

Таърихи 25-уми апрел шаҳрванди Тоҷикистон, Абдумавлон Абдураҳмонов, барои дидорбинии фарзандаш аз оилаи аввали худ ба Узбакистон сафар карда, қарор буд, то рӯзи 28-уми апрел баргардад. Рӯзи 27-уми апрел бо бародари Абдумавлон ҳамсари каблиаш аз Узбакистон занг зада мегӯяд, ки номбурдаро мақомоти амниятии кишвараш боздошт кардаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон ду рӯзи аввал дар идораи пулиси ноҳияи Бекобод нигаҳдорӣ мешавад.

Дар ҳамин маврид Amnesty International аз боздошти Абдумавлон изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки эҳтимоли зиёд аст, то ӯ дар Узбакистон мавриди шиканҷаи шадид қарор бигирад. Аз он рӯз эътиборан хонаводаи Абдумавлон Абдураҳмонов ба ӯ умуман дастрасӣ надоштанд. 10-уми июн бо як тамоси телефонӣ марде мегӯяд, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Тошканд бо Абдумавлон Абдураҳмонов якҷо будааст.

Бародари Абдумавлон бо консулгарии Тоҷикистон дар Тошканд тамос гирифта, сабаби боздошти бародарашро суол мекунад. Дар робита консулгарии Тоҷикистон аз Вазорати умури хориҷаи Узбакистон омилҳои аслии боздошти шаҳрванди худро дархост мекунад. Дар ҷавоб 30-юми май мақомоти Узбакистон гуфтааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи пулиси Бекобод боздошт нашудааст.

Падари Абдумавлон Абдураҳмонов ба ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон муроҷиат карда, дархости муайян намудани ҷойи нигоҳдории писарашро кардааст. Муроҷиати расмии ваколатдори Тоҷикистон ба ҳол беҷавоб мондааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Darvesh

  • 22 август 2013 15:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ha ha ha ba ki murojiat karded? U vazifai khudro namedonad ki mas'ulitash az chi iborat ast..... Itari prikolora digar nanavisen
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Режими сохтаи Каримови худкома (диктатор) яке аз даҳшатноктарин режимҳои дунё аст. Даҳшат ва тарсу ваҳм то ба дараҷае расидааст, ки шаҳрвандони ин давлат на танҳо яке аз дигар, балки ҳар кас аз сояи худ метарсад. Шоҳидон мегӯяндки дар кӯчаҳо, хиёбону боғғои шаҳри Тошканд ба ҳар як нафар мулкӣ як нафар афсари амният (бо либоси ҳарбӣ ва саришонагии сабз) дида мешавад. Ин манзара касро ба даҳшат меовардаст. Ба назар мерасад, ки ин шаҳри як вақтҳо бо илму фарҳанг машҳурро лашкари аҷнабӣ (Каримов) забт кардааст.
Табиист ки дар ин мамлакати салтанати пулис ва амният гум шудани одам як чизи муқаррарист ва ҷустуҷӯи ӯ ба монанди ҷустуҷӯи моҳича дар умқи баҳр аст. Худоро шукр! Бо тамоми камбудӣ ва норасоиҳо Тоҷикистони камбағали мо нисбат ба Узбакистони кобус (ужас) гуиё Швейтсария ё Шветсия аст. На камтар! smile

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!