Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:21

ФФТ рӯйхати доваронро эълон кард

27 август 2013, 10:45

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои ҷавобии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013-ро эълон кард.

Панҷ бозии аввали даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 имрӯз, 27-уми август миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” - ССКА “Памир”, “Энергетик” – “Нури Норак”, “Эсхата” – “Зарафшон”, “Хайр” - ”Вахш” ва “Равшан” – “Далерон-Уротеппа”барпо мегардад.

Дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар меҳмони бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода қувва меозмояд. Сардовар: Равшан Ишматов (Қурғонтеппа) Ёваронаш: Қурбонмаҳмад Каримов (Хуросон), Сайвали Турдиев (Қурғонтеппа) Довари эҳтиётӣ: Орифҷон Муйддинов (Турсунзода).

Дастаи “Нури Норак”-и шаҳри Норак дар Душанбе бо тими “Энергетик”-и Душанбе рақобат мекунад. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёваронаш: Комил Раҳмонов (Қумсангир), Насим Ҳамидов (Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Максим Илченко (Душанбе).

Бозии дастаҳои “Зарафшон”-и Панҷакент ва “Эсхата” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд). Ёваронаш: Наимҷон Мансуров, Носирҷон Мансуров (ҳарду – Бобоҷон Ғафуров).

Тими “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бо дастаи “Вахш”-и Қурғонтепа сабқат мекунад. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Ёваронаш: Сайёд Зайниддинов (Душанбе), Акмал Буриев (Турсунзода). Довари эҳтиётӣ: Хайём Пиров (Шаҳринав).
Бозии дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан дар шаҳри Кӯлоб барпо мегардад. Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қурғонтеппа). Ёваронаш: Исматулло Муминов, Ҳамза Шоймардонов (ҳарду – Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Умед Рахимов (Қурғонтеппа).

Се бозии дигари ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон чоршанбе 28-уми август, байни дастаҳои “Парвоз” – “Бохтар”, “Куктош+С” – “Истаравшан” ва “Истиқлол” – “Хуҷанд” сурат мегирад.
Дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бо дастаи “Бохтар”-и Бохтар қувва меозмояд. Сардовар: Мурод “урбонов (Хуҷанд). Ёваронаш: Носирҷон Мансуров, Наимҷон Мансуров (ҳарду – Бобоҷон Ғафуров). Довари эҳтиётӣ: Хуршед Юсупов (Хуҷанд).

Дастаҳои “Куктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Истаравшан”-и Истаравшан дар ноҳияи Рӯдакӣ сабқат мекунанд. Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода). Ёваронаш: Абдурашид Муродов (Турсунзода), Комил Раҳмонов (Қумсангир).
Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони хуб бо дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат мекунад. Сардовар: Холмурод Зардов (Душанбе). Ёваронаш: Дилшод Назипов, Ҳабибулло Нарзуллоев (ҳарду – Ҳисор). Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Натиҷаи бозиҳои аввали даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Таҷикистон-2013:

23-юми август, ҷумъа
“ССКА “ПОМИР” - “РЕГАР-ТАДАЗ” - 1:0
“НУРИ НОРАК” - “ЭНЕРГЕТИК” - 0:3
“ЗАРАФШОН”- ”ЭСХАТА” - 0:1
“ВАХШ” – “ХАЙР” - 1:2
“ДАЛЕРОН-УРОТЕППА” - ”РАВШАН” - 1:1
24-уми август, шанбе
“БОХТАР” - “ПАРВОЗ” - 1:1
“ИСТАРАВШАН” – “КУКТОШ+С” - 3:0
“ХУҶАНД” – “ИСТИҚЛОЛ” - 0:5


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!