Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:17

(АКС) Писари калонии Оқохони 4 бо Спирс ақди никоҳ баст

2 сентябр 2013, 10:54

Шоҳзода Раҳим, писари калонии Оқохони 4-ум, роҳбари руҳонии исмоилиёни ҷаҳон, бо Кендра Спирс, як духтари 24-солаи амрикоӣ ақди никоҳ баст.

Тибқи иттилои хабаргузориҳои ғарб маросими тӯй 31-уми август, тибқи анъанаҳои мусалмонон бо ҳузури намояндагону дӯстони ҳар ду оила дар Женева баргузор гардид. Ақди никоҳи ин ду навҷавонро яке аз руҳониёни маъруфи шиа, Саид Муҳаммад Мусовӣ бастааст.

Кендра Спирс дар донишгоҳи Вашингтон сотсиологияро омӯхта, унвони бакалавр дорад. Ӯ ба меъморӣ, санъати рассомӣ ва мусиқӣ шавқ доштааст. Шоҳзода Раҳим низ унвони бакалаври Донишгоҳи Браунро дорад ва инчунин дар мактаби тиҷорати Наварра таҳсил намудааст.

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон чаҳор фарзанд дорад: шаҳдухт Заҳро Оқохон, шаҳзода Раҳим Оқохон ва шаҳзода Ҳусейн Оқохон аз Бегим Салима Оқохон ва шаҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Бегим Инора Оқохон.

Ҳоло дар Тоҷикистон дусад ҳазор пайрави исмоилия ба сар мебаранд, ки аксари онҳо муқими Бадахшони Тоҷикистонанд. Нахустин ва бузургтарин маркази фарҳангии исмоилиҳо дар маркази шаҳри Душанбе се соли пеш мавриди истифода қарор гирифт, ки аз 25 ҳазор метри мураббаъ иборат аст. Сохтмони ин бино ҳанӯз соли 2003 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Оқохони чаҳор оғоз ёфта, тақрибан ҳафт сол идома кард.


(АКС) Писари калонии Оқохони 4 бо Спирс ақди никоҳ баст

(АКС) Писари калонии Оқохони 4 бо Спирс ақди никоҳ баст

(АКС) Писари калонии Оқохони 4 бо Спирс ақди никоҳ баст

(АКС) Писари калонии Оқохони 4 бо Спирс ақди никоҳ баст


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Додихудо

  • 2 сентябр 2013 13:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахим содда будаст, намиёй ай гулдухтаройи Бадахшони Точикистон арус бигирй. Хешимон бо мустахкам мешид. Холи пушаймон меша.

Арус бад не ку! Мисли хиндухо будаст. Либоспушишон ранги паштухо...
Посух додан
  • Ансор

  • 3 сентябр 2013 16:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Арус ба Роналдо монанди дорад
Посух додан
  • точик

  • 15 сентябр 2014 10:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муборак бодо! - Бар хонадони Волохазрат...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!