Бахшҳо

Туёнаҳо: аз “Хатуба-йеее” то “масша бача”-ву “човандоз”

Маҳбуби Ганҷаалӣ

«Пишага саг мехӯрад, сага гург мехӯрад…шера мардак мехӯрад, мардака зан мехӯрад...» ва «фалонии човандоз рақосара бги чанг бдоз» ҳоло “символ”-и таронаҳои тӯёнаи тоҷик шудаанд.


Дар Тоҷикистон ниёз ба сарояндаҳои туйгард зиёд аст. Барои ҳамин теъдоди онҳо бо суръат меафзояд. Сурудҳояшон низ аз чорчуби маросимҳои хурсандӣ берун рафта, монанди тори анкабуд дар ҷангал ҳамаҷоро печондааст. Имрӯз аз телефони мобил, дохили мошин (аз жигулӣ то Ренҷ Ровер (Range Rover), радиову ТВ, маросимҳои расмӣ, қаҳвахонаву тарабхона (ҳатто аврупоӣ), ҳоҷатхона (узр, воқеият аст), кӯчаву паскӯча (баъзе сокинон тирезаҳои худро боз намуда, садои “ДВД”-ро ба тамом баланд мекунанд), дискфурӯшиҳо ва умуман ҳама ҷо таронаҳои тӯёна баланд мешавад.

Шояд ин далели тавре мақомот гуфтанашро дӯст медоранд, “санъатдӯст” будани мардуми мо бошад. Агар ҳамин хел аст, пас бо назардошти мазмун ва “формат”-и бархеи ин тӯёнаҳо мешавад завқи бештари ҳамватанони моро ба осонӣ муайян кард.

Ман ҳам мувофиқам, ки сурудҳои тӯёна аз таронаҳое, ки дар ТВ, чорабиниҳои расмӣ ва умуман барои нашр пешниҳод мешавад, бояд фарқ дошта бошад. Чунин таронаҳо дар баъзе ҳолат мардумӣ, ба омма наздик, баъзан шух ва баъзан каме мувофиқ ба лаҳҷаи ҳамон маҳал бошад. Аммо дар бисёр ҳолат овозхонҳои туйгарди мо таронаҳое мехонанд, ки...

Мақсад аз ин матлаб танқид ва ё таҳқири кадом овозхон нест. Ҳадаф ин аст, ки якҷо ба дунёи таронаҳои туёнаи имрӯз биравем. Дар як маврид худро дар туйҳо эҳсос хоҳем кард. Ман ҳам чанд вақт шуд туй нарафтаам ва бо ин баҳона ҳамроҳ бо шумо дар доираи қонуни танзим, ки то се соати овозхониро иҷозат додааст, як туй хоҳем орост. Дар ин тӯй мисли туйҳои мансабдорон ва сарватмандон (ман ҳам фикр мекунам онҳо яканд) чандин сароянда ҳунарнамоӣ хоҳад кард, аммо онҳоро муаррифӣ намекунем, чун дар ҳунарнамоӣ қариб ҳамаашон “як себи дукафон”-анд ва тақрибан сурудҳояшон аз ҳамдигар фарқ намекунад. Чӣ гуна фарқ кунад вақте таронаҳои дигаронро мехонанд.

Мастша бача...

“Масша бача” (маст шав бача) ибораест, ки қариб дар ҳамаи туй ва маъракаҳои хурсандӣ шунида мешавад. Он ҷузъи ҷудонопазири таронаҳо шуда, “муд”-ест, ки дар чанд соли ахир бе алтернатив боқӣ мондааст. “Замина бгаз бача” (чӣ қадар ҳунар дорӣ тоб те), “Ай замин биги” (хам шуда кафи дастатро дар замин бизан), “Бҷмбон” (биҷунбон, ба маънии рақс бикун) натавонистанд ҷои “масша бача”-ро бигиранд. Он ба маъноест, ки мастона рақс кунед. Дар бештари маврид сарояндаҳо ҳатто ном ба ном мегиранд, ки кӣ “маст шавад”. Масалан, “Мас ша Рустам”, “Мас ша раққоса” (бе ин ҳам бештари онҳо мастанд ), “Мас ша Далер” ва ба ин монанд...

Талаффузи ин ибора вобаста ба маҳалҳои Тоҷикистон тағир мехӯрад: “мастша бача”, “маст бша”, “мас ша”, “маст шаветон бачагонон” ва ғайра.
Туйи мо низ бо ҳамин ибора оғоз мешавад: “маст шавед, дӯстон”!

