Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:52

Пирӯзии ғайриинтизории футболбозони “Вахш” бар “Хайр”

28 август 2013, 10:33

Панҷ бозии ҷавобии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013, миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” - ССКА “Помир”, “Энергетик” – “Нури Норак”, “Эсхата” – “Зарафшон”, “Хайр” - ”Вахш” ва “Равшан” – “Далерон-Уротеппа” барпо гардид.

Тими овозадори “Хайр”-и Ваҳдат, ки дар бозии даври аввали 1/8 ниҳоӣ дар меҳмонӣ бар дастаи “Вахш”-и Қурғонтепа бо ҳисоби 1:2 пирӯз шуда буд, дар бозии ҷавобӣ замони асосии бозиро дар майдони худаш бо ҳисоби 2:1 бохт. Аз рӯи натиҷаи ду бозӣ ҳисоби голҳои ҳарду даста баробар 3:3 шуд. Дар натиҷаи зарбазаниҳои 11 метра бозигарони дастаи Вахш ба дарвозаи соҳибони майдон 4 гол заданд. Мизбонон танҳо ба 3 голи задаи меҳмонон посух дода тавонистанд. Ҳаминтариқ футболбозони дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтепа ғолиб омада, ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе, ки дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоӣ дар майдони худаш бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 прӯз шуда буд, дар бозии ҷавобӣ дар меҳмонӣ бо ҳисоби 5:0 мағлуб шуд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дастаи “Нури Норак”-и шаҳри Норак бозии ҷавобиро дар меҳмонӣ бар тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 6:1 бохт. Футболбозони шаҳри Норак дар бозии аввали даври 1/8 дар майдони худ 3 гол хурда буд.

Бозии ҷавобии дастаи Лигаи олӣ-“Зарафшон”-и Панҷакент ва Лигаи аввал-“Эсхата”-и Хуҷанд дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо ҳисоби 6:2 ба нафъи дастаи Лигаи аввал анҷом ёфт. “Эсхата”-и Хуҷанд дар бозии аввал бо ҳисоби 0:1 пирӯз шуда буд.

Тими “Равшан”-и Кӯлоб, ки бозии аввали даври 1/8 ниҳоиро дар меҳмонӣ бо дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан меҳмонӣ мусовӣ 1/1 анҷом дода буд, дар бозии ҷавобӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 5:0 дастболо шуда, ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт.

Се бозии дигари ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон чоршанбе 28-уми август, байни дастаҳои “Парвоз” – “Бохтар”, “Куктош+С” – “Истаравшан” ва “Истиқлол” – “Хуҷанд” сурат мегирад.

Дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бо дастаи “Бохтар”-и Бохтар қувва меозмояд. Сардовар: Мурод “урбонов (Хуҷанд). Ёваронаш: Носирҷон Мансуров, Наимҷон Мансуров (ҳарду – Бобоҷон Ғафуров). Довари эҳтиётӣ: Хуршед Юсупов (Хуҷанд).

Дастаҳои “Куктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Истаравшан”-и Истаравшан дар ноҳияи Рӯдакӣ сабқат мекунанд. Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода). Ёваронаш: Абдурашид Муродов (Турсунзода), Комил Раҳмонов (Қумсангир).
Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони хуб бо дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат мекунад. Сардовар: Холмурод Зардов (Душанбе). Ёваронаш: Дилшод Назипов, Ҳабибулло Нарзуллоев (ҳарду – Ҳисор). Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Имсол барои дарёфти “Ҷоми Тоҷикистон-2013” даҳ дастаи Лигаи олӣ ва шаш дастаи Лигаи аввал қувваозмоӣ мекунанд. Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013, соли 2014-ум дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ширкат мекунад.

Натиҷаи бозиҳои аввали даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Таҷикистон-2013:

23-юми август, ҷумъа

“ССКА “Помир” - “Регар-ТадАЗ” - 1:0
“Нури Норак” - “Энергетик” - 0:3
“Зарафшон”- ”Эсхата” - 0:1
“Вахш” – “Хайр” - 1:2
“Далерон-Уротеппа” - ”Равшан” - 1:1
24-уми август, шанбе
“Бохтар” - “Парвоз” - 1:1
“Истаравшан” – “Куктош+С” - 3:0
“Хуҷанд” – “Истиқлол” - 0:5


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!