Бахшҳо

ФУТБОЛ: ҲНИТ – ҲУКУМАТ - 2:1

Далер Шарипов

Бозии «дӯстона» ва «беғаразона»-и ду командаи футболи тоҷикӣ дар майдони футболи ТОҶИКИСТОН чандин сол аст, ки идома дорад. Дар нахустин дидорҳои «дӯстона» байни ин тимҳо нофаҳмӣ пайдо шуда, хеле сангин анҷом ёфт. Ду дастаи ҳамзабону ҳаммиллат ва ҳамхуну бародар дар натиҷаи рақобатҳои носолим ва таъсири “легионер”-ҳои хориҷӣ ба даст яроқ гирифта, ҳазорон мухлис ва ҷонибдорони якдигарро қатл карданд. Низое бархост, ки назирашро таърихи ҳазорсолаи тоҷик ёд надошт. Баъди ҳафт соли муборизаҳои шадиду ваҳшатнок ақли солим боло гирифт ва роҳбарони тим байни ҳам музокираву машварат карда ба чунин як рақобат хотима гузоштанд. Ба ҳамдигар кавлу қасам доданд, ки дигар танҳо бозиҳои дӯстонаву беғараз хоҳанд кард ва чун фарзандони як модар Ватанро обод мегардонанд.


Ҳатто зери ҷумлаи «ЛАЪНАТИ ХУДО ВА ХАЛҚ БАР ОНҲОЕ КИ ЯКДИГАРО ДАР ҲАВОДИСИ ГУЗАШТА СИЁҲ МЕКУНАД Ё БА АРЗИШҲОИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЙБАНД НАМЕМОНАД» имзо гузошта, ҳамдигарро бахшида, оғуш кушоданд. Чанд солаке байни ҳам хушу хурсандона зиндагӣ ҳам карданд. Дар хурсандиву ғами ҳамдигар шарик буданду ба хонаҳои хамдигар рафтуо доштанд. Бозиҳо низ дӯстона ва бо назардошти манофеи миллӣ баргузор мешуд. Аммо чун ҳамаи дигар бозиҳо гоҳо қоидаҳо иваз мешавад, рашку ҳасаду нотавонбинии рақиб эҳсос мегардад ва характери занона боло меравад. Мову Шумо дар хурдӣ ё калонсолӣ бозӣ кардаем ва айнан ин чизҳоро дар рафти бозӣ мушоҳида мекунем. Футбол низ аз ингуна амалҳо холӣ нест.

Рақобат байни тимҳои ҲУКУМАТ ВА ҲНИТ тайи се соли ахир шадид шуд. Ин бозиҳои «ҷолиб» ва «дӯстона» баъди интихоботи парлумонии соли 2010 шуруъ гардид. Тезу тунд шудани рақобатҳоро байни ду тим коршиносон дар он мебинанд, ки дар интихоботи парлумонии соли 2010 тими якачини ҲНИТ бозии зебо ва ғайриинтизор нишон додааст. Тими футболи ҲУКУМАТ баъди ин бозӣ қарореро таҳти рақами 32-20 қабул карда, дастаи худро барои интихоботи президентӣ омода сохт ва ба бозиҳои ҷиддӣ шуруъ кард.

Ҳарчанд бозиҳои тими ҲУКУМАТ низ ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ сурат гирифт, аммо дастаи ҲНИТ худро гум накарда, ба голҳои ҷавобӣ гузашт. Ҳамин тавр то семоҳи дигар ва шояд баъд аз он ҳам бозиҳои тезу тунд ва “шавқовар” сурат бигиранд. Коршиносони соҳа дар натиҷаи ингуна бозиҳо шикаст ё заиф шудани як тимро аз эҳтимол дур намедонад.

