Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:48

Бейонсе дар туи набераи президент суруд мехонад

31 август 2013, 10:05

Бейонсе Ноулз, аз номовартарин хонандаҳои ғарбӣ дар маросими арусии Ойсултон Назарбоев, набераи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора оҷонсии хабарии КазТАГ хабар додааст.

Бино ба хабари манбаъ, «Бейонсе субҳи рӯзи шанбеи 31-уми август вориди Алмаато мешавад”. Бино ба иттилои сарчашмаҳои мухталиф ҳақмузди ӯ барои ҳунарнамоӣ дар кишварҳои ИДМ аз 3 то 5 миллион долларро ташкил медиҳад

Аммо ба иттилои расонаҳо Бейонсе танҳо ситорае нест, ки дар маросими арусии набераи райисҷумҳур ширкат мекунад. Вахтанг Кикабидзе, овозхон ва ҳунарманди маъруфи синамои Гурҷистон ҳам меҳмони ин маросим хоҳад буд. “Дар маросими арусии Айсултон ҳунарманди театра ва кино Геннадий Хазанов, сарояндаи маъруф Лев Лешенко, ҳаҷвнигорон Максим Галкин ва Александр Ревва, сарояндаҳо Лолита Милявская ва Ёлка, ҳамчунин ровии телевизион Нонна Гришаева ширкат мекунанд”,-навиштааст манбаъ.

Ҳамчунин, ҳунарнамоии Мустафо Сандал, хонандаи маъруфи Туркия ва Кени Уэст, рэпсарои амрикоӣ ҳам дар назар аст. Ровиёни ин маҳфил бо эҳтимоли зиёд Турсунбек Кобатов, иштирокчии дастаи “КВН”-и Қазоқистон ва Нонна Гришаеваю Максим Галкин хоҳанд буд.

Маросими арусии Ойсултон Назарбоев ва Олима Боронбоева имрӯз, 31 август дар меҳмонхонаи Royal Tulip-и Алмаато баргузор мешавад.

Ойсултон 23 сол дошта, хатмкардаи академияи низомии Сандхерести Британия мебошад. Арӯсшавандаи ӯ, Олима, ки 20 сол дорад, духтараи Кайрат Боронбоев, раҳбари Ширкати муштараки қазоқию русӣ- “КазРосГаз” ва донишҷӯи Донишгоҳи Картолди Лондон аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Салим

  • 2 сентябр 2013 09:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бинед, президентхо барои фарзандонашон чй кор мекунанд? Дар туйи Рустамчики мо тарсида-тарсида ду-се хофиз буд ё не Додик гапро то кучо кашола дод. Демокркатия хамин будаст не?!
Посух додан
  • МУХОЧИР

  • 2 сентябр 2013 13:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салим,
ЧИРО БИНЕМ САТХИ ЗИНДАГИИ КАЗОКХОРО Ё МУХОЧИРОНАШОНРО?!ШУМО КИ СУХАНИ ХАКРО ТОКАТИ ШУНИДАН НАДОРЕД......... ХАЙФИ ШУМО БАРИН ТОЧИК!! У "ДОДИК"НЕСТ ДОДОЧОНИ АТВУЛЛОСТ!!!БА ДИГАР ПРЕЗИДЕНТХО ХАМ ОШАШОН ШАВАД ЧУНИН ТУЙХОИ ДАБДАБАНОК,АГАР ХАЛКАШОН ЗИНДАГИИ ХУШ ДОШТА БОШАНД.НА МИСЛИ ТОЧИКОНЕ,КИ ФАРЗАНДОШОН СОЛХОСТ ДАР ИНТИЗОРИ ПАДАР МОДАРАШОНАНД!!
ДАР ПАНОХИ ХУДОВАНД.Салим,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!