Як гули санҷиди бари рӯе, ки ба 25 расид

Ман қолабшиканиро дӯст медорам. Фикр мекунам туйҳо низ бояд қолабӣ набошанд. Аммо ростӣ бархеҳо ба қавли худашон “мегузаронанд”. Мо дар туямон аз ин сарояндаҳо низ даъват кардаем, ки поинтар, аз ҳунарашон “маст” хоҳем шуд. Аммо ҳоло чанд ҷумла аз онҳое, ки моҳирона қолабшиканӣ кардаанд. Сангалӣ Мирзоев яке аз онҳост ва таронаи “Гули санҷид”-аш намуна. Як вақт дар телефон ва интернет як пора аз ин суруд паҳн шуд, ки Сангалӣ бо як гитор мехонад: «Як гули санҷид ба бари рӯи ту, ду гули санҷид ба бари руи ту, се гули санҷид ба барии руи ту...” ва ҳамин хел онро то 20 ё 25 мебурд.

Дар як суҳбат (аниқтараш дар як туй) аз Сангалӣ Мирзоев пурсидам, чӣ гуна шуд, ки таронаи маъруфашро ин гуна тағйир додааст? Посух дод, дар як тӯй (қабл аз қабули қонуни танзим) иштирок мекард ва соҳибхонаҳо ӯро ҳудуди як шабонарӯз меҳмондорӣ кардаву хоҳиш намудаанд суруд бихонад. “Вақте дар хона менишастем ва хостанд, ки суруд бихонам, гиторро гирифта бадоҳатан ҳамин хел зам-зама кардам”,-илова намуд ӯ.

“...човандоз, рақосара қамчин кун...”

Аммо дар бисёр ҳолат қолабшикании сарояндаҳои туйгард беҳунарона ва дур аз мантиқанд. Тавре мегӯянд, баъзан сурудҳояшон тарошаи аз бом афтидаро мемонад. Дар чанд лаҳза овозхон аз ҳофиз ба корманди сирк табдил мешавад. Ман намефаҳмам, ки дар туи хурсандӣ ҳайвонҳо чӣ лозиманд. Ҳайвонҳои хонагӣ - сагу пишак (гурба) майлаш, аммо палангу шер чӣ даркор? Он ҷо маъракаи хурсандии ду дилдода аст, на ҷашни Боғи ҳайвонот. Шояд мегӯед, ин ҷумлаи муалиф ҳам тарошаи аз бом афтида барин шуд. Хуб, мувофиқи талаб (воқеан яке аз дигар калимаҳои дӯстдошта ва серистеъмоли сарояндаҳои туйгард) ҳоло аз суруде мисол мезанем, ки мақсад бароятон рушан шавад. “...пишака саг мехӯрад, сага гург мехӯрад, гургака (чӣ меҳрубонӣ нисбат ба гург) паланг мехӯрад, паланга шер мехӯрад, шера шамшер мехӯрад, шамшера мард мехӯрад, марда зан мехӯрад...” яке аз таронаҳои дӯстдоштаи овозхонҳои туйгарди мо мебошад, ки баъзан “мувофиқи талаб” ду се маротиба иҷро мекунанд. Агар ин қадар “ҳайвонбозӣ” танҳо ба хотири ҷумлаи охир аст, ки “мардро зан мехӯрад”, пас ин ҳам хоси инсон нест...

Суруди дигари “маъруф” дар доираҳои сарояндаҳои туйгард “Човандоз” аст, ки ҳамчунин ба “феҳрасти ҳайвонҳо” мешавад онро ворид кард. Матни ин суруд тақрибан чунин аст:

Паҳлавони човандоз, биги буза чанг бдоз,
Дар қоши зин чилбур кун, суи қура қамчин бикун.
Паҳлавон лаҷом мекаша, ҷеран шиа мекаша,
Паҳлавон лаҷома сар те, ҷеран азоб мекаша.
Расми хуби тоҷикон, бузкашӣ аст, эй дӯстон,
Аспат хуб аст човандоз, қамчин бзан паҳлавон.
Паҳлавон қафо нашин, дар тори Рахш хуб бишин,
То байрақа қамчин кун, солима бигир дам бигир...

