Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:47

Ифшои бензиндуздӣ дар Варзоб

2 сентябр 2013, 09:08

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавон хабар медиҳад, ки дар дуздии маводи сӯзишворӣ муттаҳам мешаванд.

Ба иттилои ВКД боздоштшудагон Мардонзода Мавлони Зафар соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Варзоб ва Обидов Ҷамшед Баҳриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе дар он айбдор мешаванд, ки шабона аз як нуқтаи сӯзишворӣ дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд маводи сӯхт дуздидаанд.

Шоев Муҳаммад Мирзомиддинович, сокини деҳаи Варзоб-Қалъаи ҳамин ноҳия, ки ба пулис муроҷиат намудааст, арз медорад, ки аз анбори нуқтаи сӯзишворӣ 422 литр сӯзишворӣ ва 1 адад аккамулятори автомашинаи тамғаи «Камаз», ки дар маҷмӯъ арзишашон 4400 сомониро ташкил медод, дуздида шудаанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!