Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:17

Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯй мошин тақдим кард

29 август 2013, 09:53

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 29-уми август барои ширкат дар ифтитоҳи корхонаи азими сементбарории ноҳияи Ёвон, ки аз ҷониби ширкати ватании Ғаюр ва ширкати Хуаксин сементи Чин бо иқтидори 1 миллион тонна дар як сол бунёд ёфтааст, ба ин ноҳия сафар намуд.

Тавре Маркази матбуотии президент иттилоъ дод, мақсад аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум мебошад.

Ба иттилои манбаъ боздиди президент аз ноҳияи Ёвон бо иштирок дар маросими тӯйи дастаҷамъонаи арусии 10 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 150 нафар фарзандони хурдсол аз оилаҳои ниёзманд, ки ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, оғоз ёфтааст.

Манбаъ мегӯяд, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар ҷуфти ҷавон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили яхдон, телевизор, чангкаш ва дигар асбоби рӯзгордорӣ ва ба писарчаҳои хурдсол либосворӣ, дучарха ва дигар бозичаю шириниҳо тақдим карда шуд: “Ғайр аз ин, ба номи 10 нафар кӯдакон, ки аз падару модар ятим мондаанд, суратҳисоби бонкӣ кушода шуда, ба ҳар яке 3000 сомонӣ амонат гузошта шудааст”.

Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин маҷмааи варзишии Форам, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардид, ки арзиши он 1 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Аз ҷониби президент ба донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз ноҳияи Ёвон Нусратшо Имомов, ки дар Универсиадаи ҷаҳонии шаҳри Қазон аз рӯйи намуди самбо ҷойи сеюм гирифта буд, мошини сабукрав тақдим карда шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шугри истиклолият ва сиёсати пешгирифтаи Хукумати Чумхури, хамаи рузхои сахт сипари шуду имруз дар дунёи наву озодии конун зиндаги дорем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ШУКРИ ИНТИХОБОТ, ЭЙ КОШ ХАР СОЛ ИНТИХОБОТ МЕДОШТЕМУ МАРДУМИ КИШВАР ИН КАДАР АЗ ЛУТФИ ИЧБОРИИ ХУКУМАТ БАРХУРДОР МЕШУДКамолиддин,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруг ин донишчу хешу табори хамон президент будааст.
Лекин таъчиби президент аз хисоби кадом точир ё сохибкор ин мошинро харида бошад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Камолиддин,Камолиддин!Бархак дуруст гуфти.Лекин хамон одамоне,ки дар Точикистон зиёда аз 20-сол пеш,калимаи "демократия","истиклолият" "озоди" ва "сиёсати мустакилонаи Точикистон"ро мегуфтанду мехостанду талаб мекарданд,мухолифину оппозицияву исломгарону фанатикхо мегуфтанд.Депутатхои ШО и Точикистон дар аввалхои солхои 90-уми асри гузашта;Рахмонов Э Ш,М Амиршоев,К Мирзоалиев,Х Табаров,С Одинаев,Г Афзалов,А Достиев,А Рахмонова ва чанде дигарон аз шунидани ин истилоххову калимахо талхакаф мешуданд.Барои зидди ин чараёнхо горди милливу хатто фронти халкии сар то по мусаллаху зарбдорро таъсис карданд.Имрузхо бошад,онхо аз тахти дилашон албатта садхо бор шукр мекунанду оромона боз ба дилашон ба мухолифинхову "душманони миллат" рахмат хам мегуянд."Кайфу сафо инчо будасту мо бехабар",аз дилашон мегузаронанд онхо.Агар ин хел тобишхои сиёси намешуд,онхо харгиз кучахои Душанберо намедиданд,ин вазифахову манзилхои баландошёнаву кару фар ва курсихои мансабу идорахои бархавову хузуру халоватро дар хобашон хатто намедиданд.Бинед,синну солашон кайхо ба пири расидаасту аз вазифа намераванд ин фронтовикхои обу тоб ёфта.шукронаро пеш аз хама онхо кунанд.Мухочирони мехнати худ хамаруза шукр кунандаанд.Бехтарин ибодат назди худо ин мехнат аст.Хатто,мухочири кучаруб,хар сахари аввал "бисмиллох" гуфта чорубкаши мекунад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!