Ва ин сурудро ҳар сароянда вобаста ба завқи худ тағйир дода, номи раққоса ва соҳиби туй ё раққоси моҳирро онҷо “мечаспонад”. Масалан, агар соҳиби туй Рустам ном дошта бошад ва раққоса Нигина ҳофиз мехонад, ки “Рустамҷони човандоз, Нигинаро чанг бдоз...” ё “...рақосаро қамчин кун” ва миёни ҳар мисраъ таблакчиву нақоранавоз -“Рустам чу бугу, Рустам қамчин ку, Рустам чу бугу, Рустам қамчин ку” мегӯянд...

Ҳикмати қулфшиканӣ ё терминатор-сарояндаҳо

Овозхонҳои туйгарди тоҷик на танҳо ҳунари аз ҳайвонҳо гуфтан, балки маҳорати қулфшиканӣ ҳам доранд:
Бшканм ё ншкнм қулфи дари сандуқчаро,
Бгазм ё нагазм лаъли лаби гулғунчаро?*****
Суол мегузорад овозхони туйгард. Ба дунбол дигар маълум намешавад, ки ӯ чӣ тасмим мегирад: қулфро мешиканад ё не, лаъли лаби гулғунчаро мегазад ё хайр, зеро рубоиҳои ба ин суруд часпондааш ба нақорот ҳеч иртиботе надоранд:

Ой қуми лаби дарёро шамол овардай,
Ой и тоқии гулобира ёр овардай.
Ой ёр овардай, ба сад хаёл овардай,
Ой мо қаҳрӣ будем оштӣ хаёл овардай.

Ва боз “шикасту нашкаст” сар мешавад:
Бшканм ё ншкнм қулфи дари сандуқчаро,
Бгазм ё нагазм лаъли лаби гулғунчаро?

Ой тутут бошуме такя ба тутт бошм,
Ой дар таҳаки куртаи кабутт бошм…
Ва боз шикастан…

Ё ҷои дигар як ҳофиз мехонад:
Ай очаҷон дхтари ҳамсоя калонак шдайе,
Бра разветка бги, ки ӯ чақонак шуда-йе.
Бра крташ бпшон ба хта келинш биги,
Ки барои зангири аҷаб осонак шудайе...

“Гандум лолае, миёни гандум лолае, сартарошунуш кунен…”

Сартарошон як ҷузъи туйҳои тоҷикон маҳсуб мешавад. Дар баъзе манотиқ домодро сартарошон мекунанд, аммо ҷое кӯдак ё наврасонро ҳини туи суннатӣ. Дар ҳар ду ҳолат як бахши маросим ба сурудҳои сартарошон ихтисос меёбад. Сарояндаҳо ҳар рубоии азёд кардаи худро ба сурудҳои “сартарошонӣ” мепайванданд, ки баъзан миллионҳо чақрим аз сартарошон масофа доранд.

Масалан, бонуе мехонад, ки:
Сартарошон расми хуби тоҷикон,
Ҷома ҳаққи сартарошай ҷураҷон.

Ва идома медиҳад:
Эй дил ту чаро хазинаи ғам шудаӣ, ҷома ҳаққи сартарошай ҷураҷон,
Анна э дида чаро баҳори пурнам шудаӣ, ҷома ҳаққи сартарошай ҷураҷон.
Анна фарёд кунам барои умри рафтае, ҷома ҳаққи сартарошай ҷураҷон.
Анна э қомати зебо ту чаро хам шудаӣ, ҷома ҳаққи сартарошай ҷураҷон...

Сартарошон як базми хурсандист, ки барои “хазинаи ғам”-у “баҳори пурнам” ва “умри рафта” бояд онҷо комилан ҷой набошад.

Дар суруди дигар, ки нақороташ бо
“Сартарошунуш кунен шаҳбачара,
Шаҳбача ҷони ширини очара”,-сар мешавад, овозхон чунин месарояд:

Ёре гандум лолае, миёни гандум лолае, сартарошонуш кунен шаҳбачара,
Ҷоне ошиқ шудаме ба духтари қинғолае, сартарошонуш кунен шаҳбачара.
Ҷоне ин духтари қинғола ба мо дил дорае, сартарошонуш кунен шаҳбачара,
Ҷоне дандони тило забони бало дорае, сартарошонуш кунен шаҳбачара.

Сартарошунуш кунен шаҳбачара,
Шаҳбача ҷони ширини очара.

Ҷоне баъзе мардумо аз зан вафо металабан, сартарошонуш кунен шаҳбачара,
Ҷоне аспу зану шамшери вафодора ки дид, сартарошонуш кунен шаҳбачара.

