Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:16

7 дастаи Лигаи олӣ ва 1 дастаи Лигаи аввал дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон

29 август 2013, 11:13

Бозиҳои ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 анҷом ёфт. Се бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 28-уми август, миёни дастаҳои “Парвоз” – “Бохтар”, “Куктош+С” – “Истаравшан” ва “Истиқлол” – “Хуҷанд” барпо гардид.

Дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, ки бозии аввали даври 1/8 ниҳоиро дар меҳмонӣ бо дастаи “Бохтар”-и Бохтар мусовӣ 1:1 анҷом дода буд, дар бозии ҷавоби дар майдони худ ба дарвозаи меҳмонон 5 голи беҷавоб зада ба даври 1/4 ниҳоӣ баромад.

Бозии аввали дастаҳои “Куктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Истаравшан”-и Истаравшан дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан баргузор гардида, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфта буд, дар бозии ҷавобӣ низ дар ноҳияи Рӯдакӣ футболбозони Истаравшанӣ бо ҳисоби 1:3 ғолиб омада, ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Тими “Истиқлол”-и Душанбе, дар бозии аввали даври 8/1 ниҳоӣ дар меҳмонӣ ба дарвозаи дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд 5 голи беҷавоб зада буд, дар бозии ҷавоби ба дарвозаи меҳмонон 4 гол зад ва меҳмонон танҳо ба як голи мизбонон посух дода тавонистанд. Ҳаминтариқ дастаи “Истиқлол” ба даври баъди роҳ ёфт.

Панҷ бозии дигари ҷавобии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013, миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” - ССКА “Помир” (5:0), “Энергетик” – “Нури Норак” (6:1), “Эсхата” – “Зарафшон” (6:2), “Хайр” - ”Вахш” (1:2 пиналтӣ 3:4) ва “Равшан” – “Далерон-Уротеппа” (5:0) барпо гардида буд. Бозиҳои даври 1/4 ниҳоӣ 11-уми сентябр баргузор мегардад.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 шоми 5-уми октябри соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи сунъии марказии пойтахт баргузор мегардад. Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013, соли 2014-ум дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Тақвими бозиҳои 1/4 ниҳоӣ:
“Регар-ТадАЗ” – “Энергетик”
“Эсхата” - “Вахш”
“Парвоз” – “Равшан”
“Истаравшан” – “Истиклол”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!