Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

ИМО ба мақоми президентӣ номзади эҳтиётӣ пешниҳод кард

26 август 2013, 19:42

Шӯрои миллии неруҳои демократӣ ё Иттиҳоди мухолифини Озорбойҷон (ИМО) номзади дуюми ягонаро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард.

Ин нафар профессор Ҷамил Ҳасанлӣ мебошад. Ояндаи наздик барои ҷонибдорӣ аз ӯ гуруҳи ташаббускор созмон меёбад. Номзадии Ҳасанлиро нависанда ва кинодраматург Рустам Иброҳимбеков, ки номзади аслии ИМО барои курсии раёсатҷумҳурист, пешниҳод кардааст.

Ниёз ба як номзади эҳтимолӣ баъди он ба миён омад, ки Иброҳимбеков дар ҳоли ҳозир расман ҳам шаҳрванди Русия ва ҳам табааи Озорбойҷон аст. Тибқи қонунгузории Озорбойҷон чунин нафарон ҳаққи пешниҳоди номзадияшонро надоранд.

Тибқи хабарҳо аввалҳои моҳи июл вай аз шаҳрвандии Русия даст кашидааст, аммо баъдан маълум гардид, ки асноди ӯ танҳо 13-уми август ба раёсати муҳоҷират расидааст. Бар илова қонунгузории Русия барои чунин масъалаҳо муҳлати шашмоҳаро пешбинӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки агар Маркази интихоботи Озорбойҷон номзадии Иброҳимбековро сабт кунад, Ҳасанлӣ вориди корзор намешавад.

Чамил Ҳасанлӣ соли 1952 таваллуд шудааст. Ӯ фориғутаҳсили факултаи таърих мебошад. Солҳое ки дар Озорбойҷон Фронти халқӣ сари қудрат буд, курсии мушовири президентро дар ихтиёр дошт. Ду маротиба вакили парлумон ҳам будааст.

Интихоботи президентӣ дар Озорбойҷон 9-уми октябр баргузор мешавад. Илҳом Алиев, райисиҷумҳури феълии ин кишвар яке аз номзадҳои асосӣ аст, ки барои сеюмин маротиба барои курсии раёсатҷумҳурӣ талош мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!