Ин гандуму духтари қинғола ва аспу зану шамшер ба сартарошон чӣ дахл дорад, намефаҳмам. Ё мехонанд, ки
...Ҷое биравем ҳар ду бемор шавем, акаи туйдор давлат ба сарат,
Ту аз ғами бекасиву ман аз ғами ту, саду яксола шавад гулписарат...

Сар-сари пушта мерам, кабкҳоро кушта мерам, сартарошонеме, метарошонеме,
Аз хуни кабки чорӣ нома навишта мерам, сартарошонеме, метарошонеме....

Ва ҳамин тариқ “Як даста гуле бигирам аз меваи ту, имшаш шаби сартарошонай”, “Ман омадаме ба дидани ҷонона, сартарошонуш кунен бачарае”, “Ман рӯи туро бинаму наврӯз кунам, сартарошонемееее” ва ба ин монандҳо хеле зиёданд.

Чеҳраи туйҳои тоҷикӣ-рақосҳо

Ҳар деҳа рақоси моҳире дорад, ки туйҳо бидуни онҳо беранганд. Онҳо зери дилхоҳ оҳанг, дилхоҳ суруд, дилхоҳ ритму зарб мерақсанд, зуд бо рақоса “забон” меёбанд. Барои ба “образ” даровардани бархеи онҳо агар “сад-та, сад-та” лозим шавад, қисмеро дидани рақосаҳо саргарм мекунад. Воқеан, раққосаҳо ҷузъи асосии туйҳоянд. Онҳо ҳар қурра (доира)-ро ба ваҷд меоранд. Бархе сарояндаҳоро танҳо ба хотири раққосаҳои хунгарм доштанашон даъват мекунанд. Ин қабил раққосаҳо ҳарчанд аз ҳунари раққосӣ бехабаранд, аммо чун лозиму нолозим дунба меҷунбонанду сина метаконанд ва ба одамон иҷоза медиҳанд, ки худро ба ӯ ҷафс карда ба оғуш бигиранд, гули сари садабаданд. Махсусан барои онҳое ки гуфтем зери ҳар ритм мерақсанд (чанд намуна аз ин рақсҳо дар интернет низ сайр мекунад). Либоси бештари ин рақосаҳо ҳарир аст.

Ҳадс зада мешуд, ки баъди қонуни танзим шояд бозори рақосаҳо сард мешавад, аммо ба назара мерасад ҳоло низ гарм боқӣ мондааст. Гап сари ин ки тибқи қонун акнун ба раққоса додани пул манъ аст. Аммо раққосаҳо роҳи пулкоркуниро медонанд.
Баъзан ин рақосаҳо чунон майдонро гарм мекунанд, ки домоду арус аз ёдҳо фаромӯш мешавад.

“Хатуба-йе, Хатубаҷон-эээээ...”

Сарояндаҳои мо дилхоҳ таронаҳоро дар қолаби сурудҳои туёна ворид мекунанд. Масалан, якеаш «хатуба-йее» мехонд. Дар суруди дигар “биё брем дашт, кадом дашт, ЛЮБОЙ дашт, ки Лайли хайма дора...” шунидам. Яки дигар мехонад, ки «хушдомани гандара худо бардорад».

Оғози ҳунарнамоии сарояндаҳои туйгард, ҳатман бо суруди ғамангезу мотамӣ сар мешавад. Баъзан, аз гузаштани модарашон нула мекашанд, гоҳе аз фироқи падарашон, дар ҳоле ки волидони домоду арус дар қайди ҳаётанд.

Тавре болотар ҳам ишора рафт, мувофиқат кардану накардани нақорот ва рубоӣ барои ҳофизони туйгард аҳамият надорад. Бештари онҳо дар лексиконашон ҳамагӣ чанд рубоӣ медонанд, ки дар ҳар суруд онро иҷро мекунанд.
“Ман мераваму намеравад амраҳи ман, шаҳу арус ягона”, “Ма оҳ кашм дили кабутар суза, бра дхта ма қатит нестм”...

Ҳамагӣ чанд рӯз қабл бо дӯстон дар як истироҳатгоҳи дараи Ромит менишастем. Дар рӯбарӯи ҷои нишасти мо майдончае буд болопушида ва сарояндае месуруд. Ин ҳофиз ҳар чӣ аз даҳонаш мебаромад мехонд ва ҳар гуна ки мехост матнҳоро ба хости худаш тағир медод. Онҷо дар баробари ҷавонон афроди солманд, аз ҷумла пиразанҳо буданд, ки барои табобат омада буданд. Ин сароянда гоҳе «дхта даруни ҳота, арқа кунум лингота» ва гоҳе «э бева мара девона кардӣ» мехонд.

