Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:38

5 голи беҷавоби “Истиқлол” ба дарвозаи “Хуҷанд”

26 август 2013, 10:01

Бозиҳои аввали даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 оид ба футбол баргузор гардид.

Се бозии аввали ин давр рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ миёни дастаҳои “Бохтар”-“Парвоз”, “Истаравшан” - “Куктош+С” ва “Хуҷанд” - “Истиқлол” барпо гардид. Дастаи “Бохтар”-и Бохтар дар майдони хуб бо тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ба майдон баромада бозиро мусовӣ 1:1 анҷом доданд. Нимаи аввали дидор ба нафъи соҳибони майдон анҷом ёфт. Голи соҳибони майдонро Фирӯзи Абдулло дар дақиқаи 27-уми сабқат ба ҳадаф расонид (1:0). Илҳом Мирзоев, бозигари дастаи меҳмонон дар дақиқаи 78-уми сабқат, тӯбро ба дарвозаи соҳибони майдон ворид намуда, ҳисобро баробар намуд (2:0).
“Истаравшан”-и Истаравшан дар майдони худ ба дарвозаи футболбозони дастаи “Кӯктош+С”-и Рӯдакӣ 3-голи беҷавоб зад. Ду голи мизбононро Илҳом Баротов ва як голи дигарро Нодирбек Маъмиров ба ҳадаф расониданд.

“Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ аз тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 0:5 шикаст хурд. Аз 5-гол ду тоашро ҳамлагари даста Дилшод Восиев ба ҳадаф расонид. Голи якумашро дар дақиқаи 8-уми бозӣ аз пиналтӣ (0:1) ва голи дуюмашро дар дақиқаи 1-уми замони иловагӣ ба ҳадаф расонид. Се голи дигари меҳмононро Ҳусейни Сӯҳробӣ, дар дақиқаҳои 12 (0:2), 70 (0:3) ва 87 (0:4) ба ҳадаф расонид.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта (23-юми август) панҷ бозии аввали даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 сурат гирифт. Дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи худ тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Дастаи “Нури Норак”-и шаҳри Норак дар варзишгоҳи худ бо тими “Энергетик”-и Душанбе қувваозмоӣ намуда, се гол хурд. “Зарафшон”-и Панҷакент дар майдони худ аз дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

Дастаи “Вахш”-и Қурғонтепа бо тими “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ қувваозмоӣ намуда, аз ду голи меҳмонон танҳо ба яктоаш посух дода тавонист. Тими “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бо дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ба сабқат баромада бозиро мусовӣ - 1:1 анҷом дод.

Имсол барои дарёфти “Ҷоми Тоҷикистон-2013” даҳ дастаи Лигаи олӣ ва шаш дастаи Лигаи аввал қувваозмоӣ мекунанд. Бозиҳои ҷавобии даври 1/8-ниҳоӣ рӯзҳои 27-28-уми августи соли ҷорӣ баргузор хоҳанд шуд. Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013, соли 2014-ум дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ширкат мекунад.

Тақвими бозиҳои ҷавобии Ҷоми Тоҷикистон-2013: 1/8-ниҳоӣ

27-уми август (сешанбе)
Замони баргузории бозиҳо - соати 16:30
“Регар-ТадАЗ” - ССКА “Памир”
“Энергетик” – “Нури Норак”
“Эсхата” – “Зарафшон”
“Хайр” - ”Вахш”
“Равшан” – “Далерон-Уротеппа”
28-уми август (чоршанбе)
“Парвоз” – “Бохтар”
“Куктош+С” – “Истаравшан”
“Истиқлол” – “Хуҷанд”



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!