Ҳоло шуморо бо ҳайати тими ҲУКУМАТ шинос мекунем:

1) Эмомалӣ РАҲМОН-роҳбар ва сармурабии даста;
2) Шералӣ ХАЙРУЛЛОЕВ-дарвозабон;
3) Рамазон РАҲИМОВ-ҳимоятгар;
4) Саидмумин ЯТИМОВ-ҳимоятгар;
5) Шерхон САЛИМОВ–ҳимоятгар;
6) Фатоҳ САИДОВ–ҳимоятгар;
7) Абдураҳим ХОЛИҚОВ-ҳамлагар;
8)Мавлон МУХТОРОВ-ҳамлагар;
9)Саидмукаррам АБДУЛҚОДИРЗОДА-ҳамлагар;
10)Саидмурод ФАТТОЕВ-ҳамлагар;
11)Асадулло РАҲМОНОВ-ҳамлагар;

Аз тими ҲУКУМАТ ҳамин нафарон феълан дар бозӣ бо тими ҲНИТ фаъоланд ва дар бозиҳои «дӯстона» бештари голҳоро ба ҳадаф мерасонанд. Хусусан бозигарони таҳти рақамҳои 7,8,9,10 ва11 дар бозиҳои гузашта ва имсола хеле фаъол буданд. Маълум буд, ки хеле тамрин карда ва обутоб ёфтаанд. Дар майдони футбол онҳо бештар нақши ҳамлагарро иҷро мекунанд ҳарчанд рақамҳои 7,8,9 дар ин тим шахсони калидӣ набуда ва тақдири ояндаи даста аз онҳо вобаста нест. Аммо феълан бозигарони хуб буда, ҳамлаҳои пайдарпай анҷом медиҳанд. Аз ин хотир аст, ки номашон вирди забони мухлисони харду тим аст. Ва аз бозиҳои «зебо» ва «ҷолиб”-ашон тариқи ВАО зуд-зуд хабару мақолаҳо паҳн мешавад.

То ҳол дастаи ҲУКУМАТ нархи ин бозигаронро муайн накардааст. То тимҳои дигари ҷаҳон онҳоро бихаранд ва алайҳи рақибонашон истифода кунанд. Хусусан дар бозиҳои футболи Миср байни тимҳои ИХВОНИҲО ва НИЗОМИҲО онҳо метавонистанд бозии зебое анҷом бидиҳанд. Шояд тими ҲУКУМАТ айни замон ҳунари ин бозигаронро барои худ зарур медонад ва аз ин сабаб нархи онҳоро намегӯяду онҳоро ба “фурӯш” намегузорад.

Дар ҳоли ҳозир мухлисони тими ҲУКУМАТ хоҳони онанд, ки номи Ислом аз тими ҲНИТ гирифта шавад. Аҷобати кор дар он аст, ки фақат домулову имом-хатибоне, ки аз номи Ислом баромад мекунанд ва мухлиси тими ҲУКУМАТ ҳастанд, бештар гирифтани номи Исломро аз ҲНИТ-ро пешниҳод мекунанд. Ба фикрам ҷои тааҷуб ҳам надорад. Чун бозӣ аст ҳарчи шуданаш мумкин. Гоҳо мешавад бозигарон тамоми ақида ва арзишҳои олияшонро фаромуш мекунанд ва танҳо ба хотири мағлуб кардани рақиб ё бурд аз баҳри ҳама чиз мегзаранд. Аммо ҳар бурде дар пай бохте дорад. Намешавад, ки доим дастаи “Барселона” ғолиб барояд. Гоҳо аз заифтарин рақибаш шикаст мехурад.

Ҳамин тавр тими ҲУКУМАТ бо тамоми шароит ва имконоти варзишие, ки дар ихтиёр дорад бо тими рақибаш ҲНИТ бозии “дӯстона”- ро идома дода истодааст. Ёдовар мешавем, ки тими ҲНИТ хатто даҳ фисади имкониятҳоеро, ки дастаи ҲУКУМАТ дар ихтиёр дорад, доро нест. Аммо дар баробари ин гоҳо голҳои ҷавобӣ мезанад.

Инак, фурсати шиносоӣ бо дастаи ҲНИТ расид:

1)Муҳиддин КАБИРӢ-роҳбар ва сармурабии даста;
2)Шонаими Карим-дарвозабон;
3)Акоша КАБИРӢ-ҳимоятгар;
4)Воҳидхон ҚОСИДИНОВ-ҳимоятгар;
5)Зубайдуллои РОЗИҚ-ҳимоятгар;
6)Муҳаммадҷони НУРӢ–ҳимоятгар;
7)Муҳаммадалӣ ҲАИТ-ҳамлагар;
8)Ҳикматуллоҳ САЙФУЛОЗОДА-ҳамлагар;
9)Саидиброҳими НАЗАР-ҳамлагар;
10)Саидумар ҲУСАЙНӢ-ҳамлагар;
11)Ҷалоллиддин МАҲМУД-ҳамлагар;