Сарояндаҳои туйгард мисле ки ҷинс надоранд (ин ҷо либос дар назар нест). Марду зан дилхоҳ сурурдро зам-зама мекунанд: “Майдагулак ҷони ма, якшаба меҳмони ма”,-мегуфт як сарояндазанак.

Бисёр таронаҳое ҳастанд, ки онҳо хоси туйҳо нестанд. Онҳоро бояд дар доираҳои маҳдуд сароид. Аммо барои овозхонҳои туйгарди мо фарқе надорад...

Умедворам, ин туй бароятон писанд буд ва зери таронаҳо мастона рақсидед. То туи дигар Худо нигаҳбонатон!

*****************


***** Дар баъзе ҳолат матни суруди сарояндаҳо бетағйир гузошта шудааст.

Акс аз интернет



Мӯҳр
Tashakur dustam mavzui khubro intikhob karded harchi mardumimo hoziro aksariyat digar tui hofizi namekunand. Man ham dar yak tui ishtirok kardam hofizash Sh...cha bud yagon surudi bo mani nakhond tamomash bemani va rakosaash az surudhoham bemanitar bud sari zonui bachaho parida meraksid. Rosti aybi mardumam hast odami bo marifat chunin ablahonro puldoda davat namekunad.

мухочир
Чи чои таачуб аст,агар суруди дустдоштатарини сарвари давлат "очта бгу" бошад!!!!! Ба гуфти худашон фархангу маданият,одоби суханвариро "чазир"кардаистодаанд бо сарвариии... (ба хама маълум).
Сухан бояд ба дониш дарч кардан,
Чу зар санчида он гах харч кардан.

Рахмати калон бародар... Мо конун дар бораи забон дорем, имлои забони модари дорем, фархангу маданият дорем, тиърихи кадима дорем, вале боз чунин хофизаву хофизхо дорем, ки моро сархам мекунанд...

Э бало занад ҳаминам суруд шуд: Ҷигак-ҷигакут мекунум духтарак, оҳиста ҷигакут мекунум духтарак. Шароффф қамчинш кы... а бача масшаа....
Намедонам хандем ё гиря кунем...

Офарин махбуби дилхо.Бисёр хаккони ва пурмазмуну диккатчалбкунанда навиштед.Ана хамин хел сурудхои "хурумтаву мурумтаву ай кафи пот гирумта,камчинкадаш намешава,сумбаша ба бнит мезана" хониву гушкуниву тамошокуни, чавонони точик кунду гарангу пакар шуда,баъд ба мухочирати кор ба Россия меоянд.Бовар кунед на забони точикиро медоданду на майли ёд гирифтани забони русиро доранд.Дар занги телефонхои дастиашон боз хамин хели сурудхоро сабт кардаанд.Гоххо дар кучахову назди метрохо онхо рохгум мезананд.Ман дар назар дорам Москваро.Медонам.ки точик хастанд,аз пешашон дур мешавам.Аз телефонхои онхо садои мусикихои нофораму сурудхои бемаъниву фач ва садохои муаззинхои масчидхо меояд.ки атрофиёнро норохат месозанд."Хол бгируш тори кухуш брорррр!""Эй бачаи саргашта.ба Кулобм биё,чигарои ма сухта,бар обм биё!!!! ва дигар дигар.Точикистон гуё,ки кишвари хофизбарору раккосапарвар шудааст.Банда ягон хофизу сарояндаи замонавиро аз тарики "ситорахои санъати" Точикистон гуш ва тамошо намекунам.Касе чи хеле,ки хохад,кори шахсии уст.Лекин ба ин дарача бесаводиву хомии маърифату бемаданиятии чавонони навмухочирро дида,боз хам муттаассир мешавам,ки ояндаи мо чи мешуда бошад.Ба гайр аз хамин "хурумтаву мурумта",дигар чизеро намедонанд.Меъёри лугавии забони модарии худро,таи 10-фоиз бохабар нестанд.Як ду мисраи шеър аз шоирони классикиву шуравии точик он тараф истад,хатто ду мисраи рубоиву дубайтиро намедонанд.Боз ман хайрон мешавам,ки онхо Муину Андиву Сатторро гуш мекунанд.Саросар "ошикон"и Розияву Шабнаму Фирузаву Манижа ва дигар хофизахо гаштаанд.Як чанд сол пеш як чавони мухочир,сокини дехаи "Арал"и нохияи Чомиро дар як табобатгохи шахри Сызрань вохурдам.Хамаги 19-сола буд.У аз ман хохиш кард,ки шиносномаашро бурда ба дасти зани сохибхонае,ки уро дар кайд гузошта буд дихам.То ки кайди ин чавони беморро давом дихад.Азбаски шахри мазкур на он кадар калон аст,бурдани шиноснома мушкилие надошт.Дар байни сахифахои шиноснома сурати ин чавонро дар пахлуи Манижа дидам.Бо ханда гуфтамаш.ки чиян ин расми келиншаванда аст.Не гуфт,ин расми хофиза Манижа аст.Ман хаминро мегум,ки тагои ба зани гирам,гуфт чавони "ошик",то кампиршавиашро интизор мешавам давом дод у....Хайр чи илоч..дили ман барои ин мухочири чавони гариб месухту дили у бошад..ба Манижа кашол."Номи туро шунидам,.аммо туро надидам",мехонад Манижа.Бемаънитарин суруд.Баъди чанде шунидам,ки чавони латхурда табобат ёфта назди хешонаш ба шахри Казон рафтааст."Ошик" дар ахдаш меистад ё не аз тарбияи чунин санъаткориву сурудхонихо вобаста аст.

