Бахшҳо
29 авг 2013 16:03Тоҷикистон / Сиёсат

Эътироз аз ҳабси 4 писар, домод ва муовини Зайд Саидов (НАВШУДА)

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 писар ва домоди Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро барои ташкили флеш-моб ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум кард.

Дар ин бора ба “Озодагон” Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд хабар дода, афзуд, ки макони нигоҳдошти онҳо то ҳол мушаххас нашудааст.

Баробари ин додгоҳ Мавҷуда Соҳибназарова, яке аз ташаббускорони ташкили ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро ба миқдори ҳафт нишондиҳандаи ҳисоботӣ ё худ 280 сомонӣ ҷарима кардааст. Инчунин масъули амнияти бинои “Пойтахт”, ки флеш-моб дар боми ин бино баргузор шуд, ҷарима шудааст.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи ташкилкунандагони флеш-моб дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, ба дасти додгоҳ 10 аризаи шикоятии ронандагон расидааст, ки гӯиё ҳангоми ташкили флеш-моб дар назди бинои "Пойтахт" дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи Душанбе давоми ним соат роҳбандӣ сурат гирифтааст: "Мо аз болои ин таъиноти судӣ шикоят хоҳем бурд, чун дар флеш-мобе, ки гузаронида шуд, ҳеч майдаавбошие ҷой надошт. Дар парванда омадааст, ки гӯиё дар ин флеш-моб дағалию роҳбандӣ сурат гирифтааст. Аммо дар мурофиа ягон далели вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ ироа нагардид. Ростӣ, аз рӯи мантиқ ҳам нафаҳмидам, ки сар додани пуфак ва кабутарҳо ба ҳаво чӣ ҷои авбошӣ доштааст."

Ба гуфтаи Табаров ягон шоҳиде, ки гӯиё аз болои ташкилкунандагони флеш-моб шикоят бурдаанд, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳозир набуданд: "Танҳо муҳофизи бинои "Пойтахт" Додаров Вайсиддин пурсида шуд, ки алайҳи ташкилкунандагони флеш-моб шоҳидӣ додааст."

Қаблан додгоҳи Исмоили Сомонӣ, Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гуруҳи ташаббускори "Тоҷикистони нав"-ро ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум карда буд. Ин мурофиа пушти дарҳои баста баргузор гардид.

Мавҷуда Соҳибназарова, узви гурўҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав», дар сўҳбат ба «Озодагон» гуфта буд, субҳи имрўз ҳамаи ташкилкунандагони флеш-моб, аз ҷумла худи Мавҷуда, Маҳмудҷон Қосимов, Хайруллоҳ Саидов ва чор писари дигари Зайд Саидовро мақомоти пулиси Исмоили Сомонӣ барои бозпурсӣ даъват карда, аз идораи пулис ба додгоҳи ноҳия бурдаанд. Соҳибназарова танҳо ҳаминро хабар дод, ки ташкилкунандагон аз рӯи моддаи 460-и Кодекси маъмурӣ, яъне нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ё худ майдаавбошӣ муттаҳам мешаванд. Моддаи 460 муқаррар кардааст, ки "барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, - ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазо таъйин карда мешавад."

Аммо Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, пешниҳоди чунин иттиҳомро алайҳи ташкилкунандагон ғайриқонунӣ гуфт, "чун дар қонунгузорӣ ишора нашудааст, ки барои флеш-моб бояд иҷозат гирифта шавад. Баробари ин ташкилкунандагони флеш-моб як ҷойеро интихоб намуданд, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон намекард. Онҳо дар бом гузарондаанд ва ҳамаи меъёрҳоро риоя кардаанд."

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 27-уми август, ки аз боздошти Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик расо сад рӯз пур шуд ва дар маркази Душанбе, дар боми бинои "Пойтахт" ба ҷонибдории ӯ як флэш-моб ташкил гардид. Дар маркази Душанбе беш 50 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ гардида ба хотири раҳоии Зайд Саидов, ки расо 100 рӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад, сад кабӯтар ва як акси калони Зайд бо пуфакҳои газдор ба фазои кушод сар дода шуданд.

Дар пайи ин флешмоб нимаи дуввуми рўзи 27-ум идораи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҳмудҷон Қосимов ва панҷ писари Зайд Саидовро барои бозпурсӣ даъват карда буданд. Мақомот иддао доранд, ки ташкили флешмоб ғайриқонунӣ буд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.

Айни ҳол парвандаи Зайд Саидов, баъди омӯзиш дар додситонии генералӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.
Мӯҳр
Safar
Нахо дар болои боми Пойтахт "муддати ним соат роҳбандь шудааст".)))))