Феълан тими якачини ҲНИТ аз ҳамин бозигарон иборат аст. Фаъолони дастаи ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, Муҳамадали Ҳаит, Ҳикматуллоҳ Сайфулозода ва Саидумар Ҳусайнӣ ба ҳисоб рафта, голҳои задаи тими ҲУКУМАТ-ро беҷавоб намегузоранд. Хусусан, ҳамлагарони ин тим, Ҳаит ва Сайфулозода дар моҳҳои ахир хеле фаъол будаанд. Ин ду нафар бинобар ҳамлаҳои пайдарпай билохира мавриди ҳамлаи мухлисони гурӯҳи номаълум қарор гирифтанд, аммо ин руҳияашонро нашикаста, бештар фаъол шуданд.

Ахиран Ҳикматуллоҳ Сайфулозода аз ҷониби Мирзошоҳрух Асрорӣ барои вайрон кардани қоидаҳои бозӣ огоҳӣ, яъне корти зард гирифт. Агар бозиҳояш ҳамин хел идома ёфтан гирад, корти сурх ҳам медиҳанд. Тими якачини ҲНИТ бо надоштани майдонҳои васеи варзишӣ, воситаҳои тарғиботӣ, сарпарастон, бозияшро бо тими қавии ҳукумат дар майдони Тоҷикистон идома медиҳад. Ин бозиҳоро беш аз ҳашт миллион мухлис дар дохилу хориҷи кишвар тамошо доранд. Бозиҳо то семоҳи дигар «шавқовартар» хоҳанд шуд. Гарчанде бисёриҳо ҳадс мезананд, ки дар бозии финалӣ тими ҳукумат дастболо аст, аммо даври дуюми бозиҳо баъд аз чемпионат норӯшан боқӣ мемонад. Дастаи якачини ҲНИТ бо ҷалби бозигарони дигар тимҳои Тоҷикистон мехоҳад, дастаашро қаввӣ гардонад. Онҳо барои бозии финалӣ Раҳмитилло Зоиров, як бозигари беҳтаринро аз дастаи ҲСДТ ба тими худ ҷалб кардаанд. Арзиши “трансфер”-и ин бозигар номаълум аст.

Бозиҳои даври якҳаштфиналӣ дар Хоруғ доир гардид. Дар натиҷа Саодатшо Адолатшоев бозингари эҳтиётии тими ҲНИТ ба ҷои туб мавриди бозӣ қарор гирифт ва ҳисоб як бар сифр ба фоидаи тими ҲУКУМАТ анҷомид. Аммо бозингарони тими ҲНИТ ба ҳамлаи ҷавобӣ гузашта, бо ҷамъи мухлисонашон дар Хоруғ ва дигар навоҳи ВМКБ ду голи ҷавобӣ ба дарвозаи тими рақиб заданд. Феълан, дар даври якҳаштфиналӣ тими ҲНИТ бо 1 гол пешқадам аст, аммо бозиҳо идома доранд. Баъд аз 30-юми август бозиҳои чорякфиналӣ шуруъ мешавад ва рақобатҳо низ рӯз то руз «ҷаззоб»-у «диданӣ» мегардад.

Ҳоло гуфтан душвор аст, ки пирӯзӣ насиби кадом даста мешавад. Фикру андеша ва тахмину пешгуиҳо дар ин маврид гуногун аст. Ин бозӣ боз аз он ҷиҳат аҷиб аст, ки довар надорад. Ҳар тим кӯшиш мекунад, ба ҳашт миллион мухлис фаҳмонад, ки онҳо тими беҳтаринанд. Ҳашт миллион тамошобин бозиҳои онҳоро дар майдони Тоҷикистон тамошо доранд. Довари ҳардуи ин тим вақт аст, вақт нишон хоҳад дод, ки кадоме аз ин тимҳо дар оянда метавонад тими миллӣ гардад. Аммо гуфта мешавад, чунин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки тими сеюм ба майдон ворид шуда дастболо шавад. То бозиҳои дигар интизор мемонем!

Мӯҳр
Голхоро ки задаааст озодагон чоп кунед?