10000 бор хандидам ва хандаам хози бо давом кадестай

777
Офарин.... Чои хайрони нест суруди таронахо давоми сиёсат,иктисодиёт ва маънавиёти мардум аст... Боз худро ориёи меномем... Агар ин хел сурудхоро дар туй дар замони Шурави замзама мекарданд ин гуна хофизхоро...... Кани Шумо зиёиён....Овози худро баланд намоед охир.... Агар наберагони мо ин сурудхоро пас аз 20 30 сол шунаванд ба холи мо механданд.... Афсус.... хам механдему хам мегирем.... Дар ягон давру замон маданияти точик ин хел хору забун нашуда буд...

Ахмад
Вакте туйхои точики мегуи акаи Махбуб, ту дар назар гир, ки хамаи Точикистона дар назар дори. Ягон туйи сугдида иштирок кардаи? Дар туйхои Сугд ин тавр сахнахо нест ва агар шавад, очаи хофиза сохибтуй нишон метия. (Рости дар туйхои Бадахшон набудам) Аммо вокеан дар туйхои тарафи чануб, Хатлон хамин тавр аст. Баъд, дар ягон туйи сугди "маст шаветон бачагонон" намегуд. Хаму як бор хам гуфта бошад, хофизи сугди дар туйи хатлони гуфтааст. Барои ояндаат мегум аки Махбуб, вакте менависи гаразхои шахсиву амбитсияхои худата суе гузор. Барори кор!

Истаравшан
ЭЭЭ бародарон ин сурудхо туёна танхо дар тарафхо Душанбеву Кулоб, Дангараву Кургонтеппа садо медихад, хатто бовар кунед ин сурудхоро худ хонда натавонистам, хатто маънои онро барои фахмидан камтар 100-105 сол забони точикиро омухтан даркор, ки умри одами ба ин намерасад. Агар туйёро да вилоти Сугд тамошо кунед одам мефахмад, ки дар туйи арусию домоди нишастааст на дар базми хайвонхои дупо........... узр

Ба чахог Ванчи болора тамошо меравемро нанавиштед ин хатоги сахт шуд. Баъд ки чи хел туйю сур кунад корри ман Маст шав БАЧАААААААААААААААА!

Dev
Durust injo kajd kardand,ki tuji mardumi shimol rangi digar dorad va Badahshoniho niz odobu uslubi hudro dorand ... In buzi kabudi mardumi janub gizalavu shohzan ast !!!

Бовар кунед як дарди замона аст ин хел туйхо наход ба кадом номус хамин хел сурудхои номаъкул бихони айбу шарм дигар аз мардум рафтааст афсус. Боз меноланд аз зиндаги ки хуб наомад талок авч гирифт аз аввал,ки туйи мо ин хел сурат гирад окибаташ хам маълум аст охир...... :((((

Сохибназаров
Аслан точик чинди шудай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)