4 писари аз 4 занашро ба зиндон равон карданд. Барои конун вайрон куни чунин чазо чоиз хаст. агар митинг кунед як 5-10 сол зиндонатон хохем кард!!!!!!!!! барои хамин Ё рабул оламин!!!

миршаб
Мегум алла, вазъият хеле туга шидас чи? аз як хуна 6 нафарра ин берунода гап намеша хоричихо чи меганмона

Хикмат
Safar,
суолатро фикр кун чавобашро меёби вакте, ки ино болои бом буданд тамошобино зиёд шуданд, ки инхо чи кор мекунанд ва бо хамин сабаб рох камтар банд шуд ва ба у дигаре ки аз ногми 4 писар ва 4 зани Зайд худашро муарифи кардаст барои ташкил кардани хар гуна чамъомаду митингхо бояд ичоза дошта боши ин шахр бе дарвоза нест .

Бесавод
Э мардум - шумо якчира нафахмидестен. Хаму кабутарои сардодаги омада да милиса шикоят навистиян. Ана ай руи шикояти кабутаро и кампанияра суд кардестиян.

Инхо 100 кабутара аз хонахояшон ронданд ба хаво сар доданд ба фикрам онхо шикоят карданд ки инхо моро бе хонаву дар карданд

Инхо 100 кабутара аз хонахояшон ронданд ба хаво сар доданд ба фикрам онхо шикоят карданд ки инхо моро бе хонаву дар карданд

Оев
angry angry angry angry Тфуууууууууууууууууууууууууууу

бародарон чени Зайд Шерович хизмат кунд бад гап занед... барои хонаи худатон 1-кг канд хариданда чуръат надорен бо чи дар бораи Саидов З.Ш. гап мезанед....нисбати акаи Зайд ба Худо бар зиёдаш тухмат аст...акаи Зайд Шерович бачаи сагерапарвар буд онро ман медонам чихел мардак буд....каме аз худат фикр кун дар чамъият чи ободи кардаи ки ё дар хонатон чи манфиат овардаи...онкадар гап зани номатро ба пураги гап зан навис ....Зинда бош акаи Зайд

be ijozat har kor nakuned oxir in ba zarari padaraton ast.har bemanero gush nakuned...sabr-duo fakat..oxir in vatan sohib dorad.konun konun ast.

в
Ту хам бигир 4 зан. Ё хунар надори? Зурат намерасад.

Бародарон сатхи болоии хукумат, ки худ фармоишгари паси панчара андохтани З. Саид мебошад ба шумо ичозати гузарондани ягон аксияи дастгирии уро медихад? Хандаовар аст, шумо чихо мегуед?

4 писар аз 4 зан,

Ай бандаи Худо, "чоҳкан зери чоҳ" мегӯянд. Нашавадки барои ниятҳои шумат нисбат ба одамони софдилу озодандеши Худотарс, худат зиндонӣ шавӣ. Магар ин ҷавонмардони ҷабрдидае, ки ба ҳимояи ПАДАРАШОН бархестд? Аз онҳо зулм дидӣ? Ҳа, воқеъан, агар ту онқадар нотарс будӣ, бо номи худат шарҳ менавистӣ. Агар хато накунам, номат Саидасрор аст. Саидасрор Асроров. Агар ин ҳам дурӯғ набошад?!! Ақаллан бо ҳамин ном баромад бикун, ки аз дилу нияти пӯсидаат ёру рафиқонат бохабар ва боэҳтиёт шаванд. Худо (Ҷ) инсофат диҳад. Ин дунёи равшану кушод ба ҳама мерасад. Ба дигарон бадӣ нахоҳ, ки бадӣ хоҳӣ дид. sad

Haq
Bubined! Onho na 5, na 10, na 50, na 80 kabutarro, balki 100 kabudtarro az qafas ozod kardand. Ba maqsade ki mansabdoron inro dida kamakak ranj karda padari onhoro niz ozod kunand. Kujo in kor "khuliganstvo"-ba monand ast? Kabutar khudash manei sulhro dorad. Onho inhoro azob medihand, nisbati padarashon badi mekunand, tuhmat mekunand, nohurmati mekunand, lekin pisaroni Zaid Sherovich ba badi neyu ba khubi ba onho javob doda istodaand. Pisaroni Zaid-ham metavonand yagonkori digar karda, vale inho ki khud pairavoni sunnati Rasulullah hastand harkhel koroi bejo namekunamd. Ahsan! Ba in akhmaqone ki harkhel gapoi nojo meguyand ahamiyat natiyed! Khudo ba shumo quvvat bidihad!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)