Манучер
Бехтарин маълумот дар бораи футболбозхои точикистон аммо голхои хнитро ки задаст дар кадом дакика вориди дарвоза кард нагуфтед

Мухлиси Бегараз
Бовари дорам мусобикаи имсола низ бо хисоби калон ба фоидаи дастаи Хукумат ба анчом мерасад зеро бозингарони ин даста дар баробари аз 8000000 тахминан 6'5 ё 7000000 мухлисашон боз тачрибаи хуби бозиро доранд. дастаи ХНИТ бошад агар хаминхел тамрин кунанд мумкин баъди 3 ё 4 мусобика бо тими хукумат бозиро мусови кунанд.


Ahsan ba in makolai tayor kardagi va rahmat bar in somona ki inxel mavodhoi jolibro peshkashi muxlisoni 8 milliona meguzaronad ofarinnn !

Довар
Далер уко хато накунед. Голхоро хукумат бештар задос-ку. Аз травмахои гирифта ХНИТ то хол ба худ наомадос. Ба кумак ХСДТ-ро дар бикинаш гирифтас, ки аз тачрибаи кам доштан ин тим хам аз дасташ чизе намеояд. Худо хохад ХНИТ бо ин кадар нарушенихо аз бозии асосй махрум мешавад...

faromush nakuned ki injo komandai bokuvvattarini tojikiston komandai-'ravshan'-ki trenerash ubaidulloev darvozabonu hamlagaron kurboni chol- saidsho shamol- langarievho-va muxlisoni ziyodi '-ravshan'- baroi bozi dar poitaxt tayorii saxt dida istodaand.

насим
ахсан Д.шарипов дуюм маклоай шуморо хондам бисёр пурмазмун.тапак ва фудбол

Хонанда
Ташаккур мекунам аз сомонаи https://www.ozodagon.com/, ки чунин мақолаҳои хондани бобро пешниҳоди мо хонандагонаш меунад

ФУТБАЛИСТ
Огои ЗАФАР ин шорехи варзишатон кадом руз худаш ба чои туб мавриди бози карор мегирад бад нагуед, ки нагуфтем руйяш мисли тапак мешаваду хурокаш каду шурбо......ин чи навиштан?

озодагон барои чи хабархоро мисли рузномахои хукумати яктарафа нашр мекуни?Хнит гола дар шаби хобаш намебинад.

firdavs
agar dar in musobiqa nomardi nabosha va natija peshaki xarida nashava HNITTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTTT BARANDA AST INSHOALLOH

Харчанд аз заифии дастаи хукумат шак надорам, аммо бо итминони комил метавонам гуфт бо истифода услхои номардона бозиро мебарад, зеро дар ин боз довар вичдон аст, вале ин бечорахо вичдон надоранд.

дастаи дустдоштаи мо "ХУКУМАТ" факат ба пеш 7000000 мухлис бо ту ва голхои бечавоби туро интизорем

дастаи дустдоштаи мо "ХУКУМАТ" хамеша ба пеш галабаи туро 7000000 мухлис интизор аст.

DAR TIMI HUKUMAT KI ZAMENA MESHAVAD?! VA TIMI NAHZAT KAI AZ BOZI MEBAROYAD?! IN MAKOLANAVIS KAI SHATA MEKHURAD?????????!!!!!!!

Курбон
Мухтарам Далер Шарифов эхтиёт бош, ки боз туро дарвозабон таъин накунанду баъд зарбаи 11 метраро бисёр зананд. Дар ин сурат ахволатон мисли ахволи Додочон Атовуллоев дар дари мардум мегузарад.
Далер ако Шорехи хуби варзиши хам будаи. ЭХТИЁТ ШАВ..... ДУДИ СИЁХ НАКУНИ БОЗ БО ИН ШОРЕХИАТ.

Бехтарин ва вокеитарин гуфтахоро гуфтед. Офарин!

озод
ҲНИТ барои бозии финалӣ Раҳмитилло Зоиров, як бозигари беҳтаринро аз дастаи ҲСДТ ба тими худ ҷалб кардаанд. Арзиши “трансфер”-и ин бозигар номаълум аст. ..ин бозингар ,дар дастаи ХНИТ чуб мезанад, дуд мекунад ин даста.

Худакат чи? Магар хамлагар-химоягари ХНИ нести? ! пули хурдаатро дар хонаи рохбари ин хизб фаромуш карди?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)